ДомойХудомӯзБаррасӣ дар нақди расонаҳо. Чӣ гуна ва чаро бояд онро навист?

Баррасӣ дар нақди расонаҳо. Чӣ гуна ва чаро бояд онро навист?

Дар доираи Коргаҳи нақди расонаӣ рӯзноманигори тоҷикистонӣ, муҳаррири бахши “Нақди расонаӣ” -и сомонаи “Новый репортер” Лилия Гайсина аз таҷрибаи худ нақл кард. Мо дар инҷо иқтибосҳои муҳими коршиносро ҷамъ овардем.

Формати нақди расонаӣ барои ман чизи нав буд ва пас аз журналистикаи оддӣ ба ин жанр мувофиқ шуданам душвор мегузашт. Ман ҳамеша мехостам достонамро на аз он шурӯъ кунам, ки чӣ гуна хабарнигор дар бораи ҳодиса ё як қаҳрамон қисса мекунад, балки баръакс мехостам аз “болои сари” рӯзноманигорон парида, ҳамаи рӯйдодро худам нақл ва далелҳоро мустақилона дарёфт кунам.Вале ин хостаниҳо гузашт. Баррасӣ ин маърӯза ё гузориш нест, балки як ҳикояи пурра аст. Барои маводи хуб ба мо як қаҳрамон, матн, макон, сужа ва ҳадаф лозим аст. Дар нақди расонаӣ низ чунин аст, ҳеҷ чиз тағйир намеёбад. Танҳо мо ин чизҳоро дар матолиби ҳамкорони худ дар расонаҳо пайдо мекунем.

Хуб аст, агар маводи баррасии мунаққиди расонаӣ дар асари эҳсосоти муаллиф омода гардад.

Қоидаи журналист: агар мо ягон ҳиссиёт дошта бошем, мавод хуб омода хоҳад шуд. Дар нақди расонаӣ низ ҳама чиз ҳамин тавр амал мекунад. Якчанд сол пеш, Зеленский президенти Украина интихоб шуда буд. Мушоҳида гардид, ки расонаҳои Осиёи Марказӣ зинда шуданд. Президенти ҷавон бо ҳамсари зебову шӯхиҳояш ба ҳама писанд омад. Онҳо дар бораи президент ҳамчун як ситора нақл карданро оғоз карданд. Дар ин нигоҳи пуршавқ андӯҳи оламшумул эҳсос мегашт. Вақте мо маълумот ҷамъ кардем, маълум шуд, ки ҷомеа то чӣ андоза аз вазъи сиёсие, ки мо дар он қарор доштем, хаста шудааст. Ҳамин тавр, ин қисса ба вуҷуд омад. Маводи мурурӣ — дар нақди расонаӣ имкони сӯҳбат дар бораи масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Танҳо ба масоили техникӣ тавваҷӯҳ кардан ва маводҳои ҳамкасбонро таҳлил кардан кофӣ нест, бояд васеътар аз он назар кунед. Он чизе, ки дар ВАО рух медиҳад, инъикоси воқеият мебошад.

Маводи мурурӣ бояд дорои истедлоли возеҳ бошад.  Мубоҳисаҳо зуд-зуд ба миён меоянд. Вале мо аз он бо иззат берун мешавем, зеро бо далел ҳарф мезанем. Ҳамеша одамоне меоянду бо мо баҳс мекунанду ба камбудиҳо ишора мекунанд. Мардум танқидро дӯст намедорад. Хеле кам касоне ҳастанд, ки танқидро қабул мекунанд. Дар Тоҷикистон бозори ВАО хеле хурд аст ва ҳамаи мо якдигарро мешиносем. Аз ин рӯ, нақди расонаӣ барои муаллиф душвор мешавад. Ҳамзамон барои қаҳрамонҳо низ — барои онҳо як чизи ғайриоддӣ мебошад, ки касе кори онҳоро месанҷад. Бо онҳое, ки корҳояшонро нақди расонаӣ мекунад, дӯстӣ накунед. Ва агар шумо дӯст бошед, пас омода бошед, ки дӯстиатон қатъ мешавад.

Дар нақди расонаӣ масъалаҳои аз ҷиҳати сиёсӣ душвор мавҷуданд, ки мо бояд онро инъикос кунем. Таҳти унвони  «Как СМИ Таджикистана и Кыргызстана освещали конфликт на границе?» маводе буд.  Зуд-зуд дар марз муноқишаҳо сар мезананд. Ин мавзӯъ бениҳоят ҳассос аст ва чӣ гуна рӯзноманигорон онро инъикос мекунанд  муҳим аст. Одамоне, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, Интернет доранд. Онҳо ВАО-ро мехонанд, маводҳо ҳам ба рӯҳияи онҳо таъсир мерасонад ва ҳам ба авзоъи минтақа. Агар шумо ВАО-и танҳо як тарафро хонед, пас он хеле яктарафа мешавад: дар Тоҷикистон як гап, дар Қирғизистон – қиссаи дигар. То ҷое ман медонам, ҳоло нашрияҳои ду кишвар меморандум ба имзо расонидаанд ва онҳо имкони табодули иттилоотро доранд.

Барои маводҳои мурӯрӣ (обзорный материал) ба мавқеъ ва мубрам будан аҳамияти калон доранд.

Масалан, кулли нашрия маводи «Крушение самолёта под Алматы: как работали медиа» — ро омода карданд. Мо тавсиф кардем, ки чӣ гуна расона ва телевизионҳои гуногун ахборро таҳия карданд. Мавод худи ҳамон рӯз нашр шуд. Он ба хонандагон кӯмак кард, ки силсилаи рӯйдодро барқарор кунанд ва ба аудитория фаҳмонанд, ки чӣ тавр ва чаро рӯзноманигорон маҳз ҳамин тавр кор мекунанд.

Маводҳои мурурӣ рисолати мушаххаси иҷтимоии худро доранд. Дар нақди расонаӣ шумо на танҳо камбудиҳои ҳамкоронатонро нишон медиҳед, балки ҳамон кори муҳиме, ки дар журналистикаи муқаррарӣ анҷом медиҳед, иҷро менамоед. Инро дар мисоли тарзи инъикоси қиссаҳо дар бораи маъюбон дар ВАО дидан мумкин аст.  Мо дар мавзӯъи  «Как таджикские журналисты рассказывают о людях с инвалидностью» мавод омода кардем.  Мо истилоҳҳое таҳқиромези мисли «ба девонахона ғалтид», «девонакасал» ва дигарро пайдо кардем.  Дар ҳақиқат, васоити ахбори омма мардумро тамғагузорӣ намуда, симои одамонеро ба вуҷуд оварданд, ки ба онҳо кӯмак кардан мумкин нест: “Агар вай дар курсии маъюбӣ нишаста бошад, пас чаро барои вай бояд инфрасохтори мувофиқ созанд? Ӯ ба ҳар ҳол бадбахт хоҳад монд ва танҳо аз ҳисоби раҳмдилии дигарон зиндагӣ карда метавонад».  Дар мавод мо ёддоште аз нашрияи русии «Такие дела» -ро иқтибос овардем, ки дар он чӣ гуна дар бораи одамони дорои маъюбияти рӯҳибуда навиштан мумкин аст, гуфта мешавад. Як нашрияе, ки мо онро дар матлаб зикр кардем, маводро дар сомонааш дубора чоп кард. Дар сафи аввал чунин навишта буд: «Моро танқид мекунанд, мо кӯшиш мекунем онро ислоҳ кунем». Пас аз ин, онҳо ба чунин иштибоҳ роҳ надоданд. Мо инчунин пайгирӣ мекунем, ки онҳо тасвири кӯдаконеро, ки аз хушунат ранҷ кашидаанд, нишон надиҳанд ва дар маҷмӯъ, рӯзноманигорон эҳсосотро дар камера зӯран нишон надиҳанд.

Мо силсиламаводҳои  «В Таджикистане вируса нет»— ро доштем. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ охирин кишварест, ки мавҷудияти коронавирусро расман эътироф кард. Вале ҳоло ҳам он ба қайд гирифта нашудааст, мардум «аз илтиҳоби шуш» мемиранд. Гузашта аз ин: иловаҳо ба қонун қабул карда шуданд, ки рӯзноманигорон метавонанд танҳо дар сурати гирифтани маълумоти расмӣ аз мақомоти давлатӣ дар бораи коронавирус чизе бигӯянд. Инъикоси мавзӯъи коронавирус на танҳо дар бораи касбияти рӯзноманигорон сухан мегӯяд. Сухан дар бораи он меравад, ки ҳукуматдорон бо аҳолии худ чӣ гуна иртибот доранд, онҳо то чӣ андоза кушодаанд ва вазъро то чӣ андоза назорат мекунанд. Ин дар ҳақиқат як мушкилии бузурги иҷтимоӣ аст. Пас аз пайдоиши нақди расонаӣ дар минтақа, расонаҳои иҷтимоӣ ба ин мушкилот таваҷҷӯҳ зоҳир карданд: маводҳое мавҷуданд, ки васоити ахбори давлатӣ ин ё он масъаларо чӣ гуна инъикос мекунанд.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ