“Маҷмӯи”онлайнӣ (онлайн-портфолио) воситаи оддӣ ва самаранок аст. Шумо метавонед фаъолона саҳифа ё сомонаро, ки дар онҳо беҳтарин корҳоятон ҷой дода шудаанд сайқал дода, дар ташаккули симои касбӣ ва ҷалби шунавандагон кӯшиш ба харҷ диҳед.
Албатта, торномаи профили мултимедиявии Шумо, ба корфармо назар ба видеомаводҳо ва файлҳои матнии ба мактуб пайвасткардашуда, таассуроти бештар хоҳад бахшид.
Барои номнавис шудан дар clippings.me, бояд саволнома пур карда шавад.
Пасон, хизматрасонӣ ба Шумо саволҳоро оид ба ҷои кор, тарҷумаи ҳол, ҷои истиқомат пешниҳод мекунад.
http://newreporter.org/wp-content/uploads/2015/04/212.jpg
Акнун Шумо метавонед барои офаридани портфолио шурӯъ кунед- торномаҳоро ба корҳоятон, расму видео, PDF-файлҳоро илова кунед. Ҳамагӣ ба тафсири ройгон, 16 нуқта иҷозат дода мешавад. Аккаунт бо хусусиятҳои пешрафта- 5 $ дар як моҳ, ташкил медиҳад.
Хизматгузорӣ, илова кардани матн ва торнаморо ба профилҳои Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар назар дорад. Allyou.net интихоби васеи тарҳрезии портфолиои Шуморо пешниҳод месозад. Ба ғайр аз он ки, саҳифа дар дастгоҳҳои мобилӣ чӣ гуна намудро хоҳад гирифт.
Вақте ки шумо бо ин мавзӯъ шиносоӣ пайдо мекунед, хизматрасонии тартиби стандартии бақайдгириро пешниҳод менамояд. Портфолио дар Allyou.net ба маҷмӯаи корҳо монандӣ дорад.
Шумо метавонед, ҳар як бахшро таҳрир кунед, матнҳо, тасвирҳо, торнамо илова кунед — танҳо ба марказ ҷузъи дилхоҳро, аз қабили матн, расм ва ғайра кашола карда партоед.
Wix.com — хизматрасонии ройгон буда, бо забони русӣ дастрас аст. Ба он метавон тавассути аккаунтҳо дар Facebook ё Google+ ворид шуд.
Мавзӯи сомона ва нусхаро интихоб мекунем. Тугмаи «Таҳрир» Шуморо ба дастурҳои муфассал оид ба назорати саҳифа равона мекунад. Блогҳоро пешниҳод кунед, тасвирҳо ва торномаро илова кунед.
Дар flavors.me аввал саҳифаро пур мекунед ва сипас сомона аз Шумо хоҳиш мекунад, ки худро ба қайд гузоред.
Ин хеле осон аст – тафсир ва мавод, илова кунед, хизматрасонӣ – имконияти пайвастшавиро ба профилҳои аккаунтҳо дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ фароҳам меоварад.
Матни асли: http://newreporter.org/