Проблемаи норасогии мутахассиронро бисёрии иштирокчиёни конфронси #MediaCA қайд карданд. Вале дар замони имрӯза бо кадом роҳ мутахассисони хубро ба кор ҷалб кардан мумкин аст? Ин масъаларо роҳбарони медиаи Қазоқистон ва Тоҷикистон муҳокима менамоянд.
Олга Колоколова, «Рӯзномаи мо», Костанай, Қазоқистон: «Кормандони хуби кордонро албатта бо пул ба кор ҷалб кардан лозим аст, аммо пулро тақсим кардан даркор аст. Мо маблағ илова мекунем, барои кори иловагӣ ҳаққи қаламро ташкил мекунем. Ман чунин меҳисобам, ки корманди бар ивази 70 000 танга хуб кор мекарда бар ивази маблағи камтар ҳам хуб кор мекунад. Баракс нафаре, ки ба ивази 100 000 танга бад кор мекунад, бар ивази пули калон ҳам хуб кор намекунад.
Дар маҷмӯъ ин мувофиқати босаводонаи «қамчин ва кулчақанд» аст, аммо хеле нозук. Ҳамон тавр рафтор намоед, ки рӯзноманигор аз натиҷаи кори худ қаноатманд бошад. Агар рӯзноманигор ғазабӣ ва гурусна бошад, аз ин бармеояд, ки ин кор барояш шавқовар нест».
Субҳон Ҷалилов, радиои «Ватан», Тоҷикистон: «Ман дар радио 18 сол боз кор мекунам. Мегӯям, ки агар «ба радио муҳаббат надошта бошӣ», кор карда наметавонӣ. Дар мо буданд давраҳое, ки якчанд моҳ маблағ набуд, лекин мо радиоро тарк накардем.
Ман ба чунин саволи кормандони боиқтидор «Ман чӣ қадар малбағ хоҳам гирифт?» ин тавр ҷавоб медиҳам— «Ҳамон қадаре, ки фоида меорӣ». Роҳҳои ҳавасмандгардонӣ дар мо гуногун аст. Масалан, мо бахши омӯзиши забони англисиро мегузаронем. Ба назди мо омӯзгорон меоянд. Мо бо муассисаҳои тиббӣ шартнома мебандем ва кормандонамон аз хизматрасонии онҳо истифода бурда метавонанд.
Фикр мекунам, ки назарияи универсалӣ вуҷуд надорад. Мо ба проблемаи ҳавасмандгардонӣ аз нуқтаи назари эҳтиёҷоти корманд назар мекунем, яъне ба онҳо чӣ лозим аст?, мефаҳмем. Масалан, ман мушоҳида кардам, ки кормандон аз бонкҳо қарз мегиранд. Сипас мо қарор додем, ки ба кормандон қарзи бе фоиз медиҳем. Боз дар нашрияи мо системаи ҷаримаҳо амал мекунад. Инро ҳам ман як чизи хуб мешуморам».
«Маслиҳати универсалӣ вуҷуд надорад», — ҳамфикр мешавад Руслан Никонович, «Телевизиони нав», Караганда, Қазоқистон. «Ба ман хоҳиши ҳама корро худ оғоз кардан, худ анҷом додан, худ дарк кардан хеле кӯмак мерасонад. Пул лозим аст, аммо агар ба корманд кораш шавқовар набошад, ӯ моли барои ширкат лозимаро тайёр карда наметавонад. Ҳавасмандгардонии асосӣ тайёр кардани молест, ки ба ту, ба ширкат ва аудиторияи ту шавқовар аст».