ДомойМедиалентаЧи тавр хусусиятҳои асосии қайдҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ санҷидан мумкин аст

Чи тавр хусусиятҳои асосии қайдҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ санҷидан мумкин аст

Аксари ВАО «иқтибосҳо»-ро аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Инҳо метавонанд иқтибосҳо аз Твиттер, видео аз Фейсбук, маводҳо аз Инстаграмм бошанд.

Вале то чи андоза ин қисматҳо қобилияти ҳаётӣ доранд?

Қариб 23% маводҳо дар онлайн-медиа дохилкунии маводҳоро аз медиаҳои иҷтимоӣ дар бар мегиранд, 10% ин дохилкуниҳо ё тағйир дода шудаанд ё аз ҷониби муаллифон баъди нашр шудани мақолаҳо нест карда шудаанд, гуфта мешавад дар ҳисоботе, ки 19 октябр дар платформаи SAM нашр шуда буд.

Платформаи назораткунандаи ВАО-и иҷтимоӣ SAM бо ёрии асбоби Report Card як миллион саҳифаҳоро таҳлил кард. Таҳлилгарон диққати худро ба сарчашмаҳои бузург —  New York Daily News, Fox News, Vox, CNN, Forbes ва дигарҳо ҷалб карданд, менависад journalism.co.uk.

Ҳисобот дар вақти ҳисоб кардан танҳо «дохилкунии бевосита», постҳоро ба назар гирифт, ки манбаи онҳо нисбат ба истифодаи асбобҳои назоратӣ, ба монанди SAM ё Storify, бевосита шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Twitter ҳамчун маъруфтарин шабакаи иҷтимоӣ, ки барои маводҳои хабарӣ дохилкуниро таҳвил мекунад ва 59% ҳамаи дохилкуниҳои дар ҳисобот нишондодашударо ифода мекунад, аз дигарон хеле пешсаф аст. Аз паси он YouTube бо 26% ва Instagram бо 14% меистад.

«Instagram имконияти ҳақиқии аз YouTube гузаштанро дар соли оянда аз рӯи миқдори умумии дохилкуниҳо дорад. Он гуногунрангӣ ва кӯтоҳии контенти худро пешниҳод мекунад, барои ҳамин Instagram стандарти ВАО-и кутоҳи сифатнокро муқаррар кард», — хабар медиҳад дастаи SAM дар ҳисобот.

Facebook  танҳо 1% дохилкуниҳоро аз миқдори умумии саҳифаҳои таҳлилшуда таъмин мекунад. Дар ҳисобот қайд шудааст, ки ин шабакаи иҷтимоӣ барои мукофотонии дохилкунии постҳои Facebook-медиа фаъолияти фаъолро ба роҳ намондааст, ба ҷойи он нигоҳ доштани аудиторияро дар платформаи худ авлотар медонад.

Тадқиқот инчунин қайд кард, ки 5% ҳамаи дохилкуниҳо вайрон шуда, 5%-и дигар аз вақти нашршавӣ таҳрир карда шуда буданд.

Барои шумо шақовар аст, чанд маводе, ки дар сомонаи шумо ҷой дода шудаанд ва вставкаҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ доранд, дар шакли аввала боқӣ мондаанд? Агар ҳа, аз Report Card истифода баред.

Замимаи Report Card барои истифодаи ройгон дастрас аст. Он барои ВАО имконият медиҳад, ки муайян кунад, ки чи қадар «дохилкуниҳои иҷтимоӣ» дар айни замон дар сомона ҳастанд, оё онҳо кор мекунанд, ва умуман то ҳол мавҷуданд ё не.

Ҳар хоҳишманд метавонад таҳлили ресурси худро гузаронад. Барои ин шумо ба ин манбаъ гузаред, суроғаи сомонаи худ ва почтаи электрониро, ки ба он огоҳинома дар бораи ҳисобот фиристода мешавад, нишон диҳед.

SAM зиёда аз 300 маводҳои newreporter.org-ро таҳлил кард. 7.4% постҳо дар таркиби худ сабтҳои дохилшударо аз шабакаҳои иҷтимоӣ доранд. Ин бошад – омори «иқтибос»-ҳои «шикасташуда». Нишондиҳандаи таъсирбахш.

SAM хизматрасониҳои худро барои беҳтаркунии замима пешниҳод мекунад. Муфассалтар дар бораи ҳамкорӣ бо платформа шумо метонед аз ин ҷо хонед. Вале ҳатто ҳисоботи оддӣ барои ВАО-е, ки дар бораи шӯҳрати худ, пешбурди сомона ва дар бораи боодобии аудитория фикр мекунанд, муфид хоҳад буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ