ДомойМедиалентаДастурамал оид ба нақши расонаҳои нав дар журналистика ба забони тоҷикӣ тарҷума...

Дастурамал оид ба нақши расонаҳои нав дар журналистика ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд

Намояндагии «Internews Network Inc.» дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон тарҷумаи мақолаҳои мунтахабро оид ба таҷрибаҳои беҳтарини ташкили кори редаксияҳои конвергентӣ аз дастурамали “Чӣ тавр расонаҳои нав журналистикаро дигаргун сохтанд: 2012-2016” ба забони тоҷикӣ ба анҷом расониданд. Тарҷумаи тоҷикии дастурамал аз панҷ боб иборат аст (намунаи аслӣ аз 10 боб иборат аст), ки ба шароити Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст.

Тарҷумаи дастурамали мазкурро Иззатманд Саломов – яке аз беҳтарин тарҷумонҳои кишвар аз забони русӣ ба тоҷикӣ анҷом дода, Хилватшоҳ Хоҷаев ҳамчун муҳаррир баромад намудааст.

Шакли электронии дастурамал айни ҳол дар “Сомонаи маводҳои таълимии кушода ва дастрас”-и аз ҷониби Институти “Ҷомеаи кушод” таъсисдода ва аз ҷониби Маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ (МТИК) идорашаванда ҷой дода шуда, барои ҳамагон дастрас аст.

Интернюс ва МТИК дар оянда барои такмил додани дастурамали тарҷумагашта бо ворид намудани намунаҳо аз фаъолияти расонаҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин ҷой додани матни дастурамал дар фиттаҳо (CD) ва паҳн намудани он байни донишҷӯён дар назар аст.

Инчунин бо матни қисмҳои алоҳидаи дастурамал бо забони тоҷикӣ метавонед дар зер шинос гардед:

Дар бораи китоб

Пешгуфтори тарҷумон

Абзорҳо ва маҳорату малакаҳои журналист

Аудиторияи расонаҳои нав

Қолабҳои нави таҷрибавӣ

Коргардонии сужетҳои чандрасонаӣ

Ояндаи журналистика: журналистикаи шабакавист

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ