ДомойОзмунҳо/ГрантҳоМедиаурдугоҳи «Ҷавонон чун асоси ояндаи демократӣ» барои рӯзноманигорони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон

Медиаурдугоҳи «Ҷавонон чун асоси ояндаи демократӣ» барои рӯзноманигорони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон

Ассотсиатсияи байналхалқии таълимии Дебатҳо дар Осиёи Марказӣ (IDEA CA) барои иштирок дар барномаи «Ҷавонон чун асоси ояндаи демократӣ» (медиаурдугоҳ-лагер) барои ҷавонони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон озмуни кушод эълон менамояд.

Дар рафти баргузории медиаурдугоҳ шунавандагони он дар бораи рӯзноманигории ҷамъиятӣ, маводҳои аксӣ, ҳуқуқӣ, технологияҳоли намоишҳои баҳсӣ — донишҳои назариявӣ мегиранд ва инчунин ҳангоми тартиби медиалоиҳаҳои касбии худ, ҳуқуқҳои ширкат, мактубҳои таҳлилӣ ва гузаронидани баҳсҳо дар мавзӯҳои нисбатан воқеии ҷойдошта дар амал истифода бурдани ин донишҳоро меомӯзанд.

Муҳим! «Ҷавонон чун асоси ояндаи демократӣ» ин барномаи мукаммалест, ки ба ғайр аз медиа-урдугоҳ як қатор чорабиниҳоро низ бо худ дар бар мегирад: намоиши визуалии медиалоиҳаҳои медиаурдугоҳ, баҳсҳои кушод, iTalk, инчунин омода кардани натиҷаи ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ оид ба мушкилоти минтақа мебошад. Иштирок дар медиаурдугоҳ иштироки пурраро дар барнома, дар назар дорад.

Ташкилкунандагони ин медиаурдугоҳ, ҷавонони қобилиятнокии баланддошта, боғайрат, фаъол ва меҳнатдӯстро, ки барои ташкил кардани медиа-манбаъ шавқу ҳаваси беандоза доранд, фикру пешниҳодҳои инноватсионӣ доранду меҳоҳанд орзуи худро дар амал тадбиқ намоянд, интизор мебошанд.

Санаи баргузорӣ: аз 25-уми сентябр то 8-уми октябри соли 2016-ум.

Макони баргузорӣ: Иссиқкул, Қирғизистон.

Забони корӣ: Русӣ.

Сарфу хароҷоти вобаста ба иштирок дар семинари мазкур (маблағи роҳкиро, хурдухӯро ва ҷои зист) аз тарафи ташкилотчиёни семинар пардохт карда мешавад.

Барои иштирок дар семинар иштирокчиёни семинарҳои қаблӣ ба семинари «Ҷавонони асри 21: дебатҳо ва офариниши медиамавод» қабул карда намешавад.

Муҳлати охирини пешниҳоди арзиша барои иштирок: 7-уми сентябри соли 2016-ум.

Талаб барои иштирокчиён:

  1. Шаҳрванд/истиқоматкунанда: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон
  2. Синну сол: аз 16 то 29 сола

3.Пешниҳои бастаи пурраи ҳуҷчатҳо бо аризаи нуқтасанҷона пуркардашуда

  1. Номзадҳое, ки барои омадан ба Ҷумҳурии Қирғизистон шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад, бояд лаҳзаи супоридани аризаи худ барои иштирок онро дошта бошанд.

Чӣ хел ариза пешниҳод кард?

  1. Намунаи махсуси ариза пур кунед. Он дар зери мақола ҷойгир аст.
  2. Дар ариза бояд худ бояд тарҷимаи ҳол низ дошта бошад.
  3. Азизаи пуркардаи худро барои иштирок ба почтаи ideaca@idebate.org

бо mda, коди мамлакат ва фамилияяро бо забони лотинӣ нависед.

Коди мамлакат— kg (Қирғиззистон), kz (Қазоқистон), tj (Тоҷикистон)

Мӯҳлати ниҳои супоридани аризаи 7-уми сентябри соли 2016-ум

Эълони натиҷаи интихобшудагон  то санаи  12-уми сентябри соли 2016-ум

Ҳайтеки расмии медиаурдугоҳ: #mda_inca2016

Тамоси мо: IDEA Central Asia, Қирғизистон, шаҳри Бишкек, кӯчаи Тоголок Молдо, 21-73 ideaca@idebate.org, +996 312 325 402

ДАРХОСТ

Сарчашма: idebate.org.

Манбаъи  аксҳо ба превью: wikiwand.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ