ДомойХудомӯзSpark – онлайн-восита барои таҳияи маводи мултимедиявӣ

Spark – онлайн-восита барои таҳияи маводи мултимедиявӣ

Spark.adobe.com – онлайн-хизматрасонии содда ва ройгон мебошад, ки бо кӯмаки он ба таври осон таҳия ва ё сохтан мумкин аст:

  1. баннерҳо ва постерҳо
  2. тасвирҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ
  3. видео, слайд-шоу
  4. саҳифаҳо

Барои истифодаи восита барои Шумо зарур аст, ки аккаунтро дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян карда, аз қайд гузаред ё ворид шавед. Сипас Spark барои интихоб пешниҳод менамояд, ки кадом намуди маводро Шумо таҳия кардан мехоҳед.

Агар ин – тасвир аст, танҳо муайян кунед, ки барои кадом шабакаи иҷтимоӣ (фейсбук, инстраграм) ё кадом андозаро Шумо мехоҳед мутобиқ намоед. Шумо метавонед мавзӯъҳо, заминаҳо, ороиши умумӣ, формати матнро тағйир диҳед.

Лоиҳаи тайёр дар формати Jpeg боркашӣ карда мешавад.

Агар Шумо хоҳишманди саҳифасозӣ ба ифтихори чорабинӣ оид ба мавзӯи муайян ва ғайра бошед, дар меню нуқтаи Page-ро интихоб кунед. Ҳамзамон, дар саҳифа истинод, видео, матн ва ғайраро ба осонӣ илова кардан мумкин аст.

Қисми асосии мултимедиа-муаррифии тайёрро бо коди HTML дар сомона ҷой додан мумкин аст.

Дар хотир гиред – ин вазифа на ҳамаи шрифтҳоро пуштибонӣ мекунад.

Видео ва слайд-шоу маҳз бо чунин принсип сохта мешаванд. Шаблон, тасвир (онҳоро зеркашӣ ё истинодро муайян намоед), видеоҳоро интихоб кунед. Агар зарур бошад, ҳамоҳангии овозии лоиҳаро сабт намоед.

Файлро дар формати Mp4 зеркашӣ ё дар сомона бо код ҷойгир кардан мумкин аст. Ба сифати замимаи мобилӣ хизматрасонӣ барои истифодабарандагони дастгоҳҳо дар iOS дастрас аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ