Аъзоёни ҳакамон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон натиҷаи иштирок дар озмуни Озмоишгоҳи медиа ва навовариҳои иҷтимоӣ, ки дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) санаҳои 25-26 июни соли 2015 баргузор мешавад, ҷамъбаст намуданд.
Дар давоми баргузории Media ва Social Innovation, намояндагони васоити ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, таҳиягарон ва веб-дизайнерҳо зери роҳбарии роҳнамоёни касбӣ дар татбиқи лоиҳаҳои онлайнӣ, ки ба ҳалли проблемаҳои мушаххаси иҷтимоии ҷомеа, шаҳрҳо, кишвар ва ғайра равона карда шудааст, якҷоя кор хоҳанд кард.
Ташкилкунандагони чорабинӣ — » Намояндагони Интерньюс Нетуорк дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Фонди Ҷамъятии «Kloop медиа» мебошад.
Ба ин озмун 61 дархост фиристода шуд, ҳамаи лоиҳаҳо хеле гуногун ва ҷолибанд.
Мо 10 ғояҳои интихобшуда, ки ВАО, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, IT-мутахассисони Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, давоми ду рӯз бо онҳо кор хоҳанд кард, пешниҳод менамоем.
Қирғизистон
- Лоиҳаи Фонди Ҷамъиятии « Барномаҳои Дастгирии Рушди Ҷомеаҳои Кўҳистон дар Қирғизистон». Фонди Ҷамъиятӣ бо ташаббуси Фонди «Оғохон» роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он беҳтар намудани шароити зиндагии ҷамоатҳои мақсаднок дар минтақаҳои кӯҳии дурдасти Қирғизистон мебошад.
Тарҳрезӣ ва таъсиси харитаи интерактивии рақамии шаҳр бо маълумоти хизматрасонии коммуналӣ — низоми таъминот бо об, баровардани партовҳои сахти маишӣ ва ғайра ва имконияти муошират бо ҷомеаи маҳаллӣ.
Ба шарофати роҳандозӣ гардидани лоиҳа, тамошобинони веб-замима аз «дасти аввал» дар бораи вазъи кунунии система, нақшаҳои амалиётӣ ва стратегии хизматрасонии коммуналӣ шиносоӣ пайдо намуда, мубодилаи мулоҳиза ва маслиҳатҳо хоҳанд кард.
Дар навбати худ, хизматрасонии коммуналӣ воситаи қуллайро барои банақшагирии фаъолият ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дастрас менамоянд.
- Лоиҳаи ТҒТ «Наш уютный двор”. Коркарди барномаҳои мобилӣ барои сокинони Бишкек, ки бо кӯмаки он шаҳрвандон метавонанд дар бораи мушкилоти ҳавлии худ гап зананд.
Маълумот, аз ҷумла аксҳои ҳисоботӣ, ба таври худкор ба манбаи ягона дохил мешавад ва бо дастрасии озод дар сомонаи Фонди Ҷамъиятии dvor.kg ҷойгир карда шуда, сипас таҳлил мегардад.
Чунин таҳияи тасвири умумии рушди шаҳр, ба хадамоти шаҳрӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ барои ба зудӣ амалӣ намудани рӯйдодҳои маҳаллӣ ва умумишаҳрӣ мусоидат менамояд.
- Лоиҳаи ОРТРК“Ынтымак”. Эҷоди барномаҳои мобилӣ бо мавод барои кӯдакон, бо забони қирғизӣ.
Таркиби замима — аудио афсонаҳо, тасвирҳо, муаммо, матнхо барои хондан ва инкишофи кӯдак, филмҳои тасвирӣ, сурудҳо, метавонанд бо кӯмаки маълумот аз манбаъҳои давлатӣ, дар мувофиқа бо муаллифони мавод таҷдид гарданд.
Дар назар аст, онлайн- майдончаи алоҳида таъсис дода шавад , ки дар он кӯдакон метавонанд доир ба масъалаҳои муҳими давлатӣ мубодилаи афкор намуда, мушкилоти ҷойдоштаро муҳокима карда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод созанд. Ҳамзамон онҳо имкон доранд, ки видеомаводҳои хурди худро ҷой диҳанд.
Дархост барои мусоидат намудан ба пешрафти маводи қирғиззабонҳо ва кӯмак дар таълиму тарбияи насли наврас равона карда шудааст.
Таджикистан
- Лоиҳаи Агентии Иттилоотии «Азия-Плюс». Қоркарди веб-замимаҳо дар сомонаи news.tj AИ, барои истифодабарандагони роҳи автомобилгарди Душанбе.
Унсури асосии лоиҳаи махсус, харитаи интерактивии шаҳр бо маълумоти муҳим барои ронандагон — дар бораи чорроҳаҳои хатарнок (сатҳи баландтарини садамаи нақлиётӣ), маълумот дар бораи роҳҳои дар шаҳр таъмир шуда истода, душворгузар ва ғайра хоҳад буд.
Ҳамзамон таҳия ва ба кор андохтани қисмати махсус дар сомонаи агентӣ, ки дар он меҳмонон метавонанд маълумоти муфидро дар бораи роҳҳои бехатари идора кардани нақлиёт, тағйир ёфтани қоидаҳои роҳ, маблағи ҷарима, маслиҳатҳои муфид оид ба дуруст муносибат намудан ба кормандони БДА ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.
- Лоиҳаи ТҒД «YGPE». Таъсис додани воситаҳои онлайнӣ (фасл дар сомонаи ТҒД ва саҳифа дар Facebook) барои гузаронидани мониторинги ҷамъиятӣ ва назорати коммуналӣ дар шаҳри Хуҷанд.
Лоиҳа имкон медиҳад, ки сокинони шаҳр мушкилот ва ӯҳдадориҳои худро беадолатона иҷро намудани ташкилоти соҳаи хизматрасонии манзилию коммуналиро бартараф созанд.
- Лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии «Насл» (ТҶ). Эҷоди захираи онлайнӣ дар соҳаи маориф, барои таълими кўдакони имконияташон маҳдуд. Лоиҳа коркарди майдончаи интернетиро мемонад, ки дар он кўдакони маъюб на танҳо таълим ва тарбия мегиранд, ба якдигар кӯмак мерасонанд, балки бо ҳамсолонашон низ муошират хоҳанд кард.
Дар айни замон муаллимон маҷбуранд, ки бо кӯдакони махсус дар алоҳидагӣ, дар хона кор кунанд, интернет- манбаъ ба омӯзгорон имконияти ҷойгир кардани маводи таълимиро (машқҳо, видеоҳо, вазифаҳо ва ғайра) барои дастрасии доимӣ медиҳад.
Қазоқистон
- Лоиҳаи Маркази иттилоотии ташкилоти ҷамъиятии «Карагандинский областной экологический музей”.
Коркарди харитаи интерактивӣ бо як пойгоҳи нуқтаҳои экологии «гарм» бо маълумот дар бораи партовҳо ва таъсири ифлосшавӣ ба саломатии инсон.
Маълумотро дар бораи вазъи экологӣ, созмонҳои ғайридавлатии экологӣ ба воситаи махзанҳои худ ва иттилооти кушодаи хадамоти давлатӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Ҳар як шахс имконият дорад, ки дар бораи манбаъҳои ифлоскунанда, дараҷаи зарари он ба муҳити зист, моддаҳои зараровар ва таъсири онҳо ба саломатӣ, аз ҷумла нишонаҳои заҳролудшавӣ ва навъҳои гуногуни табобат маълумот пайдо кунад. Шарики лоиҳа ширкати телевизонии «ТАН» -и Қазоқистон аст, ки дар Алмаато ва дар шабакаҳои кабелии кишвар пахш мегардад.
- Лоиҳаи ФҶ «Фонд женского лидерства» (Алмаато). Силсилаи лонгрид (хониши дароз)-ҳо (формати пешниҳоди маълумот, барои нақли дарози ҳикояҳои «амиқ») барои ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеа, аъзоёни парлумон ва ҳукумат ба проблемаи даст ба худкушӣ задани кӯдакону наврасон ва роҳҳои ҳалли ин мушкилот пешбинӣ шудааст.
Дар назар аст, интернет-хизматрасонии «Антисуицидальный патруль» (Посбони зидди сӯиқасд ба ҷон ) таъсис дода шавад. Он ба ихтиёриён имконият медиҳад, дар онлайн сомонаҳо ва гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мониторинге, ки даст аз худкушӣ кашиданро тарғиб мекунад, гузаронанд. Равоншиносони касбӣ метавонад дар манбаъ бо падару модарон барои муайян намудани майлҳои худкушӣ дар кӯдакон машваратҳо гузаронида, ба онҳо чӣ тавр пешгирӣ намудани худкуширо омӯзанд. Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки харитаи интерактивии минтақаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар он худкушӣ бештар ба қайд гирифта шудааст, нишон дода шавад.
- Лоиҳаи ШММ «Собкор» (Шимкент). Хизматрасонӣ дар асоси онлайн-харитаҳо ва барномаҳои мобилӣ оид ба мушкилоти нақлиёт дар Шимкент: ҷадвали автобусҳо, ҳолати техникии нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, мушкилоти нақлиёти шаҳрӣ — «бо суръати тез рондани нақлиёт» дар роҳҳо ва рафтори кормандон – дуруштии назоратчиён ва ғайраҳо. Дар ҳайси шарики лоиҳа, коршиноси портали костанаии «Наша газета», ки дар он чунин лоиҳа бомуваффақият амалӣ мегардад, баромад хоҳад кард.
Хизматрасонӣ имконияти ҷойгиркунии дархостҳои интерактивии шаҳрвандон: вайрон намудани қонун бо аксҳо ва видео, фиристодани дархост ба мақомоти давлатӣ ва ғайраро таъмин менамояд.
- Лоиҳаи дастаи Алмаато иборат аз як журналист ,таҳиякунанда ва корманди ихтиёрӣ таҳти унвони «Я помогу.» Ташкили замима, мақсади кӯмак расонидан ба ҳамаи гурӯҳҳои гуногуни аҳолиро дорад.
Хизматрасонӣ ду бобро дар бар мегирад: “Помогу” –эълон бо хоҳиши кӯмак расонидан тавассути дастон, иштироки шахсӣ ( соз кардани ҷуммаки оби собиқадор ва амсоли ин), «“Финансовая помощь” ( кўмаки молиявӣ) -эълони ТҒД ва фондҳои ҷамъиятӣ оид ба ҷамъоварии хайрия, “Отдам”-эълони омодагии супоридани ашё, маводи озуқаворӣ ва ғайра
Ҳамчунин дар нақша аст, сомона бо иловаи қисмати «Саҳмияҳо» пешниҳод гардад. Дар он маълумот дар бораи будани ҷойҳои дастрас, барои гузаронидани саҳмияҳои хайриявӣ ҷойгир карда хоҳад шуд.
Матни аслӣ: http://newreporter.org/