ДомойХудомӯзDataminr. Мушоҳидаи тамоюлҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар реҷаи воқеӣ

Dataminr. Мушоҳидаи тамоюлҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар реҷаи воқеӣ

Сомонаҳои иҷтимоӣ, махсусан твиттер, барои медиа яке аз воситаҳои асосии ҷустуҷӯи асосҳои иттилоотӣ, воқеаҳо, шоҳидони воқеаҳо ва ҳоказо мебошад.

Ба наздикӣ мо дар бораи хизматрасонии  Groundsignal.com, ки бо ёрии он метавон мӯҳтавои истифодабарандагиро аз рӯи маълумотҳои геолокационӣ назорат кард, нақл намуда будем. Ин намуди воситаҳо аллакай ҷузъи муҳими кори нашрияро, ки баҳри истифодабарии медиаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст, ташкил медиҳад. Таъсирнокии зиёди сомонаҳоро чун сарчашмаи аввали иттилооти муҳим метавон дар мисоли хизматрасониҳои пулакиву касбӣ, чун   Dataminr бидид.

Dataminr.com соли 2009 ташкил ёфта, имрӯз чун барномаи амалиёти ҷустуҷӯии таҳлилӣ, ки дар реҷаи воқеӣ маълумотҳоро аз сарчашмаҳои кушода, назорат менамояд, баромад мекунад.  Вай дар навбати аввал, аз твиттер гирифта, онро тасниф мекунад, муҳимияташро муайян мекунад ва истифодабарандаро барои дақиқаҳо ва ҳатто то соатҳое, ки воқеа ба тренд табдил меёбад, хабардор мекунад.

Хизматрасонии Dataminr барои ширкатҳое, ки дар соҳаи молия, бехатарӣ, бахши давлатӣ кор мекунанд, муқаррар гаштааст. Аз соли 2014 муштариёни манбаъ акнун ВАО низ шуда метавонанд – ҳоло аз ин хизматрасонӣ садҳо медиаташкилотҳо аз тамоми ҷаҳон истифода мекунанд.

Инҷо метавон якчанд мисоли кори  Dataminr –ро бидид – хабар дар твиттер оид ба аз хати роҳи оҳан баромадани қатора, дар бораи ҳуҷум ба донишгоҳ, то баромадани маълумоти расмӣ дар хабарҳо тӯли 10 дақиқа аз ҷониби хизматрасонӣ таҳлил карда шуда буд.

Мизоҷи Dataminr  яке аз аввалинҳост, ки дар бораи рангинкамони дукарата дар Лонг – Айленд огоҳӣ ёфт – ин акс (фотография) минбаъд дар тамоми ҷаҳон машҳур гашт.

Воситаҳое чун Dataminr, эҳтимол меравад, ки ба наздикӣ бо суръати баланд рушд хоҳанд кард. Агар имконияти «пешгӯӣ» кардани тамоюлҳо ба медиаи шумо алҳол ҳусни таваҷҷӯҳ дошта бошад, шумо бо дархости худ ба dataminr.com. муроҷиат карда метавонед.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ