ДомойМедиалентаВебинар оид ба «Масалаҳои этикаи рўзноманигорӣ»

Вебинар оид ба «Масалаҳои этикаи рўзноманигорӣ»

22-юми июни соли равон, соати 13:00  бо вақти Астана, Бишкек, бо вақти Душанбе соати 12:00, бо вақти Маскав 10:00 вебинари Александр Амзин оид ба «Масалаҳои этикаи рўзноманигорӣ» баргузор мегардад.

Александр Амзин — медиамашваратчӣ ва медиамураббии русиягии мустақил, устоди факултаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ), муаллифи китоби дарсии «Новостная интернет-журналистика», ҳаммуаллифи маҷмўаи «Чӣ тавр медиаҳои нав  рўзноманигориро тағйир доданд», ровии лоиҳаи интернетии «Медиа ва рўзноманигорӣ» (themedia.center) мебошад. Ў аз соли 2005-ум то 2011-ум муҳаррир ва  сармуҳаррири Lenta.ru, дар соли 2013-ум меъмори иттилоотии  азнаватаҷдидкунандаи Lenta.ru. Айни замон Александр Амзин директор оид ба рушди холдинги МЕД-МЕДИА мебошад.

Мавзўъҳои вебинар:

— Моҳияти асосии этикаи рўзноманигорӣ;

— Алоқаи принтсипҳои этикӣ бо маълумоти рўзноманигорӣ;

— Этика дар рўзноманигории иттилоотӣ;

— Этика ва тарҷеҳи сиёсӣ;

— Меъёрҳои этикии мусоҳиба. Ҳамоҳанггардонии маводҳо.

— Этика ва махфият  аз Кейс Халк Хоган.

— Масъулиятнокӣ дар назди хонанда. Хавасмандии тиҷоратии рўзноманигор. Этика ва тарғиби муқаррарӣ.

Барои дар вебинари ройгон иштирок кардан аз рўйи истинод (ссылка) аз қайд гузаред.

Диққат! Барои иштироки муваффақиятнок дар вебинар бароятон зарур аст:

Тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ва Opera-ро насб кунед.

Дар браузер бояд тафсири охирини  Adobe Flash Player бошад. Дар Google Chrome — Flash Player дар намуди беовоз роҳандозӣ шудааст.

Санҷида бинед, ки суръатнокии пайваскунии интернети Шумо чӣ хел аст. Суръатнокии минималии пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Ин суръатнокии интернети барои кори бемалол тавсияшаванда аз 2Mb сар мешавад.

Агар ба интернет тариқи шабакаи иттиҳодиявӣ ворид мешуда бошед, дар ин ҳол Шумо бояд ба маъмури ситемавиатон муроҷиат намоед, то ки ў бароятон порти 1935, 80, 443-ро боз намояд.

Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ворид мешуда бошед, пас тавсия медиҳем, ки аз браузери Google Chrome ё Puffin Browse бароед.

Вебинари  «Масалаҳои этикаи рўзноманигорӣ» аз ҷониби намояндагони Internews Network, дар  доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Ин лоиҳа дар натиҷаи кўмаки халқи Амрико, тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID), имконпазир гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ