ДомойХудомӯзGoogle барои офарандагони замимаҳо силсилаи онлайн-асбобҳоро фаъол намуд

Google барои офарандагони замимаҳо силсилаи онлайн-асбобҳоро фаъол намуд

Гугл маҷмўи нави воситаҳоро фаъол менамояд, ки он барои осон намудани кори якҷояи зеббахшон (дизайнер) ва офарандагони замимаҳо пешбинӣ шудааст.

Аввалини онҳо оддӣ номгузорӣ шудааст – «Галерея». Ин бастаи асбобҳоест, ки ба монанди GitHub барои зеббахшон кор мекунад. Бо ёрии он одамон бо осонӣ метавонанд корҳои зеббахшонро ба худ гиранд, ба дигарон ирсол намоянд ва шарҳ диҳанд.

Дар он ҷо ҳамчунин низоми шахсии назорати намудҳо ба вуҷуд меояд. Аз ҳамин сабаб илова кардани интертсияҳои гуногуни корҳое, ки дар болои он шумо кор мекунед,  имконпазир мешавад ва то андозаи пеш бурдани корҳо онҳоро ҷустуҷў кардан осонтар мешавад. Инчунин Дар он сатҳи намоишдиҳӣ вуҷуд дорад, ки бо он на ирсол кардани файлҳои шакли  PDF ё ҷузъгир дар Dropbox, ё ягон чизи дигар , балки додани веб-ишораҳои оддӣ имконпазир мешавад.

Воситаи  Remixer  ба офарандагони замимаҳо иҷозат медиҳад, ки прототипҳо созанд. Бо онҳо бевосита ҳамкорӣ кардан мумкин аст – дизайнро якбора аз санҷиш гузаронидан, онро тез бевосита дар таҷҳизот ё сомона дигар кардан мумкин аст.

Инчунин воситаи  Stage ҳаст, ки он ҷараёни прототипсозиро тез карда, барои офарандагони замимаҳо имконияти санҷидан ва сохтани намоиши ҳаракатро дар замимаҳои худ дар марҳилаҳои хеле аввал медиҳад. Ин восита дар худ ҳамаи воситаҳои Pixate ва Form-ро дар худ якҷоя мекунад.

Воситаҳои навро дар material.io аз санҷиш гузаронидан мумкин аст.

 

Аз рўйи маводҳои theverge.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ