Дар Русия тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ дар бораи ҷазо – то 15 соли зиндон – барои беобрӯсозӣ, фейкҳо (иттилооти дурӯғ) дар бораи амалиёти низомӣ дар Украина ва даъватҳо ба таҳрим эътибор пайдо карданд.
Барои гирифтор нашудан ба муҷозот бисёре аз рӯзноманигорони рус аллакай ба риторикаи расмӣ гузаштанд. Аммо аз ин қонун на танҳо ҳамкорон аз Русия, балки, рӯзноманигорони Тоҷикистон, ба хусус онҳое, ки шаҳрвандии дуюми Русияро доранд, бояд битарсанд. Гузашта аз ин, шаҳрвандони оддии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки ба таври оммавӣ бо шиорҳои зиддиҷанг баромад мекунанд, метавонанд таҳти таъсири ин қонун қарор бигиранд. Якҷо бо Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшинос аз Тоҷикистон, «Новый репортер» кортҳои тавзеҳотӣ тартиб дод, ки барои арзёбии тамоми хатарҳо кумак хоҳанд кард.
Чӣ рӯй дод?
Дар оғози моҳи март дар Русия қонуне дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои фейкҳо (иттилооти бардурӯғ) дар бораи амалҳои низомиёни Русия дар чаҳорчӯби амалиёти махсус ва даъватҳо ба таҳримҳои зидди Русия қабул карда шуд. Ин чора баъд аз воридшавии нерӯҳои Русия ба Украина рӯзи 24 феврал қабул шуд. Имзои ин санад боис шуд, ки рӯзноманигорони Русия рӯйдодҳои Украинаро танҳо «амалиёти махсус» номида, ба унвони манбаъи иттилоот танҳо аз гузоришҳои расмӣ истифода кунанд. Масалан, рӯзномаи «Новая газета» дар бораи кор дар ин шароит чунин менависад:
«Мо бояд аз нашри гузоришҳо аз ҷабҳаҳо сарфи назар кунем. Мо дигар наметавонем дар бораи ҷангҳо дар Украина аз рӯи ҳақиқат гап занем ва ба ҳар ду ҷониб имконияти сухан гуфтан диҳем. Ба мо лозим меояд, ки тирборон кардани шаҳрҳои кишвари бародарро муваққатан фаромӯш кунем».
Аммо, сарфи назар аз манъсозиҳо, рӯзномаи «Новая газета» навиштани гузоришҳои муҳимро идома медиҳад, ки дар он ҳарчанд ҷангро «амалиёти махсус» меномад, воқеияти замони ҷангро ба таври муфассал тавсиф мекунад.
Хуб, рӯзноманигорони Тоҷикистон чӣ рабте ба ин доранд?
Тоҷикистон ва Русия дар бораи душаҳрвандӣ тавофуқ доранд ва бисёре аз хабарнигорони тоҷик ҳар ду шиносномаро доранд. Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ ҳеҷ гуна мамнуъият барои чизҳоро бо номи худашон ном бурдан ҷорӣ карда нашудааст. Расонаҳои Тоҷикистон «амалиёти махсус»-ро бо тарзҳои мухталиф, аз ҷумла «ҷанг», «таҳоҷум» ва «ҳамла» ном бурда, андешаҳои ҳар ду ҷониби муноқишаро меоранд. Дар ҳоле ки агар шаҳрвандони Русия берун аз қаламрави Федератсияи Русия қарор дошта бошанд ва «манфиатҳои аз ҷониби Кодекси ҷиноятӣ ҳифзшаванда»-ро вайрон кунанд, онҳо таҳти таъсири ислоҳоти нав қарор мегиранд. Ҳангоми нашри иттилоот агар дар маводҳои худ аз манбаъҳои расмии Русия (пеш аз ҳама Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия) истифода набаранд бар зидди онҳо мумкин аст парвандаи ҷиноятӣ боз карда шавад.
Вале боздошти шаҳрвандони худ дар қаламрави давлати хориҷӣ ё дархости боздошт барои истирдоди баъдӣ ба Русия, дар ин асос иҷозат дода намешавад, агар дар Кодекси ҷиноятии давлати хориҷие, ки айни замон ин шаҳрванд дар онҷо зиндагӣ мекунад, муқаррароти мушобеҳ вуҷуд надошта бошад. Дар кодекси ҷиноятии Тоҷикистон чунин меъёр вуҷуд надорад.
Ин танҳо ба рӯзноманигорон дахл дорад?
Не, на танҳо рӯзноманигорон ва ҳатто на танҳо шахсони дорои шаҳрвандии Русия. Дар қисми 3 моддаи 12 Кодекси ҷиноятии Росия омадааст, ки «шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Федератсияи Русия ба таври доимӣ иқомат надоранд ва берун аз ҳудуди Федератсияи Росия ҷиноят содир кардаанд, дар ҳолатҳое, ки ҷиноёти содиркардаи онҳо бар зидди манфиатҳои Федератсияи Россия нигаронида шудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд…».
Яъне дар сурати содир шудани қонунвайронкунӣ шаҳрвандони хориҷӣ низ метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, зеро объекти ҷиноятҳо тибқи тағйироти нав маҳз манфиатҳои Русия аст. Аммо боз ҳам, хатари асосӣ барои шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони хориҷие, ки берун аз Федератсияи Русия зиндагӣ мекунанд, будубош дар қаламрави Русия аст.
Онҳо барои чӣ метавонанд ҷазо диҳанд?
Барои шиорҳои «Нест бод ҷанг», иштирок намудан дар митингхои зиддиҷангӣ, даъват кардан барои нарафтан ба ҷанг ва ё ба фарзандони худ иҷозат надодани иштирок дар ҷанг; умуман барои истифодаи истилоҳи «ҷанг» ба ҷои «амалиёти махсус» ва ғайра. Танҳо кофист, ки ҳамаи ин ибораҳоро аз номи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намоед.
Хуб, оё муҳаррир ё роҳбари расонае, ки дар он ҷо мавод нашр мешавад, барои муҳтавои нақзи ин меъёрҳо ҷавобгар аст?
Эҳтимол дорад. Агар тафтишот муайян кунад, ки муҳаррир дидаву дониста маводеро ба чоп иҷозат додааст, ки ба манфиатҳои Русия зарар мерасонад, пас ӯ низ мумкин аст ба ҷавобгарӣ кашида шавад.