Дар Internews натиҷаҳои озмун барои иштирок дар лоиҳаи «Newsroom 2.0» — 2016-2017 гузаронида шуд. Рўйхати иштирокчиёни лоиҳа дар мавсими нав:
Тоҷикистон:
- ТВ «Регар» (Тоҷикистон, Турсунзода)
- СТ «Мавҷи Озод» (Тоҷикистон, Восеъ)
Қазоқистон:
- Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Оркен Media» (Қазоқистон, Балхаш)
- Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Лада ТВ Пресс» (рўзномаи «ЛадаТВ Плюс») (Қазоқистон, Актау)
Қирғизистон:
- Ширкати телевизион ва радиои «Ош Пирим» (Қирғизистон, Ўш)
- Оҷонсии иттилоотии «24.kg» (Қирғизистон, Бишкек)
Лоиҳа ёрии омўзишӣ, технологӣ ва ташкилиро барои офаридани идораҳои конвергентӣ дар ВАО-и ҳамкор пешбинӣ мекунад. Лоиҳа ҳамчунин ба рушди устувории ВАО, баланд бардоштани бизнес-иқтидорҳо ва зиёд кардани воридшавӣ ба сарчашмаҳо, ҷалби фаъоли аудитория ба истеҳсол ва муҳоқимаи иттилоот равона карда шудааст.
Лоиҳа дар чаҳорчўбаи барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ – «Лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) амалӣ карда мешавад.