Рӯзи дуюми семинари инноватсионии Эдютон -2021, ки мавзуъи асосии он рушди саводнокии расонаиву рақамӣ мебошад, ҷаласаи дуюми Всеволод Пуля, менеҷери расонаӣ, муҳаррир ва мураббии расонаии Русия баргузор шуд. Бисёре аз ширкаткунандагон қайд карданд, ки ҷаласаи аввали Пуля, ки «Фалсафаи рақамӣ ҳамчун асоси рушди саводи расонаӣ» ном гирифта буд, фаҳмиши онҳоро дар бораи саводнокии расонаӣ тамоман дигаргун кард ва нишон дод, ки ин малака ба тамоми соҳаҳои ҳаёт чигуна таъсири бузург дорад, аз ҷумла ба сиёсат.
Мавзуъи баромади дуюми ӯ «Равандҳои ҷадиди расонаӣ ва рушди саводнокии расонаӣ» буд. «Новый репортер» равандҳои асосии расонаҳоро дар ҷаҳон номбар кард. Шумо метавонед сабти пахши мустақими ҷаласаро аз ин линк тамошо кунед.
Раванди №1. Аудиторияи худро омӯзед
Имрӯз аудиторияи худро надонистан — марговар аст. Шумо наметавонед танҳо ба нишондиҳандаҳои дастрасӣ такя кунед, шумо наметавонед фикр кунед, ки мавод бо 100 ҳазор тамошо хуб аст ва ё бо 1000 тамошо бад.
Шояд маводи аввал аз як коромӯз ва мавзуъи он ба садамаи ситораи оммавӣ бахшида шудааст. Маводи дуюм бошад, дар бораи имконоти рушди вазъ дар Сурия ва таҳлилгар муддати тӯлонӣ дар ин бора кор карда бошад. Фаҳмидани он муҳим аст, ки кадом аудитория, кадом мавод, чигуна аудиторияи босадоқатро ба худ ҷалб кардааст. Ҳамзамон ин маводҳо ба вазъи шумо чӣ гуна таъсир расонидаанд.
Расонаҳои маккор ҳарду намуди иттилоотро нашр карда, мувозинатро дуруст нигоҳ медоранд. Маводҳои зиёд метавонанд, одамони тасодуфиро ба аудиторияи содиқи шумо баргардонанд. Масалан, дар сомонаи Meduza, дар бораи як ҳайвон хабари ҳаҷвие нашр шуд, ки хонанда барои он хабар ба сомона ворид шуд. Диққати ӯро ҳамзамон дар сомона таҳқиқоти худи ҳамон рӯз нашршуда ҷалб кард.
Бидуни шинохтани аудитория ҳама чиз бемаъно мегардод. Шумо бояд ба ин савол ҷавоб дода тавонед: «Барои кӣ менависед?». Ҳамавақт бояд занҷири дастрасӣ – ҷалб – садоқатро дар хотир нигоҳ дошт. Танҳо ҷалби зиёди хонанда маънои онро надорад, ки ин аллакай аудиторияи садоқатнок аст.
Раванди №2. Ба ҳама он касе, ки бо бренди расонаи шумо муносибат мекунанд, ҳамчун аудиторияи худ муносибат кунед
Аудиторияи расонаҳои муосир якхела нестанд ва дар платформаҳои гуногун тақсим карда шудаанд. Бисёре аз менеҷерони расонаӣ фикр мекунанд, ки аудиторияи асосии онҳо танҳо дар сомонаи онҳост. Вале ин гуна нест. Расонаҳои иҷтимоӣ ва анбӯҳфиристҳо низ дар рӯйхати аудиторияи шумоанд. Имрӯз дили маҳсулоти расонаӣ сомона ва ё Instagram нест, балки бренд аст. Агар одамон бо расонаи бренди шумо ҳамкорӣ кунанд, онҳо пайравони шумо ҳастанд.
Таҳқиқотҳои охир нишон медиҳанд, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ торафт корбарон зиёд мешаванд ва муаллифон камтар. Дарҳақиқат, имрӯз YouTube ва ҳама расонаҳои иҷтимоӣ барои мардум телевизиони нав шудаанд. Онҳо муҳтавои худро камтар эҷод карда, муҳтавои каси дигарро фаъолтар тамошо мекунанд. Аз расонаҳои иҷтимоӣ Instagram, YouTube, TikTok аз ҷиҳати рушд пеш гузаштаанд, ки агар ҳоло ба расонаҳои иҷтимоӣ ворид мешавед, пас албатта ба ин расонаҳо.
Раванди №3. Ба монанди маркетологҳо, боақлона фикр кунед
Бояд дарк кард, ки имрӯз расонаҳо иттилоотро нашр намекунанд, балки барои он арзиши иловагӣ эҷод мекунанд. Ҳодисаи ҷолиб ин аст, ки нашрияи Bazon дар TikTok бо муҳтавои иҷтимоӣ ва сиёсиаш омад. Стратегияи онҳо як аломати аниматсионие мебошад, ки бо ситораҳои муваффақи TikTok мусоҳиба мекунад. Алгоритмҳои расонаҳои иҷтимоии ин қаҳрамонҳо аллакай маълуманд. Аз ин рӯ, онҳо муҳтавои брендро интихоб мекунанд.
Юрий Дуд низ чанд муддат қабл, ба ҳамин монанд рафтор карда буд. Вай асосгузори жанри мусоҳиба нест. Аммо ӯ ба меҳмонони барномааш саволҳои ғайристандартие медод, ки он саволҳо аудиторияи YouTube-ро нигарон карда буд. Акнун ӯ метавонад ба касони наонқадар маъмул диққат диҳад. Ба мисоли: нахуст шумо барои китоби рекордҳо кор мекунед, ва сипас он китоб барои шумо.
Расона бояд арзиши иловашудаи пешниҳоди беназири савдои худро дошта бошад. Чаро одамон бояд ба шумо таваҷҷуҳ дошта бошанд? Он метавонад формат бошад, ва ё як гурӯҳ. Нашрия хати хабарӣ ва ё маблағи муаллифон нест, балки хидматрасонӣ аст. Хидмати шумо бояд баъзе мушкилотро барои аудитория ҳал кунад: кадом мушкилӣ ва дарку ба таври возеҳ баён кардани он аст.
Мушкилоти аксари сомонаҳои хабарӣ, хоҳиши ба сафҳои аввали Yandex.Хабарҳо ворид шудан, мебошад. Агар ҳадафи шумо рейтингҳои аввал бошад, пас маълум мешавад, ки шумо барои Yandex кор мекунед, на барои аудиторияи худ. Хатти якуми агрегатҳо хуб аст, аммо натиҷаи ҳадаф нест.
Раванди №4. Ба ин саволи худ ҷавоб гардонед: «Чигуна кори шумо ба аудитория кӯмак мерасонад?»
Имрӯз бисёриҳо ба дарки бесарусомонӣ ниёз доранд. Мардум зери фишори ҷараёни иттилоот қарор доранд. Масалан, расонаҳо дар тӯли 5 дақиқа метавонанд барои шумо қисса кунанд, ки имрӯз кадом рӯйдод сар задааст. Одамон имрӯзҳо мехоҳанд, ки маълумоти камтарро истеъмол кунанд. Қиматтарин арзиш дар иқтисодиёти диққат — вақти инсонӣ мебошад. Рӯзноманигорон барои дарки воқеият бояд ба аудитория кӯмак расонанд ва дар бораи он чизе, ки дар оянда рух медиҳад, вақти камтар сарф кунанд. Аслан бо муҳтаво пур накарда, барои муайян кардани он кӯмак кунанд.
Раванди №5. Дар хотир доред, ки роҳат будан касро вобастаи чизе ё каси дигаре мекунад
Чаро ҳамаи мо аз расонаҳои иҷтимоӣ истифода мекунем? Зеро онҳо хеле бароҳатанд. Сомона бояд барои истифодабаранда қулай бошад. Шумо бояд нашрияи худро ҳамчун маҳсулот ҳисоб кунед. Расонаҳо метавонанд ғояи ҷолибе дошта бошанд, ки ба орзуҳои аудиторияи шумо мувофиқат кунанд. The Village барои ҷавонони пешрафтаи шаҳр тарҳрезӣ шуда, дар бораи шаҳре, ки мо дар он зиндагӣ кардан мехоҳем, менависанд. Рӯзноманигорон дар бораи он ҷолибиятҳо навиштанро шуруъ карданд. Мардум мехостанд, ки зиндагии худро беҳтар кунанд. Дар натиҷа, Маскав ба шаҳри пешрафта табдил ёфт. Пешгӯиҳои худхоҳона.
Раванди №6. Ҳам ба тақсимоти технологӣ ва ҳам ба муҳтавоӣ диққат диҳед
Бо тақсимоти технологӣ машғул будан муҳим аст: дар ҳама ҷо, дар ҳама системаҳои ҷустуҷӯйӣ будан, аз ҳар ҷо трафик гирифтан. Тақсимоти пурмазмунро иҷро кардан муҳим аст. Ҳамзамон анбӯҳфиристҳо ва гурӯҳҳо тартиб додан ҳатмӣ аст.
Ҳоло эҳёи анбӯҳфиристҳо актуалианд. Дар ИМА рӯзноманигорон ба хизматрасонӣ гузашта, анбӯҳфиристҳои муаллифӣ тартиб медиҳанд. Одамон ба шахсони алоҳидаро пайравӣ мекунанд. Рӯзноманигорон пас аз ду-се соли сӯхтан, баъд артелҳои иборат аз ду ё се нафараро эҷод мекунанд. Нашрияҳое ҳастанд, ки ба анбӯҳфиристҳо асос ёфтаанд: дар ИМА AXIOS ва дар Русия — The Bell. Шумо мувофиқи манфиатҳои худ метавонед ба анбӯҳфиристҳои субҳ ё бегоҳ, технологӣ ва ё сиёсӣ обуна шавед. Анбӯҳфиристҳо муаллиф доранд ва ин як сатҳи нави наздикии муошират бо аудитория аст.
Инчунин боз як раванде вуҷуд дорад — сохтани гурӯҳ дар расонаҳои иҷтимоӣ. Муҳаррирон бо гирифтани фикру мулоҳизаҳои аудитория манфиатдоранд. Бо ин роҳ ҳамзамон ҷалби аудитория меафзояд. Шумо инро метавонед дар мисоли нашрияҳои Tjournal, VC.ru ва DTF бубинед. Мардум худашон менависанд, ки нашрия дорои вазифаи шериф бошад. Усули ба даст овардани муҳтавои зиёд, ҳангоми ҷалби аудитория(карма). Таъкид ба ҷамъиятӣ будан, худи ҳамон актуализатсия мебошад.
Раванди №7. Ба худ савол диҳед: «Ки ва барои чӣ тайёр аст, ки дар се соли наздик ба ман пардохт кунад?»
Модели тиҷорӣ барои се соли дар пеш буда. Рӯйхатҳои пасти нархҳо ва маҷмуъҳои расонаҳо мемиранд. Дигар ба рақамҳо, кафолатҳо, парвандаҳои зебо ва диққати муштариён ниёз пайдо мегардад. Маблағгузории ҳукумат абадӣ намемонад: мақомот пулро ба тиктокерҳо интиқол медиҳад. Агар мақомот ниёз ба иртибот бо насли TikTok дошта бошад, пас онҳо ба расонаҳои сиёсӣ пул нахоҳанд овард. Ҳоло KPI фаъолона аз нав дида баромада шуда истодааст.
Раванди №8. Равандҳои имрӯзу фардо – чорабиниҳо, умуман чорабиниҳои онлайнӣ низ мебошанд
Чорабиниҳои онлайнӣ ҳатто пас аз пандемия низ боқӣ мемонанд. Зеро фоидаоваранд: ҳеҷ зарурате ба сафар нест, арзиши иштирок арзонтар ва хароҷоти баргузорӣ кам аст (хароҷоти нақлиёт, иҷораи толор, хӯроки умумӣ). Аз ҷумла, шумо метавонед фурӯши сабтҳои чорабинӣ, тавсияҳои ҷамъоваришударо ба роҳ монда, пул кор кунед.
Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.