ДомойХудомӯзҶалб намову ҳукмронӣ кун: чӣ гуна метавон мухотабони расонаи худро афзоиш дод...

Ҷалб намову ҳукмронӣ кун: чӣ гуна метавон мухотабони расонаи худро афзоиш дод ва шурӯъ ба касби даромад кард

«Чӣ гуна бояд лоиҳаи ҷалб карданро оғоз кард? Дақиқан на аз ҷалб кардан”, мегӯяд Мария Рзаева, директори тиҷоратии нашрияи русии “Бумага”. Дар чорчӯби озмуни грантҳо барои лоиҳаҳои Internews оид ба ҷалби мухотабон (аудиторияҳо), Мария вебинари «Форматҳои ҷалби мухотабон дар лоиҳаҳои ВАО»-ро баргузор намуд.

Озмуни грантҳо барои ҷалби мухотабон имсол якҷо бо озмун барои истеҳсоли муҳтавои (контенти) ватанӣ “Формати хурд” баргузор мешавад. Идеяҳои лоиҳа, ки воситаҳои ҷалби мухотабонро дар бар мегиранд, метавонанд маблағгузории иловагиро ба даст оранд. Дар Тоҷикистон озмун аллакай эълон шудааст.

Дар тӯли вебинар, Мария дар бораи баъзе воситаҳои ҷалби мухотабон суҳбат намуд.

«Ҷалб кардан» чӣ маъно дорад?

Ҳар гуна амал ба ғайр аз дидани саҳифа. Ҳатто як клик (пахш кардан), ки корбар дар саҳифаи матн анҷом додааст, мумкин аст ҷалб кардан маҳсуб шавад. Ҷалбсозӣ –  истилоҳи абстрактӣ аст ва мо намедонем корбарон чӣ кореро анҷом медиҳанд, ки онҳоро ҷалбшуда мекунад. Вақте ки ӯ ба маводи ирсолшаванда (рассылка) обуна шуд ва ба ҷуз хондани он амалеро анҷом дод. Шояд ба нашрия занг зада гуфт, ки чизе рух додааст. Ҳар чизеро аз миллион вариант метавон ҷалбсозӣ номид ва онро тавре ба роҳ монд, ки шумо онро мехоҳед.

Чиро метавон ҷалб кардан ҳисобид?

  • Шарҳҳо (комментарий);
  • Обуна шудан ба аккаунт дар шабакаи иҷтимоӣ;
  • Обуна шудан ба маводҳои ирсолшаванда тавассути почтаи электронӣ (email-рассылка);
  • Занг задан ба нашрия;
  • Гузаштан ба саҳифаи дуюми сайт пас аз дидани саҳифаи аввал;
  • Иштирок намудан дар чорабинӣ;
  • Ҳар чизи дигар.

Аз куҷо метавон ҷалбсозиро оғоз кард?

Дақиқан на аз ҷалбсозӣ. Ҷалбсозӣ – абзор аст ва мо асбобҳоеро намехарем, ки онҳоро истифода намебарем ва агар харем, баъдан пушаймон мешавем. Аввал шумо бояд ба худ савол диҳед: чаро ба шумо ҷалб кардан лозим аст ва шумо кадом мушкилотро ҳал кардан мехоҳед?

Ҷалбсозӣ ба мо барои чӣ лозим аст?

  • Фурӯхтан: харидани рӯзнома, обуна шудан ё хайрия;
  • Зиёд намудани мухотабони рефералӣ ва устувор кардани трафик/фурӯш;
  • Таъмини фурӯши муштарии шумо;
  • Афзоиши фарогирӣ ва маъруфияти шумо;
  • Кам кардани хароҷот барои истеҳсоли контент;
  • Роҳи осони ҷустуҷӯи мавзуъҳо ва сухангӯён (спикерҳо);
  • Ҳар чизи дигар.

Ҳангоми интихоби лоиҳа бо ҷалбсозӣ, далелҳоро метавон ба таври зерин сохт:

Мо мехоҳем сатҳи шӯҳрати бренди худро баланд бардорем. Пас ба мо фарогирии васеъ дар Инстаграм лозим аст. Инро метавон бо шумораи зиёди шарҳҳои муштариён анҷом дод, зеро бо ин роҳ Инстаграм ба мо фарогирии васеъро таъмин менамояд.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа бо ҷалбсозӣ чиро бояд дар хотир дошт?

Агар мо тасмим гирем, ки аз форматҳои ҷалбсозӣ истифода намоем, пас пеш аз ҳама мо ба раванд бо чашмони корбар назар мекунем. Чӣ бояд ӯро водор созад, то тавре амал намояд, ки мо онро мехоҳем?

Одамон дар Инстаграм шарҳҳо мегузоранд, агар онҳо саволеро дар расм бубинанд: «Субҳи шумо чӣ гуна оғоз шуд»? Оё шумо мехоҳед шарҳ гузоред?

Одамон дар Инстаграм шарҳҳо мегузоранд, агар онҳо мехоҳанд дар низоъ иштирок кунанд ё диққати дигаронро ба худ ҷалб намоянд? Аксари вақтҳо.

Мо барои худ абзорҳо месозем ва мушкилоти мухотабонро ҳал мекунем

Шумо чиро мехоҳед аз мухотабон ба даст оред? Эҳтимол тақрибан ҳамон чизе, ки рекламадиҳандагон мехоҳанд: харидҳо, таваҷҷуҳ, эътимод, садоқат ва бозгашт.

Вазифаи асосӣ дар ин марҳила ин аст, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи худ фаромӯш накунед.

Ҳангоми таҳияи роҳиҳалҳои мураккаб барои шарик, фикр кунед, ки чӣ гуна шумо ин таҷриба ва технологияро дар оянда истифода хоҳед бурд. Дар акси ҳол, ин идеяро тарк кунед ва фикр карданро идома диҳед.

Қифи маркетингӣ  чист?

Сатҳҳои гуногуни ҷалбсозӣ барои табақаҳои гуногуни мухотабон.

  • Қиф аз фарогирии васеътарин то фарогирии тангтарин сохта мешавад;
  • Ҳар зинаи қиф сатҳи ҷалбсозии худро дорад;
  • Қиф бояд системаи мантиқӣ барои аз назар гузарондани мухотабон то сатҳи баландтарини ҷалбсозӣ бошад;
  • Масалан, аз рӯи таҷриба, шумо метавонед фаҳмед: аз 1000 хонандаи мавод 15 нафар муштарӣ барои маводи ирсолшаванда (рассылки) мебошанд.

Чӣ гуна метавон нақшаро тартиб дод?

  • Ҳадафҳо ва вазифаҳоро муайян мекунем;
  • Қифи маркетингиро месозем;
  • Мухотабони ҳар зинаро тавсиф мекунем;
  • Амалҳои асосиро муайян мекунем;
  • Каналҳои робитаи мутақобилро интихоб мекунем;
  • Ҳар гуна роҳҳои корбарро месозем;
  • Барои ҳар сатҳи ҷалбсозӣ KPI-ро мегузорем;
  • Лоиҳаро оғоз менамоем ва ҳар зинаро назорат мекунем.

Вебинари мазкур дар чорчӯби Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) баргузор шуд.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ