ДомойЛоиҳаҳои моВебинарҲаракати ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳаракати ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Вебинари Олег Гант- мутахассиси ВАО, тренер, продюссери онлайн-курсҳо, муҳаррири лоиҳаи «Гармхонаи инноватсияҳои иҷтимоӣ» ба ҳаракати ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахшида шуда буд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ- на танҳо воситаи ивазкунии мусаввараю мутолиаи андешаҳост, балки аудаторияи азим, таҷҳизоти пуриқтидор барои ташаккули имиҷи ширкат, сарчашмаи мавзўъ, ғояву маълумотҳост.

Маҳз барои ин Олег чунин меҳисобад, ки шабакаҳои иҷтимоии ВАО худро ба фрилансерҳо   ё донишҷўён, ки барошяон маълумот лозим аст, бовар кардан нашояд. Нафаре, ки дар фейсбуку ВКонтакте ё Твиттер  ба аудаторияи шумо масъул аст, бояд аз ҳайати даста буда, хуб фаҳмад, ки шумо онро барои  кӣ месозед?!

Саволи иштирокдорони вебинар: Нафаре, ки аз байни журналистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ машғул аст, ҳамонро интихоб бояд кард, ё беҳтар аст, мутахассиси алоҳидаро?

Олег: — Ҳарду ҳолат ҳам дуруст аст. Лекин он шахс бояд мутахассис бошад. Усули «дар равиши кор меомўзӣ» аллакай кор намеояд.

Ҳар ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ стратегияи ҳаракати худиро бояд дошта бошанд.  Самаранок дар як ҳолат аст- ширкат метавонад умуман барои Шумо кор карда натавонад. Боз як ҳолати муҳим- ҳатман қоидаи бурдани аккуантҳоро қайд кунед. Дар акси ҳол ҳангоми ивазкунии SMM- мутахассис стратегияи ҳаракат дар шабакаи иҷтимоӣ низ пурра дигар мешавад.

4 асрори ҳаракати муваффақона

-Суратҳои дар твитҳо ҷойдодашуда теъдоди ретвитҳоро ба андозаи 150% калон месозанд;

-Контентро давоми рўз якчанд маротиба таку рў кунед. Маводи дар твитер, фейсбук ё «Контакт» нашршударо на ҳама истифодабарандагони шумо тахмин карда метавонанд;

-Ҳар шабакаи иҷтимоӣ муносибати индивидуалиро талаб дорад. Бинобар ин, контентро оптимизатсия кардан лозим аст. Онро куллан дигар кардан лозим нест. Аммо шумо бояд донед, ки хонандагони шумо дар «Однокласники», «Мой Мир» ва ғайра кадом маълумотро чӣ гуна қабул мекунанд;

-Ҷадвали муваққатии нашри маводҳоро таҳия созед. Ин ҷо бояд хусусияти аудаторияро ба ҳисоб гирифт. Шояд маҳз барои ВАО шумо беҳтар аст, ки то оғози рўзи корӣ, он вақте, ки ҳанўз лента бо қайдҳои ҳарифони шумо пур нашудааст, дидбонгоҳҳо гузошта шаванд. Ё ин ки вақти танаффуси нисфирўзӣ. Мумкин аст, маводҳои бегоҳирўзӣ ба шумо барои ҳамкорӣ бо аудатория бештар мусоидат мекунанд. Санҷида бинед!

Хабари хуш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама вақт дорои интиқод, баромад дар мавзўи рўзанд.

Оё барои ҳаракат дар шабакаҳои иҷтимоӣ пардохт кардан мумкин аст?!

Ба андешаи Олег пардохт кардан мумкин аст. Гоҳо барои он ки истифодабарандагон контентро бубинанду паҳншавии он идома ёбад, аз рекламаи маблағнок истифода бурдан мумкин аст. Ин комилан дуруст мебошад.

Таҷҳизотҳо барои идоракунии шабакаҳои иҷтимоӣ

Иттилоотро барои як рўз, ҳафта ҳатто як моҳ пешакӣ бнақша гирифта мумкин аст, ба шарте, ки онлайн-хизматрасониҳои гуногунро (версияҳои дастрасу пулакии гуногун) истифода баред. Таҷҳизотҳои зикршуда дорои функсияҳо ва дизайнҳои гуногунанд. Барои он ки «азони худӣ» ёфт шавад, бояд якчандтои онро аз тест гузаронидан лозим аст.

Twitter, Facebook, Google+

Bufferapp.com

Hootsuite.com

Buzzlike.pro

Instagram

Iconosquare.com

Theflowapp.com

Ҷустуҷўи хештегҳои самаранок

Hashtagify.me

Аналитика

Chartbeat.com

Twitter

Followerwonk.com

Socialbro.com

Topsy.com

Facebook

Edgerankchecker

Вебинари навбатии ройгон баъди ду ҳафта баргузор мегардад, ки он ба таҳияи тайм-линии смаранок бахшида мешавад. Маълумоти нисбатан муфассалро дар «Репортёри Нав» дертар хоҳед гирифт.

Сарчашма— See more at: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ