Ду рӯзи корӣ дар ноҳияи Турсунзода тез гузаштанд ва бо ҳамроҳии ҳамкорам аз Қазоқистон Анна Сухачева дар ин муддат дар дафтари кории Ширкати телевизион ва радиои “Регар” тренинги амалии хеле муфидро гузаронем. Натиҷаи чунин тренингҳо, ки бисёртар таҳти мафҳуми резиденсия маъмуланд, одатан, ягон барномаҳои нав, маводҳои ҷадид ё азнав коркард намудани захираҳои интернетии ВАО мешаванд. Ин дафъа низ бо роҳнамоии мо худи кормандони ШТР “Регар” як қатор идеяҳои нав барои сохтани маводҳои чандрасонаӣ пешниҳод намуданд, дар сайташон тағйиротҳо ворид шуданд – ҳама чизи зиёдатиро пок карда, ҷузъҳои навро дохил кардем, инчунин барои бо тамошобинону шунавандагону хонандагон дар тамос будан имконияти муоширатро роҳандозӣ намудем. Аммо биёед ҳамаи инро бо тартиб баррасӣ мекунем.
Новые материалы
Пеш аз он, ки ба ШТР “Регар” ташриф орем, аз аввал ба қарор омадем, ки аз болои сомонаи онҳо www.regar.tv кор кунем, чунки маводе, ки онҳо дар эфири худ нишон медиҳанд – интихоби редаксия аст. Аммо чизе, ки дар сомона ҷойгир мешавад, метавонад масъалаи баррасӣ гардад ва барои баланд ҷалб намудани диққати тамошобинон нақши муҳим бозад.
Вақте сомонаро кушодему дидем, ки тамоми сохтори барномаҳои онҳо аз ҷойгир намудани навор ва ду-се ҷумла аст, фаҳмо шуд, ки барои чӣ дар давоми рӯз танҳо якчанд нафар ба сомона ташриф меоранд. Ба ин ҳолат инчунин тамоман аз истифода дур мондани саҳифаи шабака дар Facebook мусоидат мекунад. Ягона ҳалли мушкилиро мо дар нашр намудани маводҳои нав ва ҷойгир намудани линкҳои онҳоро дар саҳифаи Фейсбукии сомона дидем. Ва натиҷа аллакай дар давоми якчанд соат назаррас буд. Дар давоми як рӯз теъдоди хонандагони сомона панҷ маротиба афзуд. Ба ин кор инчунин формати нави мавод низ мусоидат намудааст – кормандони ШТР “Регар” худашон ба қарор омаданд, ки бо истифода аз имкониятҳои захираи интернетии Playbuzz тести интерактивӣ месозанд ва рейтинги шабакаҳои телевизиониеро, ки дар ноҳияи Турсунзода тамошо мекунанд, созанд. Маълум гашт, ки дар ҳудуди ноҳия қариб 30 шабакаи телевизионӣ тамошобини худро дорад, ки аксарияташон шабакаҳои Ӯзбекистон мебошанд. Сабаби машҳур будани онҳо байни аҳолӣ сифати хуби барномаҳояшон, хусусан барномаҳои фароғатӣ мебошад. Бо натиҷаҳои пурсиши кормандони ШТР “Регар” метавонед дар ин ҷо шинос шавед ва дар баробари ин овози худро ба шабакаи дӯстдоштаатон диҳед. Ва, лутфан, ба саҳифаи ШТР “Регар” дар Facebook гузашта, ба он Like гузоштанро фаромӯш накунед.
Имкониятҳои нав
Дар баробари маводҳои нав дар сомона имкониятҳои нав низ пайдо шуданд. Бо мақсади беҳтар намудани сомонаи худ кормандони редаксия пешниҳод намуданд, ки якчанд бахши нав созта шавад. Ҳамкори ман инчунин ба ин ҷараён ҳамроҳ шуд ва дар натиҷа дар сомонаи www.regar.tv якчанд имконияти нав пайдо шуд:
Вакансияҳо. Сайҳифаи нав дар сомона, ки дар он эълонҳои тоза оиди ҷойҳои холии корӣ нашр мегарданд. Ногуфта намонад, ки кормандони ШТР “Регар” ба хулоса омаданд, ки худро бо эълонҳои ҷойҳои холии кории ноҳияи Турсунзода маҳдуд намекунанд ва чунин эълонҳоеро ҷойгир мекунанд, ки барои тамоми аҳолии Тоҷикистон муфид бошанд. Аз ин рӯ, агар шумо бо кофтукоби ҷойи корӣ машғул бошед, марҳамат ба саҳифаи сомонаи «Вакансияҳо» дар сомонаи www.regar.tv
Дастурамал барои муҳоҷирони меҳнатӣ дарои санҷидани ҳуқуқи вуруд ба Руссия тариқи онлайн. Дастурамалро бо забони тоҷикӣ бо нишон додани линки саҳифаи санҷидани имконияти вуруд ба ФР дар сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Руссия омода сохтанд. Ин мавзӯъ барои аҳолии Тоҷикистон хеле муҳим ва мубрам аст, чунки қисми зиёди аҳолӣ ба Руссия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз ҷумла аз ҳудуди ноҳияи Турсунзода.
Табрикот тавассути Viber. Бале, акнун телевизиони «Регар» рақами Viber дорад, ки бо истифода аз он, Шумо метавонед хабарҳои худ, табрикоту таманниёт, аксу навору паёмҳои овозии худро ба редаксия фиристед. Таманниёти беҳтарин дар эфири барномаи “Таманно” ҳамарӯза садо медиҳанд. Барои ин, дар аввал рақами телефонии мазкурро дар хотираи телефони худ сабт намоед: +992 93 400 4184. Сипас, бо истифода аз Viber ба ин рақам табрикоти худро ба дӯстону наздикон фиристед. Беҳтаринашонро онҳо дар эфири барномаи “Таманно” шунида, ҳамаи онро дар саҳифаи алоҳида дар сомонаи телевизион ҳар вақти дилхоҳ дида метавонанд.
Тағйири сохтори сомона
Дуюм вазифаи муҳим – ин тағйири сохтори сомона мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки аз аввал дар болои сомона баннери калоне, ки қариб нисфи экранро банд мекард, ҷой дошт. Инчунин якчанд баннерҳои таблиғотӣ, ки дер боз кӯҳна шуда буданд, ҳоло ҳам фазои саҳифаи асосии сомонаро банд мекарданд. Барои ҳамин бо фикри “беҳтараш фазои холӣ бошаду маълумоти нодаркор набошад” сомонаро аз онҳо озод кардем. Дар натиҷа, ба ҷои баннери калони болои сомона логотипи хурдакаки шабакаро ҷойгир кардем. Дар менюи сомона танҳо бахшҳои асоситаринро ҷой дода, тамоми бахшҳои зиёдатиро пок кардем.
Хусусан, се баннери навро ҷойгир кардем. Баннери якум ба саҳифаи вакансияҳо бо эълонҳои тозаи ҷойҳои холии корӣ, дуюмаш ба саҳифаи бо дастурамал оид ба санҷидани ҳуқуқи вуруд ба ФР ва сеюм саҳифа бо таҳнияту таманниёте, ки ба рақами Viber-и ШТР “Регар” фиристода мешаванд.
Ду рӯз барои сохтани редаксияи нав албатта кам аст, аммо вақте мебинед, ки даста аллакай мавҷуд асту ҳангоми дидани имкониятҳои наве, ки захираҳои гуногуни интернетӣ пешниҳод мекунанд ва таҳайюлоти онҳо ба кор шурӯъ карда, ҳангоми ба ноҳияи худ аз каме дигар нуқтаи назар нигаристан мавзӯъҳои нав ба навро пешниҳод мекунад, мефаҳмед, ки сафари шумо беҳуда набуд.
Шахсан ба ман кор бо дастаи телевизиони “Регар” хеле ҷолиб ва шавҷовар буд, ҳарчанд баъзан маврид душворӣ мекард. Аммо маҳз пас аз нашр намудани маводҳои нав дар сомона ва ҷойгир намудани линкҳои онҳо дар саҳифаи фейсбукӣ ба баланд шудани теъдоди ташрифоварандагони сомона нигоҳ кардан, фикр мекунам на фақат ман, балки худи кормандони ин телевизион дарк менамоянд, ки то чӣ андоза кор аз болои сомонаи худ муҳим аст ва, чӣ хеле ки ҳамкорам Анна Сухачева ҳамаи ин рӯзҳо такрор мекард, сомонаи худро бояд дӯст дошт, то ки кор бо он шавқовар бошад ва натиҷаҳои назаррас диҳад.
Барои ҳамин, дӯстон, ҳам худи ман ва ҳам дӯстону ҳамкасбони навамон аз телевизиони “Регар” ХЕЛЕ миннатдор хоҳем гашт, агар Шумо ба саҳифаи ШТР “Регар” дар https://www.facebook.com/regartv/ даромада, ба он Like гузоред, ба сомонаи онҳо www.regar.tv дароед ва суроғаи онро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ манзури дӯстонатон гардонеду рақами Вайбери онҳо +992 93 400 4184 -ро дар хотираи телефони худ сабт намоем ва тавассути Viber табрикоту таманниёти худро ба онҳо фиристед. Ёдовар мешавам, ки ҳамарӯза як адад беҳтарин таманниёти тамошобинони ШТР “Регар” дар эфири барномаи табрикотии «Таманно» хонда мешаваду ҳамаи таманниёту табрикот дар саҳифаи махсус дар дохили сомонаи телевизион нашр мегарданд.
Мақолаи мазкур инчунин бо забони русӣ низ дастрас аст.