Муомила ба Gif-аниматсия, чун як намуди пешниҳоди мавод номуайян мемонад. Ба касе аксҳои ҳаракаткунанда озурдаҳоли меорад, дар дигар нашрияҳо умуман онро беасос мехонад.
Ба ҳар ҳол ин тавр нест. Gif-аксҳоро, барои мисол, назар ба видео, истифодаранбагон кашида намегиранд.
Фикри асосиро бошад тариқи онҳо нишон додан мумкин. Хусусан, агар ин фикрҳо якчанд аксро дар бар мегиранд.
Бубинед, ки инро дар theatlanticwire.com чи тавр пешниҳод намуданд. Дар умум исфтифода бурдан ё набурдан масъалаи дигар. Лекин малакаи сохтани суратҳои зиндаро бояд омӯхт.
Picasion.com – хело хизматрасонии содда, барои сохтани аксҳои аниматсионӣ. Аз шумо танҳо вориди якчанд сурат. Равиши кор бошад боз соддатар. Натиҷаро метавонед дар фесбуку твиттер ирсол намоед, дар компютератон ҳифз кунед, иснодро бошад дар сомонаатон ҷой диҳед.
Gickr.com – бо ҳамон тарз кор мекунад. Лекин ин хизматрасони бошад сохтани аксҳои зиндаро аз аккаунти Flickr-атон имкон медиҳад.
Боз якчанд сомонаҳои монанд — superfotko.ru ва htmlweb.ru.
Нуқтаи муҳим – дар хотир доред, ки Gif-натиҷаи шавқовари асли, танҳо ҳангоми дуруст паиҳам гузоштани аксҳо ва фосилаи ками вақт ба даст меояд. Аз ин сабаб аксҳои аниматсионии хуб аз видео бармеоянд.
Gifninja.com барои шумо аз видео акси аниматсиони эъҷод менамояд, инчунин баҳри гузоштан дар твиттеру фейсбук ёри мерасонад, кодро барои сомона омода месозад ва исноди дақиқро пешниҳод мекунад.
Video2gif.net — боз як абзор барои сохтани аксҳои ҳаракаткунанда аз видео.
Gifsoup.com барои сохтани Gif бо видеои дар YouTube буда — пешбини шудааст. Барои оғози кор бояд аз қайд гузаред. Лекин баъдан равиши кор содда мешавад – исноди наворро нишон медиҳед, қисми лозимаро интихоб мекунед (ройгон танҳо 15 сония. Тавсири музднок -5 доллар барои як моҳ, 15 барои ним сол ва 25 солона), бахш ва шабакаро интихоб мекунед ва тегҳоро мегузоред.
Gifyo.com — хизматрасони барои онҳое, ки акси аниматсиониро аз камера дастрас кардан мехоҳанд. Даромад тариқи аккаунтҳои твиттер ё фейсбук. Якчанд акс мегиред, ки аз онҳо GIF омода мешавад, баъдан онро тариқи шабакаҳо метавоне ирсол намоед.
Дар ин навор бошад шарҳи сохтани GIF-аниматсия тариқи Photoshop дода мешавад. Ин аллакай сатҳи нав ва расми шумо касбӣ мебарояд. Агар шумо вақт ва хоҳиши соҳиби малакаи нав шудан дошта бошед – кӯшиш кунед айнан ҳамин роҳро омӯзед.
[youtube youtubeurl=»m2kqenqcTOY» ][/youtube]
Gif-animator.com — боз барномаи касбӣ барои сохтани аксҳои аниматсиони, музднок, лекин гарон не. Бар ивази 29 доллар шумо соҳиби барнома бо муҳаррир ва эффектҳои моҳиронаи GIF мешавед.
Ройгон метавонед Total Video Converter –ро гиред, ин абзор на танҳо барои сохтани GIF аз видео, балки ба форматҳои дигар гардонидани маводҳо мешавед.
Аксҳои “зиндаро” – “мобили” метавонед бо ёрии cinemagr.am хизматрасонии ройгон барои Iphone созед, барои Android бошад аз барномаи GifBoom истифода баред.
Матни аслӣ: http://newreporter.org