ДомойОзмунҳо/ГрантҳоInternews барои иштирок дар конференсияи “Медиа дар муҳити рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳо”...

Internews барои иштирок дар конференсияи “Медиа дар муҳити рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳо” ва Форуми “Ҷалби аудитория: форматҳои нав” дархост қабул менамояд

Намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ 22-23-юми сентябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) конференсияи байналмилалии “Медиа дар муҳити рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳо” мегузаронад.

Чорабинӣ дар доираи барномаи Internews “Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот” дар кӯмаки бо Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) дар ҳамдастӣ бо Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи телевизионӣ ва радиоӣ (Ассоциация производителей и распространителей теле-радио продукции (АПРТРП)-и Тоҷикистон, ТҒҲ “Хома”, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Намояндагии британиягии “Институт оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Конференсияи байналмилалӣ медиаменеҷерҳои ВАО-и мустақили Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид менамояд.

Ҳадафи чорабинӣ: дастгирӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, ивази таҷриба  дар байни иштирокдорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа, тавсияҳои амалӣ ба роҳбарон оид ба идора намудани ширкатҳои медиавӣ дар давраи рақамишавӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ мебошад.

Барномаи конференсия муҳокимаи масъалаҳои рўзмарраро ба назар гирифтааст:

фаъолият дар шароити бӯҳронӣ, ҷанги иттилоотӣ ва тағйирёбии форматҳо;

ояндаи рақамӣ барои пахшкунандагони мустақил;

форматҳои нав барои медиа, дастрасӣ ба иттилоот ва амнияти иттилоотӣ.

Дар доираи чорабинӣ муҳокимаҳо, омӯзиш ва муаррифӣ бо иштироки беҳтарин коршиносони медиаҳои байналмилалӣ, намояндагони ТҒҲ ва идораҳои давлатии Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дархостҳо аз мутахассисони медиаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон барои иштирок дар конференсияи “Медиа дар муҳити рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳо” то 30-юми августи соли 2016 дар суроғаи электронии apopovanews@gmail.com бо ишораи “Дархост барои иштирок дар конференсия” қабул карда мешаванд.

Шакли дархостро барои иштирок дар Конференсия зеркашӣ намоед.   

Дар доираи конференсия ҳамзамон, Форуми “Ҷалби аудитория: форматҳои нав” доир мегардад.

Барои иштирок дар Форум мутахассисони медиа, ки таҷрибаи ҳамкории муваффақона бо ҷамъиятҳои маҳаллӣ ва ҷалби аудитория доранд ва ё рушди чунин иқдомҳоро ба нақша гирифтаанд, даъват карда мешаванд. Дар вақти Форум иштирокдорон метавонанд:

Маслиҳату машваратҳои касбии коршиносони медиаро оид ба лоиҳаи хеш гиранд;

Ғояҳои хешро иваз намоянд ва лоиҳаҳоро пурра намоянд;

Онҳоро ба озмуни грантҳои Internews “Намоиши ғояҳо” («Ярмарка идей») пешниҳод намоянд.

Лоиҳаҳои саривақтӣ ва ҷолиб аз ҷониби доварон барои маблағгузории минбаъда аз тарафи  Internews интихоб карда мешаванд.

Грантҳо ба лоиҳаҳои амалишаванда ё идомаёбанда бо ҷалби аудитория дар ташаббуси медиа, ки бо ҷавонон, занон, ҷомеаи ва динӣ, дигар гурӯҳҳои   алоқаманд аст, супорида мешаванд. Лоиҳаҳо метавонанд аксияҳои онлайн- ва офлайнӣ, озмунҳо, фестивалҳо, марафонҳо, крауд-пойгаҳҳо, “Репортёри мардумӣ” («Народный репортер») ё хизматрасониҳои дигарро дар худ дошта бошанд.

Дархостҳо барои иштирок дар форуми “Ҷалби аудитория: форматҳои нав” то 30-юми августи соли 2016 дар суроғаи электронии apopovanews@gmail.com бо ишораи “Дархост барои иштирок дар форум” қабул карда мешаванд.

Шакли дархостро барои иштирок дар Форум зеркашӣ намоед.   

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ