Дар баъзе ҳолатҳо зарурият ба миён меояд, ки мо бояд ба хонандаи худ роҳнамоӣ карда, ба ӯ имконият диҳем, ки бахшҳои алоҳидаи видеои моро тамошо кунад. Хусусан, агар видео калон буда, аз қисматҳои гуногун иборат бошад.
Ба мисоле, ки дар китоб дар саҳифаҳои алоҳида мо метавонем барга (закладка) монем, ба воситаи VideoSnaps метавонем чунин баргаҳоро дар видео низ гузошта, онро дар сомонаи хуб ҷой диҳем. Дар ин навори омӯзишӣ Шумо бо ҷараёни маҳз ҳамин кор ошно хоҳед гашт.
Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.