ДомойMedia and Social Innovation LabОзмун барои иштирок дар «Лабораторияи медиа ва инноватсияҳои иҷтимоӣ» - 2017

Озмун барои иштирок дар «Лабораторияи медиа ва инноватсияҳои иҷтимоӣ» — 2017

Медиа, ТҒҲ, IT-мутахассисони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои иштирок дар сеюмин «Лабораторияи медиа ва инноватсияҳои иҷтимоӣ» даъват карда мешаванд. Ин — имконияти беҳамтои омӯзиши сӯҳбатороӣ дар бораи мушкилоти иҷтимоӣ бо тарзи нав, ҷалби аҳолӣ ба ҳалли онҳо, ба вуҷуд овардани воситаҳои муосири босифат барои амалӣ намудани ташаббусҳои иҷтимоӣ мебошад.

Соли ҷорӣ Лаборатория 21-23 май дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

«Лабораторияи медиа ва инноватсияҳои иҷтимоӣ» — лоиҳае, ки дар доираи барномаҳои Internews «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» таҳти сарпарастии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад. Ташкилкунандагони чорабинӣ — Интернюс дар Тоҷикистон, Tcell, Институти «Ҷомеаи Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ассотсиатсияи пахшкунандагони мустақил ва истеҳсолкунандагони аудио видеомавод, ТҒҲ «Хома» мебошанд.

Дархостҳо барои лоиҳаҳои онлайни иҷтимоӣ, ки дар он мушкилоти воқеии шаҳр, минтақа ва кишвари Шумо бо кӯмаки замимаҳои мобилӣ, лонгридҳо, лоиҳаҳои харитасозӣ, лоиҳаҳои махсус ва ғайра ҳал кардан мумкин аст.

Барои иштирок дар чорабинӣ 9 дархост — се дархост аз ҳар як кишвари иштироккунанда интихоб карда мешавад. Дар давоми «Лабораторияи медиа инноватсияҳои иҷтимоӣ» дастаҳо метавонанд дархостҳои хешро коркард карда, онҳоро бо кӯмаки устодони касбӣ ба лоиҳаҳои корӣ табдил диҳанд,

Аз рӯи натиҷаи Лаборатория беҳтарин онлайн-лоиҳаҳо аз кишварҳои иштирокчӣ бо грантҳои хурд дар ҳаҷми 1500 $ таъмин карда мешаванд.

Илова бар ин, лоиҳаҳои коркардшуда ба шарикони медиаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои рушди минбаъда, пешбурд ва устувории онҳо ба нақша гирифта мешавад.

Ҳамагӣ 27-30 иштирокчӣ аз се кишвар даъват карда мешаванд. Интернюс дар Тоҷикистон хароҷоти сафар, зист ва хӯроки ҳамаи иштирокчиёнро пардохт менамояд.

Дархостҳо ҳам ба шакли инфиродӣ ва ҳам гурӯҳӣ аз мутахассисони медиа, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, сохторҳои давлатӣ ва мутахассисони IT аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

 

Меъёрҳои интихоби лоиҳаҳои дархостӣ:

  • Лоиҳа бояд масъалаҳои дахлдор, саривақтӣ, иҷтимоиро ҳал намояд;
  • Лоиҳа бояд ба осонӣ мутобиқ гардонида шавад/ дар захираи мавҷудаи медиа ворид карда шавад;
  • Лоиҳа бояд аудиторияи мақсаднок дошта бошад;
  • Лоиҳа бояд нақшаи амалӣ намудани ғояи пас аз ин чорабинӣ (фандрайзинг, пешбурд ва рушди устувор)-ро дошта бошад;
  • Иштирокчиён бояд таҷрибаи амалӣ намудани медиа, иҷтимоӣ, ё IT-лоиҳаҳо дошта бошанд;

Дархости шакли пуркардашуда ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашавандаро ба суроғаҳои электронӣ то 12 апрели соли 2017 фиристонед. Дар мавзӯи мактуб лутфан «InLab-2017»-ро нишон диҳед:

Довталабон аз Қазоқистон oossadchuk@internews.org

Довталабон аз Қирғизистон vgalich@internews.org

Довталабон аз Тоҷикистон apopovanews@gmail.com

Шакли дархостро аз ин ҷо зеркашӣ кардан мумкин аст.

Натиҷаҳои озмун 17 апрели соли 2017 дар сомонаи www.newreporter.org эълон кард хоҳанд шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ