Вебинари яксоата ба журналистоне, ки бо роҳу усули нав ба ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аудитория манфиатдоранд, ҷолиб хоҳад буд.
Донишгоҳи иттилоотонӣ, ки дар Институти Пойнтер интернет-лоиҳаро таълим медиҳад, санаи 14-уми июл, соати 2-и рӯз бо вақти минтақавии Шарқ (соати 21:00 бо вақти Маскав) пахши вебинари «Бо воситаи видеои интерактивие, ки дар платформаи Verse таҳия шудааст, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аудитория»-ро пешниҳод менамояд.
Иштирокчиён мефаҳманд, ки чӣ тавр видеои интерактивӣ барои зиёд намудани давомнокии бознигарӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҷалби истифодабарандагон кӯмак мерасонад; бо тамоми воситаҳое, ки аз ҷониби Verse пешниҳод карда мешаванд, ошноӣ пайдо мекунанд ва оид ба беҳтар истифода бурдани онҳо маслиҳатҳо мегиранд; мефаҳманд, ки системаи идоракунии мӯҳтавои Verse-ро барои таҳияи мавод чӣ тавр истифода кардан ва истеҳсоли силсилавӣ ва тақсимоти маводҳоро барои ба даст овардани шумораи бештари боздидкунандагон чӣ тавр ташкил намудан мумкин аст.
Вебинари ройгон — қисме аз силсилаҳое мебошад, ки ба воситаҳои рақамӣ бахшида шудаанд, — бо дастгирии Google News Lab, Институти матбуоти Амрико ва Фонди Найтов гузаронида мешавад.
Бақайдгирӣ идома дорад.
Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.
Манбаъ: ijnet.org.