Рўзноманигорон ва тамоми ҳавасмандон дар ҷалб намудани доираи бинанда, шунаванда ва хонанддаи англисзабонон дар ин вебинари ройгон ширкат карда метавонанд.
Пойгаҳи махсусгардонидашудаи Viafoura ва Inland Press Association барои ҷалби доираи бинандаву шунанванда ва хонандаи англисзабон вебинари The Future of Engaged Journalism мегузаронанд, ки санаи 27-уми апрел, соати 13:00 бо вақти шарқӣ баргузор мешавад. Вебинари мазкур дар ин рўз бо вақти Маскав соати 20:00 дар Алмато Остона доир карда мешавад.
Устоди рўзноманигории рақамӣ Ҷейк Батселл ва сарвари маркетинг оид ба пойгаҳи Viafoura Дан Симен дар бораи мушкилотҳои ҷойдоштаи муносибатҳои дуҷонибаи муаллифони маводҳои ахборотӣ ва доираи шунавандаю бинанда ва хонандагони онҳо сухан меронанд.
Дар рафти баргузории вебинари мазкур иштирокчиён дар бораи 5 омили асосии соҳа маълумот пайдо мекунанд ва ташкилотчиёни ахборотӣ дар он маҳсули кори худро оид ба ҷалб намудани бинандаву шунаванда ва хонанда баҳо дода метавонанд. Инчунин дар рафти вебинар иштирокчиён роҳҳои ҷалби шунавандаю бинанда ва хонанди худ ва дар онҳо бедор кардани шақу ҳавасро ба хизматрасонии рўзноманигории рақамӣ меомўзанд. Зеро мавқеи медиа дар ноил шудан ба муваффақияти молиявӣ хело муҳим ва назаррас мебошад. Инчунин иштирокчиён дар бораи роҳҳои ҷалби доираи шунавандаю бинанда ва хонандагони англисзабонро ба кори рўзноманигорӣ ва дар бораи стратегияҳои бехтарин корҳои бо шарҳу эзоҳи хонандагон вобаста буда маълумот мегиранд.
Номнавискунӣ ҳоло идома дошта, 20 нафар иштирокчии аввалини аз қайд гузашта ба вебинар, соҳиби нусхаи китоби «Привлечение аудитории в журналистике: как новостным организациям наладить связь с вооруженной цифровыми технологиями аудиторией»-и Батселла мегарданд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал ба ин ҷо ворид шавед.
Сарчашма: ijnet.org.