ДомойЛоиҳаҳои моNewsroom 2.0ВАО-ро чӣ тавр пеш бурдан мумкин аст? 5 маслиҳат аз онлайн-нашрияи «Шоми...

ВАО-ро чӣ тавр пеш бурдан мумкин аст? 5 маслиҳат аз онлайн-нашрияи «Шоми Бишкек»

Нашрияи «Шоми Бишкек» (Вечерний Бишкек)-и ҷумҳурии Қирғизистон яке аз иштирокчиёни лоиҳаи бунёди редаксияҳои конвергентии Newsroom2.0 аст. Ба санаи имрўз vb.kg ба сафи ду пешвои онлайн-ВАО Қирғизистон ворид шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақоми аввалро соҳиб аст. Теъдоди умумии истифодабарандагон 84 ҳазору 497 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамарўза ба портали «Шоми Бишкек» зиёда аз 34 ҳазор истифодабарандагон ворид мешаванд. PR- менеҷери «Шоми Бишкек» Елена Чернова 5 маслиҳатро дар бораи чӣ тавр пеш бурдани кори ВАО, ҷалби муштариён ва истифодаи шаклу усулҳои нави пешниҳоди иттилоот шарҳу эзоҳ дод:
1. Ҳама гуна майдончаҳоро дар Интернет истифода баред: шабакаҳои иҷтимоӣ, анҷуманҳо. Дар Қирғизистон сомонаҳои иҷтимоии Twitter, Facebook и форум Diesel басо маъруф аст. Интиқодро ба мақолаҳои шавқовар ҷой дода, шумо на танҳо хонандагони навро ҷалб месозед, ҳамзамон дар бораи аз рақибон чӣ тавр пеш гузаштанро аз шарҳҳои муштариён хоҳед фаҳмид.
Қабл аз он, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ аккаунтҳоро фаъол созед, доираи хонандагони худро омўзед. Шумо бояд ба таври дақиқ донед, ки — кӣ дар кадом сомонаҳои иҷтимоӣ шуморо мутолиа мекунад.
Масалан, аз сомонаи иҷтимоии Фейсбук сиёсатмадорону тоҷирон ва ҷавонони «пешқадам» истифода мебаранд. Дар Твитер доираи хонандагонаш ба ҳамин монанд аммо, пешниҳоди иттилоот куллан дигар аст. Дар «Ҳамсинфон» (Одноклассники) бештар анонсу гузоришҳоро аз чорабиниҳои гуногуни вақтхушкунанда меписанданд. Ҳарчанд, мавзўъҳои муайяни сиёсӣ низ хонданбобанд. Зеро, аз «Ҳамсинфон» насли калонсол истифода мебаранд, ки намояндагони онҳо дар Фейсбук каманд.
Дар Vkontakte асосан ба дастовардҳои қирғизистон дар хориҷа мароқ зоҳир мекунанд. Instagram мутаассифона, гузариш ба сомонаро таъмин карда наметавонад. Бинобар ин ҳам, мо онро барои риояи қонун аз тарафи хонандагон ва болоравии обрўи ВАО пеш мебарем.
«Мўҳрача»-ро фикр карда бароед, ки рақибон надоранд ва маҳз хонандагони минтақаи шумо мароқ зоҳир мекунанд. Масалан, мо Дар сомонаҳои иҷтимоӣ доимо рубрикаҳоро нашр мекунем.

Инҳо суратҳои дар шакли фирмавӣ кашидашуда.

Хонандагони мо аллакай ба он одат кардаанд, ки ҳар бегоҳ мо маълумот дар бораи обу ҳаворо барои пагоҳ ҷой мекунем ва кадом намуди либосро пўшидан ё ҳамроҳи худ чатр гирифтанро маслиҳат медиҳем.


Дар рафти иттилоот на ҳама маводҳои шавқовару муҳимро тахмин карда метавонанд. Барои осон намудани ин кор мо давра ба давра «иқтибоснома»-ро бо муҳимтарин андеша ва гоҳо хандаовари сиёсатмадорон меорем.


Ҳамчунин овардани ахбори мухтасар бо маълумотҳову рақам ва далелҳои шавқовар дар бораи Қирғизистон ба ҳукми анъана даромадааст.


Умуман, мо кўшиш мекунем хонандагони худро доимо аз раванди воқеаву рўйдодҳо огаҳ созем. Санаҳои муҳим ва ё ҳатто охири моҳ пардохт намудани Интернетро ёдрас мешавем.


Рекламаро дар Интернет низ истифода баред. Лоиҳаҳои махсусро бо ёрии рекламаҳои контекстӣ тарғиб кунед. Имконияти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашри саҳифаҳои махсус ва бахшҳои алоҳидаро истифода баред.
2. Бо хонандаи худ наздик бошед. Бо ў гуфтугў кунед ва дар ў хоҳиши иншои шарҳ ба навгониҳо ё бахшҳои шумо дар сомонаҳои иҷтимоӣ пайдо мешавад. Ин пеш аз ҳама СМС аст. Аммо, дар бораи пеш бурдани захираи иттиллотӣ ба ин бахш махсус эътибор додан меарзад. Дар як рўз мо хоҳишу норизогӣ, пешниҳоди зиёди хонандагонро дар шарҳу хабарҳои шахсиашон мегирем.
Мекўшем ба таври фаврӣ ба ҳама гуна луқма посух дода, гуфтугўро
барқарор нигоҳ дорем. Воқеан ҳам, ба мутахассис- SMM тавсия медиҳем, ки рўйхати троллейҳои тахминиро таҳия созанд, ки бо онҳо бояд ба таври махсус муносибат кард. Ин вақти шуморо сарфа ва аз асабоният эҳтиёт мекунад.
3. Трендҳои иттилоотиро пайгир шавед ва хонандаи худро ба ҳайрат гузоред. Лоиҳа аз Internews ”Newsroom 2.0” аввалин редаксияи конвергентиро дар Қирғизистон — vb.kg –ро ба таҳияи маводмаводҳо бо истифодаи Timeline ва Storify ҳидоят кард. Ин гуна маводҳо диққати хонандагонро ба худ ҷалб месозад ва дар сомона бо тамошои сурату омўзиши иттиллот ба муддати дароз қарор хоҳанд гирифт.

4. Ҳар корманд бояд барои пешбурди кори сомона кўшиш намояд. Ин ҷо сухан на танҳо дар бораи иттилооти муҳиму сифатнок меравад, кадоме, ки ин бояд вазифаи муқаддаси ҳар корманди редаксия аст. Ҳамзамон, паҳн сохтану муҳокимаи навгониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз аккаунтҳои худист.
Роҳбариятро зарур аст, ба кормандон фаҳмонанд, ки бо вуҷуди он ки саҳифа дар шабакаи иҷтимоӣ фазои шахсӣ аст, ҳар нафар бояд фаромўш насозад, ки вай симои редаксия мебошад. Дар баҳсҳо иштирок кардан зарур аст. Аммо, боадабона, бе гуфтаҳои зиёдативу таҳқир.
5. Шабакаро аз доираи Интернет берун пеш баред. Масалан, ба ғайр аз усули санҷидашуда дар шакли ҳамкории иттиллотӣ, vb.kg доимо чун ташктлотчии чорабиниҳои гуногун баромад мекунад. Лоиҳаҳои аҷиб- имкон медиҳанд доираи нави хонандагонро ба сомона ҷалб ва дурусткорӣ ба роҳ монда, бо хонандагон дар шароити озод чашм бо чашм гуфтугў карда шавад.


Маводро Айзатбек Бешов, веб-муҳаррири сомонаи Интерньюс Қирғизистон тайёр карда шудааст.

http://newreporter.org/2015/04/06/kak-prodvigat-media-5-sovetov-ot-onlajn-izdaniya-vechernij-bishkek/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ