ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмуни байналхалқии « The Bobs – Best of Online Activism»- барои сомонаҳо,...

Озмуни байналхалқии « The Bobs – Best of Online Activism»- барои сомонаҳо, блогҳо, иттиҳодияҳо

Аз 19 феврал, қабули дархостҳо барои озмуни The Bobs – Best of Online Activism оғоз хоҳад гардид. Ҳар як шахс метавонад номзадии худро барои ба даст овардани се ҷоизаҳои байналмилалӣ ва 14 миллӣ пешбарӣ намояд. Ғолибон аз тарафи ҳакамони байналмилалӣ ва истифодабарандагон интихоб ва муайян карда хоҳанд шуд. Бори нахустин дар лоиҳа, ҷоизаи «Барои озодии сухан» -ро дар озмун муассисиси The Bobs медиаширкати Deutsche Welle (DW) тақдим мекунад.
Бақайдгирии иштирокчиён — то 12 март
Ба озмун сомонаҳо, блогҳо, иттиҳодияҳо, барномаҳои мобилӣ бо 14 забонҳо: англисӣ, арабӣ, бенгалӣ, индонезӣ, чинӣ, олмонӣ, форсӣ, португалӣ, русӣ, туркӣ, украинӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ роҳ меёбанд. Манбаъҳои фаъоли (онлайн) пешниҳодшуда бояд дар домени ҷамъиятӣ бошад. Маълумоти бештар дар бораи қоидаҳои озмун — дар матлаби зерин оварда шудааст.
Гурӯҳҳои байналхалқӣ
Дар категорияҳои байналмилалӣ — «Беҳтарин ташаббусҳо дар шабакаи иҷтимоӣ», «Амният ва ҳифзи маълумоти шахсӣ», «Фарҳанг ва ВАО» ҷой дода шудааст, ки ғолибонро аъзоёни ҳакамон муайян мекунанд. Аввалин аз беҳтаринҳоро дар чорчӯбаи мулоқоте, ки санаи 2 май дар Берлин баргузор мегардад, интихоб хоҳанд намуд.
Ғолиби номинатсияи «Барои озодии сухан»-ро, медиаширкати DW муайян месозад. Мукофоти асосӣ DW, интернет-фаъолӣ ё ин ки лоиҳаи онлайн, барои дастовардҳои бузург дар ҳифзи озодии сухан мебошад.
Категорияи миллӣ
Беҳтарин лоиҳа дар 14 категорияҳои забон танҳо дар асоси овоздиҳии онлайнӣ муайян карда мешавад, ки он 9 апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Ҳамаи ғолибони The Bobs – ро ҳам истифодабарандагон ва ҳам аъзоёни ҳакамон — 3 майи соли 2015 дар сомонаи озмун эълон хоҳанд кард. Маълумотҳои муфассалро дар бораи марҳилаҳои озмун метавонед дар ин ҷо пайдо кунед.
Маросими ҷоизасупории ғолибони The Bobs-2015, санаи 23 июни соли 2015 дар Бонн, дар доираи конфронс таҳти унвони «Deutsche Welle Global Media Forum баргузор мегардад. Соли ҷорӣ мавзӯи медиаконфронс – «Медиа ва сиёсати хориҷӣ дар асри рақамӣ» хоҳад буд.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба сомонаи thebobs.com ворид шавед.

Сарчашма : http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ