6 октябри соли 2017 вебинар бо забони тоҷикӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар рушди журналистикаи шаҳрвандӣ” баргузор гашт. Сабти онро манзури Шумо мегардонем.
Барандаи вебинарро мушовир оид ба масоили ВАО, тренер, журналист Фируз Баротов.
Фируз Баротов аз соли 1997 то ин ҷониб бо ҷавонон кор намуда, дар ин муддат барои ҷавонон, журналистони касбӣ ва намояндагони дигар соҳоти ҷомеъа оид ба ҳуқуқи инсон, малакаҳои сарварӣ, меъёрҳои касбии журналистика, радио журналистика, онлайн журналистика, журналистикаи чандрасонаӣ ва амсоли инҳо омӯзишҳо гузаронидааст.
Шурӯъ аз соли 2012 панҷ лоиҳаи омӯзиши журналистикаро барои ҷавонон роҳбарӣ намуда, бо беш аз 500 хонанда ва 100 омӯзгор ҳамкорӣ намудааст.
Аз соли 2002 то соли 2012 ба ҳайси радио журналист, муҳаррир ва видео журналист дар Радиои Озодӣ кор кардааст.