ДомойХудомӯз13 усули пропагандаи классикӣ ва милитаристӣ

13 усули пропагандаи классикӣ ва милитаристӣ

Шалкар Нурсеитов, сиёсатшинос аз Қазоқистон ва Вячеслав Половинко, журналисти нашрияи “Новая газета. Европа” дар вақти мастер-класс “Журналистика ва пропаганда” дар бораи методҳои муосири пропаганда нақл намуданд. Мастер-класс дар чорчӯби IV-умин фестивали Осиёи Марказии MediaCAMP Fest, ки аз 8 то 10 октябр дар Алмаато гузашт, гузаронида шуд.

“Имрӯз дар тамоми автократияҳои Осиёи Марказӣ режимҳо кӯшиш мекунанд, ки модели русии пропагандаро ба кор баранд, ки онро метавон “Шланги сӯхторхомӯшкунӣ бо ҷараёнҳои дурӯғ” номид, мегӯяд Шалкар Нурсеитов. Дар маводҳои расонаҳои давлатӣ набудани мантиқ ва воқеият бартарӣ дорад. Хусусиятҳои пропагандаи муосири Россия:

  • ҳаҷми калони иттилоот ва бисёрканалӣ;
  • суръат, давомдорӣ, такрорӣ;
  • инъикос накардани воқеияти объективӣ;
  • набудани мантиқ ва пайдарпайӣ.

Дар дохили модели мазкури пропаганда чанд методи ба таври васеъ паҳншуда вуҷуд доранд.

Фургон бо оркестр

Ин равиш аз шумо даъват мекунад, ки бахше аз издиҳом шавед. Мисоли ахир: эътилофи мардумии Қазоқистон номзадии Қосим-Жомарт Токаевро ба унвони номзад ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард. Онҳо иддао доранд, ки аксарияти одамон аз номзадии Токаев ҷонибдорӣ мекунанд ва даъват менамоянд, ки ба аксарият ҳамроҳ шаванд ва бахше аз аксарият шаванд.

Барчасбзанӣ

Дар Қазоқистон блогерҳо ва коршиносони ҷонибдори ҳукуматро “нурботҳо” меноманд ва онҳо дар навбати худ мунаққидони худро “баҳодурони рӯи диван” ном мебаранд. Инро барчасбзанӣ (навешивание ярлыков) меноманд.

Шалкар Нурсеитов

Истинод ба обрӯ

Бо истифода аз ин равиш пропагандистҳо, масалан, исбот карданӣ мешаванд, ки Қазоқистон дар роҳи дуруст қарор дорад. Дар соли 2020 нашрияи сафири Қазоқистон дар рӯзномаи амрикоии The Washington Time дар кишвар ба таври васеъ паҳн карда шуд ва мухотабон (аудитория) ин нашрияро, ки дар ИМА кам маълум аст, бо нашрияи бонуфузи Washington Post омехта карданд ва боварӣ доштанд, ки ИМА аз  ислоҳоти Токаев пуштибонӣ мекунад.

Нерӯҳои берунӣ

Вақте дар кишвар эътирозҳои сиёсӣ, нооромиҳои оммавӣ рух медиҳанд, мақомот мегӯянд, ки ин кори нерӯҳои хориҷӣ аст, ки пешакӣ омода ва стратегияро таҳия кардаанд. Ин интихобкунандагонро сафарбар мекунад ва барои таблиғ намудани паёмҳои махсус мусоидат менамояд.

Муаммои бардурӯғ

Мақомот ба аудитория ду роҳ пешниҳод мекунанд: шумо метавонед ҳизби ҳокимро танқид кунед ё ба сафи он шомил шавед ва вазъиятро ислоҳ намоед. Ин ду интихоби нодуруст аст.

Истидлол (аргумент) ба одам

Вақте ки режимҳо далелҳои мухолиф (контраргумент) надоранд, онҳо ба муаллифони далелҳо ҳамла мекунанд.

Бозӣ кардан дар сатҳи халқи оддӣ

Аз ҷониби мансабдорони давлатӣ барои наздик шудан ба мардум истифода мешавад.

Чӣ гуна метавон ба қурбонии пропаганда табдил наёфт?

Саволҳо пурсед:

  • Муаллифи нашрия кист? Оё он манбаъи боэътимод аст?
  • Мавод кай нашр карда шудааст?
  • Манбаъҳои дигар дар бораи ин мавзуъ чӣ мегӯянд?
  • Оё ягон факт/далели воқеӣ вуҷуд дорад?
  • Оё платформае, ки дар он мавод нашр шудааст, боэътимод аст?

 Методҳои мубориза бо пропагандаи сиёсӣ

  • Рақобати сиёсӣ
  • Озодии сухан ва матбуот
  • Саводи расонаӣ
  • Хониши интиқодӣ, фикр кардан ва навиштан (Critical reading, thinking, writing)

 Пропагандаи милитаристӣ чӣ гуна кор мекунад?

“Пропагандаи хокистарӣ ва ба ҳама ҷо нуфузкунанда” – чунин истилоҳотро метавонанд ба методҳои расонаҳои давлатӣ дар Россия ва расонаҳои давлатии Осиёи Марказӣ истифода кард. Пропагандаи кунунӣ барои вайрон кардани аудитория кор мекунад. Ба шумо аксарият лозим нест. Вазифаи шумо ин аст, ки гурӯҳҳое, ки шуморо дастгирӣ намекунанд, бо якдигар муноқиша намоянд ё шубҳа кунанд. Беҳтар аст, ки шумо барномаи худро таҳия накунед, балки барномаи рақибонро вайрон намоед. Мем “На ҳама чиз якмаъно аст” – ин натиҷаи пропаганда аст, мегӯяд Вячеслав Половинко.

Методҳои пропагандаи милитаристӣ

Ҳамаи рафторҳо, амалҳои мухолифон дар шакли мутлақ нишон дода мешаванд ва тамоми аксарияти солим бояд ба онҳо муқовимат кунанд. Дар вақти ҷанг ин унсури пропаганда ба унсури маъмултарин табдил меёбад.

Пропагандаи классикии милитаристӣ мухолифонро беобрӯ мекунад. Ба таври мисол, радиои “Ҳазор теппа” дар Руанда, ки дар миёнаи солҳои 90-ум ба несту нобуд кардани мардуми тутсӣ даъват мекард, одамонро суск (таракан) меномиданд, ки бояд пахш карда шаванд. Дар ҷанги феълии Россияву Украина, вақте ки дар бораи ваҳшонияти ҳар ду тараф гуфта мешавад, бидуни рад кардани мавҷудияти ҳолатҳои зӯроварӣ, бояд дақиқ кард, ки дараҷаи тавсиф дар расона баландтар аз манзараи воқеӣ аст.

Гузариш ба лаҳни кӯчагӣ ҳангоми тавсиф намудани рақибони худ. Масалан, Владимир Соловёв ба канслери Олмон Шолтс бо алам ва аз роғи дандонҳо муроҷиат мекунад. Дар ҳолатҳои дигар, ҳамон Соловёв, Симонян ва Красовский ҳангоми баромадҳо метавонанд фарёд зананд – ин ҳам методи ҳадафманд аст. Бо фарёд задан шумо ҳар гуна ихтилофро пахш мекунед, нуқтаи назари шумо ягона фикри дуруст аст ва шумо тафаккури интиқодиро вайрон мекунед.

Технологияҳои муосир имконият медиҳанд, ки вазъият аз гӯшаи мувофиқ нишон дода шавад. Масалан, пахши мустақими наворҳои ҷанг. Вазифаи асосии пропаганда аз он иборат аст, ки андешаронии шахсии худ бо тасвири равшан иваз карда шавад.

Хусусияти асосии пропагандаи милитаристии муосир – ин ҳамон унсури ҳамаро фарогиранда аст. Дар замони шӯравӣ одамон пропагандаро аз тариқи радиову рӯзномаҳо ба даст меоварданд, ҷаласаҳои коллективҳо буданд, вале шумо метавонистед аз он канорагирӣ кунед. Бо рушди телевизион пропаганда ҳамаро фаро гирифт ва баробари даст ба кор задани шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо раванди пропаганда назоратнашаванда шуд. Шумо наметавонед тамоми массиви иттилоотро тафтиш намоед, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба даст меоред. Пропагандистҳо якбора миқдори зиёди иттилоотро мепартоянд, одамро ба воҳима меандозанд ва ӯ ба он манбаъҳои иттилооте, ки онро медонад ё ба он манбаъҳое бовар мекунад, ки аудиторияи зиёд доранд. Канале, ки миллион обуначӣ дорад, дурӯғ гуфта наметавонад.

Пропагандистҳо бо луғат кор мекунанд: на ҷанг, балки амалиёти махсус, мобилизатсия пурра нест, балки қисман аст, на аннексия, балки ҳамроҳшавӣ, на бомбаборонкунӣ, балки зарба бо силоҳи дорои нишонгирии дақиқ ба ҳадафҳои низомӣ.

Ҳамарӯза мо табдили истилоҳоти низомиро ба мемҳо мебинем. Аз як тараф мо “натсистҳо”, “натсионалистҳо” ва аз тарафи дигар “киштии низомии Россия”-ро мебинем. Мо “киштии низомии Россия” мегӯем ва ба ин ибора маънои истеҳзоомезро мегузорем, вале агар амиқтар нигоҳ кунед, дар ин киштӣ аскарони оддии ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъватшудаи Россия буданд, ки ҷанг кардан намехостанд.

Чӣ гуна метавон муқовимат кард?

Сарфи назар аз арсенали калони воситаҳо, самарабахшии пропагандаи агрессивӣ коҳиш меёбад. Пропаганда то даме кор мекунад, ки ҳадди ақал аз се як ҳиссаи кадрҳои воқеиро истифода барад. Ҳамин ки тасвир дар расона бо манзараи берун аз тиреза ноҳамоҳангии ошкор пайдо мекунад, пропаганда дучори буҳрон мешавад. Ҳарчанд нуфузи он дар фазои пасошӯравӣ ҳанӯз баланд аст. Барои мубориза бо он ба мо каналҳои алтернативии журналистикаи баландсифат лозим аст, мо бояд аудиторияро омӯзиш диҳем, ки ба тарафи дигар гӯш диҳад ва худро ба ҷои рақибон гузорем. Вазифаи журналистҳо – нишон додани ҳамаи ин тарафҳо мебошад. Мо бояд қобилияти шунидан ва гӯш кардани якдигарро дубора пайдо кунем. Сарфи назар аз равшану возеҳ будани чунин маслиҳатҳо, ҳоло ин вазифаи ниҳоят душвор аст.

MediaCAMP Fest бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) амалӣ карда мешавад. Фикру андешаҳои сухангӯён на ҳатман нуқтаи назари ЮСАИД ё ҳукумати ИМА-ро инъикос мекунанд.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ