ДомойОзмунҳо/ГрантҳоБарои иштирок дар EcoCamp дар Тоҷикистон «Забони нави медиалоиҳаҳои экологӣ» дархост қабул...

Барои иштирок дар EcoCamp дар Тоҷикистон «Забони нави медиалоиҳаҳои экологӣ» дархост қабул карда мешавад

Мутахассисони ВАО ва ташкилотҳои ғайридавлатии экологии Тоҷикистон барои иштирок дар ӮcoCamp-и кишварӣ «Забони нави медиалоиҳаҳои экологӣ» даъват менамояд.

Чорабинӣ санаҳои 21-22 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Формати ӮcoCamp – омехтаи форуми мавзӯӣ ва коргоҳи тайёркунии лоиҳаҳои эҷодӣ. Ҳар як даста бо лоиҳаи худ кор мекунад, фаъолиятро ментор-коршиносон назорат мекунанд, фазои кушода ва эҷодӣ ба инкишофи касбӣ сабаб мегардад.

Иштирок дар EcoCamp – ин имконияти нодир дар омӯхтани ҳикоякунӣ дар бораи муаммоҳои экологӣ ба таври нав мебошад – шавқовар, содда ва амиқ, эҷод кардани таърихҳои муосири сифатнок дар бораи муаммоҳои муҳити атроф ва захираҳои табиӣ мебошад.

Мақсади EcoCamp – муҳайё кардани майдонча барои ҳамкории самаранок ва эҷодии медиа-мутахассисон ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои тайёр кардани лоиҳаҳои якҷояи мултимедиавӣ дар мавзӯи муҳими соҳаи муҳити атроф ва  захираҳои табиӣ мебошад.

Дархостҳо аз дастаҳое, ки аз ду нафар иборатанд, қабул карда мешаванд. Дастаҳое, ки аз намяндагони ВАО ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ иборатанд, ҳангоми интихоби дархостҳо бартарӣ доранд. Ҳамчунин дар рафти баррасии дархостҳои фардии фиристодашуда, менеҷерони Internews ба дархостдиҳандагон бо якҷоякунии мавзӯҳои ба ҳам монанди лоиҳа ба як даста кӯмак мекунанд.

Муҳим аст (!) аллакай дар дархост тасниф кардани лоиҳа дар соҳаи муҳити атроф ва захираҳои табиӣ, ки бо онҳо дастаҳо дар раванди истеҳсоли маҳсули мултимедиавӣ кор мекунанд. Ҳамагӣ 20 иштирокчӣ (10 медиа-мутахассисон ва 10 намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатии экологӣ) интихоб мешаванд. Ҳангоми EcoCamp дастаҳо метавонанд дархостҳои худро такмил дода, онҳоро ба лоиҳаҳои мултимедиавӣ бо кӯмаки менторҳо табдил диҳанд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳакамон ҳамаи лоиҳаҳои муаррифишударо баррасӣ мекунанд. Лоиҳаҳои беҳтарин барои гирифтани грант дар ҳаҷми то 4000 евро пешниҳод мешаванд.

Internews маблағҳои роҳкиро, будубош ва хӯроки ҳамаи иштирокчиёнро пардохт мекунад.

Дархостҳои ҳам инфиродӣ ва ҳам гурӯҳӣ аз намояндагони ВАО-и касбӣ ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатии экологии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Шакли дархостро аз ин ҷо дарёфт кардан мумкин аст.

Шакли дархости пуркардашуда ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашаванда ба суроғаи электронии centralasia@internews.eu фиристед. Дархостҳо то соати 18.00-и  6 ноябри соли 2016 қабул карда мешаванд.

 

EcoCamp «Забони нави медиалоиҳаҳои экологӣ» дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Internews «Медиа барои инъикоси самараноки масъалаҳои муҳити атроф ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» бо дастгирии Комиссияи аврупоӣ амалӣ карда мешавад.

Иртибот: Фируз Баротов, ҳамоҳангсоз дар Тоҷикистон

+992 905 50 6116

Манбаи акс дар превью: pexels.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ