ДомойОзмунҳо/ГрантҳоInternews дар Tоҷикистон қабули дархостҳоро ҷиҳати мизбонии тренер барои давраи омузиши дар...

Internews дар Tоҷикистон қабули дархостҳоро ҷиҳати мизбонии тренер барои давраи омузиши дар стансияи телевизиони эълон менамояд

Internews дар Tоҷикистон давраи омӯзишии якҳафтаинаро аз 3 то 17 сентябри соли 2017 дар пойгаҳи ду телевизиони мустақил ба нақша гирифтааст.

Барои гузаронидани давра Денис Бевз, мураббии ботаҷрибаи Русия, журналист ва наворбардори шабакаи телевизионии «ТВ-2«-и шаҳри Томск, мураббии Internews, муаллифи филмҳои «Дарёи хотираҳо», «Амалиёти Maрс», «Модари Лешкин«, «Медалйони сарбоз«, «Тирамоҳ дар Kaдaр» ва ғайра, ғолиби бисёркаратаи ҷоизаи «Tэфӣ» даъват карда мешавад.

Барномаи давраи омӯзишӣ қисмҳои назариявӣ ва амалиро дарбар мегирад, аз ҷумла:

  • Жанрҳо, воситаҳо ва навъҳои гузориш дар телевизион;
  • Ҷустуҷӯи мавзӯъ барои сужети иттилоотӣ;
  • Хусусиятҳои пешниҳоди маводи иттилоотӣ;
  • Таҳия, давомнокӣ;
  • Нақши муҳаррири калон ва мутасаддии иттилоот;
  • Кори дастаҷамъона (мухбир+наворбардор-танзимгар);
  • Предпродакшн, банақшагирӣ ва хавфҳо;
  • Нақши баранда;
  • Интихоби мавзӯъ, гардиши мавзўъ;
  • Баромадан ба сабти сужети иттилоотӣ, гузоришҳои махсус.
  • Ба мавҷ баровардани маводи комилан тайёр.

 

 

Барои иштирок ширкатҳои телевизионии хусусие даъват карда мешаванд, ки ба шартҳои зерин ҷавобгӯянд:

  • мавҷуд будани хадамоти иттилоотӣ (на камтар аз 4 нафар);
  • мавҷуд будани наворбардорон ва танзимгарони штатӣ;
  • нашри ҳаррӯзаи иттилоот;
  • таҷриба дар истеҳсоли гузоришҳои махсус;
  • доштани таҷҳизоти шахсии студиявӣ ва сабтӣ;

 

Талаботи асосии иштирок дар барномаи давраи омӯзишӣ барои ҷониби қабулкунанда таъмин намудани мураббӣ бо манзили истиқоматӣ ва хӯрок дар давоми тамоми мӯҳлати буду бош ба шумор меравад.

Барои иштирок дар ин давра бояд дархостро (аз ин ҷо зеркашӣ намудан мумкин аст) то 20 июли соли 2017 ирсол намоед.

Давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи минтақавии «Дастрасӣ ба иттилоот», ки аз ҷониби Internews бо дастгирии Агентӣ оид ба Рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.

«Дастрасӣ ба иттилоот» — лоиҳаи минтақавии се солае мебошад, ки ба чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ оид ба дастгирии ВАО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мувофиқат мекунад. Лоиҳа барои беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти муҳими иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Барои гирифтани маълумоти бештар, хоҳиш менамоем ба Aнжелика Попова, менеҷери барномаҳои Internews дар Тоҷикистон, бо почтаи электронии: apopovanews@gmail.com муроҷиат намоед.

Манбаи аксҳо дар пешнамоиш: moypolk.ru.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ