ДомойMedia and Social Innovation LabМастер-класси Иван Печитшев «Брэндинги лоиҳаҳои иҷтимоӣ». Тезисҳои асосӣ.

Мастер-класси Иван Печитшев «Брэндинги лоиҳаҳои иҷтимоӣ». Тезисҳои асосӣ.

Мастер-класси «Брэндинги лоиҳаҳои иҷтимоӣ» — ии  Иван Печитшев, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатиии миллии Перм, ҳамоҳангсози «Гармхонаи технологияҳои иҷтимоӣ», te-st.ru:

[youtube youtubeurl=»-KFsetprNrI» ][/youtube]

«Имрўз мо ба аудитория номаҳдуд дастрасӣ пайдо кардем. Боз як манбаи муҳими технологӣ. Ҳеҷ чизе вуҷуд надорад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ меофаранду Шумо аз ӯҳдаи он набароед. Ҳама чиз имконпазир аст. Ҳангоми коркард намудани лоиҳа мақсади онро дар ёд доред. Саволи асосӣ: Барои чӣ ман, мо ҳоло маҳз барои ин аудитория дар ин бора мегўям?

Максади лоиҳа гуногун буда метавонад:

  1. замимавӣ
  2. фосилавӣ
  3. стратегӣ

Нуқтаи назаре, ки гаштаю баргашта мегӯяд аудитория. Тавсифи қобилияти ақлонии аудиторияро амиқ гардонед, ки чи инсонро хурсанд карда метавонад? Ғамгин шудан? Тарзи ҳаётгузаронии одамоне, ки лоиҳаатон ба онҳо бахшида мешавад, чӣ гуна аст?

Сухани муҳим барои аудитория ин “аз ман, аз худам” аст. Зарур аст, ки мушкилоти як нафари амиқро ҳал карда тавонем.

Муваффақияти ҳақиқӣ ин тартиб додани лоиҳае, ки дар рақобат бо силсилафилми «Игра престолов» ғолиб ояд.»

Баъдан, чӣ хел аудитория бо лоиҳаи Шумо якҷоя амал карда метаонад? Чӣ бояд кард? Биёед барои равшанӣ андохтан ба ин саволҳо супоришҳои амиқро дида мебароем.

Рқобат. Ин ҷабҳа ҳам хело муҳим аст. Мо барои таваҷҷўҳро ба даст овардан рақобат мекунем. Мо иштирокчиёни рақобати глобалӣ ҳастем. Аз байни ахбороти зиёд мо танҳо ҳамонҳояшро интихоб мекунем, ки эҳсосотро меангезанд.

Аудитория бисёр вақт дар доираи 2-3 сарчашмаи ахборотӣ таваққуф менамояд. Яъне гўё дар “пиллаи ахборот” таваққуф мекунанд. Чӣ тавр  аудиторияо якҷоя бо лоиҳаи Шумо кор мекунад?

Мундариҷаи лоиҳа:  ҳатман бояд фарогири фикру ақидаҳо ва маълумотҳои далелнок ва оморӣ бошанд. Агар яке аз ин гуфтаҳо дар лоиҳа мавҷуд набошад, пас лоиҳа оянда надорад. Агар лоиҳаи Шумо дорои маълумотҳои асосӣ набошад, пас ҷустан лозим аст.

Манбаи ахборот:

  • Муаллифони лоиҳа ва ихтиёриён
  • Давлат
  • Тиҷорат
  • Маълумотҳои асосии дастрас
  • Краудсорсинг.

Аз ҳама ҳамкории зич тавассути замимаи мобилӣ хоҳад буд, зеро замимаи мобилӣ монанди як чизи наздику эҳсосӣ аст.

Ном, логотип ва «баста» — и лоиҳа намуди он ва ҳатто номаш чӣ хел ба гўш мерасад, ниҳоят муҳим аст. Зеро ин  чизест, ки лоиҳа «мефурўшад».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ