ДомойМедиалентаВебинари беҳамто «Тилда Паблишинг. Пойгаҳ барои сохтани лонгридҳо ва лоиҳаҳои махсус"

Вебинари беҳамто «Тилда Паблишинг. Пойгаҳ барои сохтани лонгридҳо ва лоиҳаҳои махсус»

16-уми марти соли 2017-ум соати 17:00 бо вақти Остона, Бишкек, соати 16:00 бо вақти Душанбе ва соати 14:00 вақти Маскав вебинари «Тилда Паблишинг. Пойгаҳ барои барои сохтани лонгридҳо ва лоиҳаҳои махсус» баргузор мегардад. Вебинаро дизайнери Tilda Publishing Ира Смирнова мегузаронад.

— Сарсухан. Тилда чист?

— Намунаҳои истифодаи Тилда дар расонаҳо

  • Роҳҳои тахминии истифодабари

— Тавсияҳо барои саҳифабандӣ

—Чӣ тавр Тилда барои нигоҳ доштани диққати хонандагон мусоидат менамояд

—Сохти дарунии Тилда чӣ гуна аст, шарҳи интерфейс (намуд).

Барои иштирок дар вебинар ба ин истинод ворид шавед.

Диққат! Барои иштироки бомуваффақият дар вебинар ба шумо лозим аст:

  • Насб кардани тавсири охирини Google Chrome, Firefox, сафари ё опера. Дар браузер бояд тавсири охирини Adobe Flash Player насб шуда бошад. Дар Google Chrome — Flash Player-и даруни мавҷуд мебошад.
  • Санҷед, ки оё суръати пайвастшавӣ ба интернети Шумо кофӣ аст ё не. Ҳадди суръати пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Барои кори бароҳат суръати интернети аз 2Mb тавсия дода мешавад (дар ҳолати паст будани  суръати кори интернет — ҳангоми намоиши аудио ва видео, презентатсияҳои графикаи калондошта, мизи корӣ ва кор дар дигар реҷаҳо, ки шабакаи босифатро талаб мекунанд, баромадани садо ва кори видео ба таъхир андохта мешавад). Суръати Интернети худро Шумо дар ин саҳифа санҷида  метавонед.
  • Агар шумо аз шабакаи корпоративӣ ба интернет ворид мешуда бошед, пас Шумо ба маъмури системави муроҷиат карданатон лозим аст, то ки ӯ бандари 1935, 80, 443 фаъол намояд.
  • Барои пайваст шудан ба вебинар, дар саҳифаи бозшуда тугмаи «Шомил шудан ба вебинар» («Войти в вебинар»)-ро пахш намуда, маълумотро дар бораи худ пур кунед ва дар рӯ ба рӯи шартномаи истифодабаранда розигии худро гузоред. Агар Шумо тавассути планшет ба вебинар пайваст мешуда бошед, пас тариқи браузери Google Chrome ё Puffin Browse ворид шудан тавсия дода мешавад.

Вебинари ройгони «Тилда Паблишинг. Пойгаҳ барои барои сохтани лонгридҳо ва лоиҳаҳои махсус» аз ҷониби намояндагии  Internews Network дар доираи дастгирии лоиҳа барои дастрасии иттилоот ташкил карда шудааст. Ин вебинар бо шарофати кӯмаки халқи Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) расонида шудааст, имконпазир гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ