ДомойЛоиҳаҳои мо«Интерньюс» иштирокчиёни фаъоли лоиҳаи «Мубодилаи мӯҳтаво» - ро қадршиноси кард

«Интерньюс» иштирокчиёни фаъоли лоиҳаи «Мубодилаи мӯҳтаво» — ро қадршиноси кард

Намояндагии шабакаи Интернюс дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агенти оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) озмуни бардавоми грантҳои хурдро барои ВАО Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мегузаронад.

Аввалин соҳибони грантҳо (дар ҳаҷми тақрибан 1000доллар) ин медиаҳо гаштанд:

  • Қазоқистон: ШТ «Отырар — TV» (Шимкент) ва телеканали «1 северный» (Петропавловск).
  • Тоҷикистон: ширкати ТВ «СМ — 1», телевизиони «ТВ Осиё», Хуҷанд, стансияи телевизиони «Мавҷи Озод», вилояти Хатлон, Восеъ.
  • Қирғизистон: телевизион ва радиои минтақавӣ — ҷамъятии «Ынтымак»; ШТР «Башат ТВ», Ош

Барои имрӯз ин иштирокчиёни фаъоли лоиҳаи «Мубодилаи мӯҳтаво» барои ВАО Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд.

Лоиҳаи «Мубодилаи мӯҳтаво» махсус барои он ки, ВАО имконияти озоди дастрасӣ ба маҳсулоти нодири иттилоотии ҳамкасбон доштан, роҳандозӣ шудааст.

Медиа ва ё ВАО ба махзани тираи Google Drive дастрасӣ пайдо мекунанд. Ба ин ҷо иштирокчиёни «Мубодила» мӯҳтавои худро бор мекунанд ва аз ин ҷо онҳо метавонанд маводҳои ҳамкасбони худро, ки дар нақша доранд – ба забони русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ истифода баранд, зеркаш намоянд.

  • Видео: видеои гузоришӣ, мусоҳиба, сюжаҳои иттилоотӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, ток – шоу ва барномаҳои муаллифӣ
  • Аудио: мусоҳиба, гузоришҳои хабарӣ ва барномаҳои муаллифӣ
  • Акс: аксгузориш ва инфографика

Чӣ тавр ба лоиҳа ҳамроҳ шудан мумкин аст, метавонед аз ин суроға бифаҳмед.

Қабули аризаҳо ба озмуни грантҳои хурд идома дорад. Муфассалтар дар бораи шартҳои иштирок – аз рӯи истинод.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ