ДомойХудомӯзVizala – базаи онлайнии умумиҷаҳонии маълумот оид ба демография, соҳаҳои иҷтимоӣ ва...

Vizala – базаи онлайнии умумиҷаҳонии маълумот оид ба демография, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Базаҳои кушодаи маълумот дорои воситаҳои муҳим барои фаъолияти журналист мебошад. Мисоли равшани он, ки чӣ тавр нишондиҳандаҳо ва оморро истифода кардан мумкин аст: лоиҳаи қирғизии «Открытый Парламент».

Дар интернет ба таври кофӣ шумораи манбаъҳои онлайнӣ пешниҳод гардидааст, ки мутахассисони медиа истифода карда метавонанд. Дар ин мавод манбаъҳои кушодаи маълумоти оммавӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҷамъ оварда шудаанд.

Маълумоти рӯзмарра ва сохториро аз соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои мухталиф хизматрасонии онлайнии Vizala.com пешниҳод менамояд.

Хизматрасонӣ на танҳо ба саволҳо посух медиҳад, балки таҳлили амиқро гузаронида, ба пурсиши мавзӯи Шумо манзараи пурраро медиҳад. Vizala маълумотро танҳо аз манбаъҳои эътимоднок истифода карда, истинодро ба сарчашмаҳои аслӣ барои ҳадди шаффофият дар бар мегирад.

Одамоне, ки кӯшиши дастрасӣ ба маълумоти оммавиро мекунанд, ба бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Дар бисёр ҳолат, маълумоте, ки ба онҳо заруранд, дар манбаъҳои онлайнии зиёде нигоҳ дошта мешаванд. Сараввал онҳо бояд аниқ намоянд, ки кадом маълумот дар кадом «анбор» нигоҳ дошта мешаванд, пас аз он ин анборро ҷуста, маълумоти заруриро дастрас намояд. Ин тарзи кор дар худ истифодаи гуногунтабиат ва аксаран печидаи интерфейсҳои истифодашавандаро дорад.

Ҳамзамон, дар аксари ҳолатҳо маълумоти аслӣ аз сарчашмаҳо дар файлҳои зиёд нигоҳ дошта мешаванд, ки бо кӯмаки таъмини махсуси барномаҳо дастрас намудан ва шарҳ додан заруранд. Барои чунин тадқиқотчиён истифодаи Vizala метавонад вақтро сарфа намояд ва ба фаҳмиши нав кӯмак расонад.

Хизматрасонӣ маълумотро аз беш аз 20 манбаи оммавии мухталиф истифода менамояд ва ба мавзӯҳо ҷудо мекунад.  Vizala воситаҳоеро пешниҳод менамояд, ки ба Шумо дар танзими маълумоти мухталифро бо кӯмаки полоиш (филтратсия) ва ҷобаҷогузорӣ имконият медиҳад. Сипас Шумо метавонед ба таври дилхоҳ яке аз ин пешниҳодотро захира ё нигоҳ доред, тақсим кунед ва содир намоед. Тамоми ин вазифаҳо дар интерфейси истифодашавандаи якхела, оддӣ ва беихтиёрона ҷойгир карда шудаанд.

Масалан, маълумоти демографӣ дар Тоҷикичтон аз соли 2005 то 2015 чунин намудор мегардад:

Хизматрасонӣ бо забони англисӣ аст, вале истифодабарӣ аз он оддӣ мебошад. Дар тарафи рост яке аз бахшҳои умумиро интихоб кардан мумкин аст – «Иқтисодиёт», «Тадқиқоти бозор», «Ҷомеа» ва бахшҳои мушаххас – «Саломатӣ», «Кишоварзӣ», «Бахши бонкӣ» ва ғайра.

Ҷадвалҳои тайёрро дар сомона бо кодҳо гузоштан мумкин аст. Манбаи аксҳо дар пешнамоиши: marketingland.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ