ДомойХудомӯз"Ба одамони доно саволҳои нооқӣлона додан": чӣ гуна бо рақамҳо, олимон ва...

«Ба одамони доно саволҳои нооқӣлона додан»: чӣ гуна бо рақамҳо, олимон ва иттилооти илмӣ дар бораи COVID-19 кор бояд кард

«Мутахассисон гуфтанд, ки дар вақти пандемия барои тоза кардани шушҳо аз кадом маҳсулот истифода бурдан мумкин аст», — намуна аз хатоҳоест, ки расонаҳо  содир мекунанд. Мо ба навиштан дар бораи илм одат накардаем, аз ин рӯ баъзан  дар ҷараёни иттилооти илмӣ  худро гум мекунем. Ҷойи тааҷҷуб нест, зеро дар ҳақиқат ҳоло маълумоти илмӣ зиёд аст ва дар он  ба осонӣ метавон раҳгум зад.

Нина Курята — муҳаррир, рӯзноманигор, микробиолог, муаллифи курси донишгоҳии «Журналистикаи илмӣ», Александр Коляндр— собиқ рӯзноманигори шӯъбаҳои тиҷоратии Би-Би-Си ва Wall Street Journal, ҳоло таҳлилгари бонкӣ ва Артём Лисс— мушовир нашриявӣ ва менеҷери барномаҳои Internews, дар бораи чӣ тавр дуруст кор кардан бо рақамҳо, олимон ва маълумоти илмӣ дар вебинар аз силсилаи «ВАО дар давраи COVID-19″ нақл карданд.

Манбаи боэътимод  кадом аст ва чӣ тавр бо он кор  бояд кард?

Барои касе пӯшида нест, ки ҳама хабарҳои илмӣ бояд дар манбаъҳои бонуфузи илмӣ нашр карда шавад. Ҳоло  дастрасӣ ба маводи таълимӣ мушкилие надорад: бисёре аз базаҳои пулакӣ  дар давраи пандемия барои  тамоми хоҳишмандон дар ҳолати дастрасӣ қарор доранд. Барои мутахассисони ВАО на танҳо пайдо кардани манбаи боэътимод, балки коркарди дурусти маълумоти бадастомада муҳим аст. Якчанд тавсияҳо барои кор бо мақолаҳо ва манбаъҳои илмӣ:

  • Агар ягон маълумоти илмиро аз манбаи барои шумо ношинос гирифтан хоҳед, бахши «Дар бораи мо» -ро бодиққат омӯзед, бинед, ки маълумот аз куҷо меояд, чӣ гуна ва аз тарафи кӣ тафтиш карда мешавад, кӣ лоиҳаро маблағгузорӣ мекунад. Ин ба шумо имкони муайян намудани онро медиҳад, ки то чӣ андоза ба манбаъ эътимод кардан мумкин аст.
  • Дар маҷаллаҳои илмӣ ҳама мақолаҳо аз тафтиш мегузаранд. Агар мавод дар манбаи илмӣ чоп шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки он ба параметрҳо мувофиқат мекунад ва онро метавон эътимоднок шумурд. Аммо, боз категорияи маводи «препринт» мавҷуд аст  ва  маънои онро дорад, ки ин мавод барои нашр омода шуда истодааст, аммо санҷиши эътимоднокиро ҳанӯз нагузаштааст.
  • Агар шумо ягон нашрияро иқтибос меоред, ҳатман ба шартҳои истифодаи иттилоот аз ин манбаъ назар кунед. Масалан, Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс барои истифодаи ҳама гуна мавод иҷозати хаттӣ талаб мекунад.
  • Ҳама маводҳои илмӣ сохтори якхела доранд: муқаддима, методология, натиҷаҳо ва хулосаҳо. Диққати махсус ба хондани методология бояд дод, зеро дар хулосаҳо сухан метавонанд дар бораи як чиз равад, аммо усулҳои таҳқиқот метавонанд чизҳои тамоман дигарро нишон диҳанд. Масалан, ВАО-и Украина маводеро дар бораи як таҳқиқот паҳн карданд, ки самаранокии як доруи маҳаллиро дар мубориза бо коронавирус тасдиқ кардааст. Агар додаҳои худи таҳқиқотро хонед, маълум мешавад, ки олимон намуди коронавируси хукҳоро таҳқиқ кардаанд. Ва дору дар ҳақиқат натиҷаҳои хуб додааст. Аммо дар бораи самаранокии доруи зидди COVID-19, ки одамонро сироят мекунад, сухан намеравад.
  • Муаллифон ва сарпарастони таҳқиқотро бодиққат тафтиш кунед. Аксар вақт метавон бо бархурди манфиатҳо вохӯрд, — ширкате, ки дору истеҳсол мекунад, таҳқиқотеро маблағгузорӣ мекунад, ки олимони ин ширкат анҷом медиҳанд. Дар мисоле, ки мо дар сархати боло гуфта гузаштем, маҳз ҳамин тавр шуда буд.
  • Ҳангоми хондани маълумот бо забони хориҷӣ, ба хусусиятҳои тарҷума диққат диҳед. Бисёре аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, ки ваксинаи зидди бемории сил аз коронавирус муҳофизат мекунад. Ҳамзамон, ба нашрияҳои  хеле бонуфуз ишора карданд. Аммо, агар ба  нахустманбаъ назар кунед , маълум мешавад, ки ин нашрияҳо танҳо дар бораи тадқиқот сухан гуфтаанд, на дар бораи самаранокии исботшуда.

Вақте  манбаи боэътимод инсон аст


Инфографикаи McKinsey , ки вирусҳоро аз рӯӣ сироятёбӣ ва фавт муқоиса мекунад. COVID-19 назар ба зуком сироятноктар аст, аммо нисбат ба бемори сурхакон камтар сироятнок буда, назар ба эбола камтар марговар аст

Иттилооти боэътимодро на танҳо тавассути матн, балки аз шахси зинда низ ба даст овардан мумкин аст. Мусоҳибаҳо бо олимон, духтурон, муҳаққиқон то ҳол дар ВАО маводҳои актуалӣ ва хонданӣ боқӣ мемонанд. Кор бо одамони дорои касбҳои илмӣ инчунин эҳтиёти махсуси рӯзноманигорро талаб мекунад:

  • Муайян кунед, ки ба шумо кӣ маълумоти санҷида ва боэътимод дода метавонад. Эҳтимол, ин мутахассисоне хоҳанд буд, ки мустақиман ба омӯзиши вирусҳо алоқаманданд. Вирусолог, эпидемиолог, таҳқиқотчӣ метавонанд бисёр чизҳои муфидро гӯяд, аммо духтури ортопед эҳтимолан дар масъалаҳои COVID-19 камтар салоҳиятдор аст.
  • Барои сӯҳбат омодагии ҷиддӣ гиред. Тадқиқотҳоро дар мавзӯе, ки сӯҳбат мекунед, омӯзед. Бубинед, ки мусоҳиб ба нашрияҳои дигар чи гуфтааст. Он гоҳ шумо метавонед бо як коршинос дар бораи кораш ба таври касбӣ сӯҳбат кунед ва шумо ба хонандагон чизҳои мегӯед, ки дигарон нагуфтанд.
  • Фавт, фавт аз беморӣ ва афсурдашавӣ. Чунин ба назар мерасад, ки ин калимаҳо дар бораи як чиз — дар бораи марг мебошанд, аммо дар асл онҳо андозаҳои гуногунанд, ки ба таври гуногун ҳисоб карда мешаванд. Агар олим бо забони илмӣ сухан мегӯяд, аз аниқ кардан ва додани саволҳои нооқилона натарсед. Шумо маҷбур нестад, ки ин мавзӯъҳоро тавре бидонед,ки онҳо(олимон) медонад. Илова бар ин, хонандаи шумо, низ маҷбур нест, ки онҳоро бидонад. Аммо вазифаи шумо — ба хонанда расонадани мавзӯи мураккаб ба забони содда мебошад.
  • Рақамҳоро дар контекст гузоред. Онҳоро бо ҳам муқоиса кунед, қиматҳои нисбӣ диҳед. Ҳама вирусҳо мутатсия мешаванд ва ба дигарон мегузаранд. COVID-19 назар ба зуком сироятноктар аст, аммо нисбат ба бемории сурхакон камтар сироятнок ва назар ба эбола камтар марговар аст. Хусусиятҳои сифатӣ ва миқдорӣ бояд дар контекст бошанд. Коршиносон метавонанд ин контекстро ба шумо нақл кунанд.

Имрӯз аз коронавирус N одамон фавтиданд. Акнун чӣ бояд кард?

Инфографикаи Financial Times

Аксар вақт, вазоратҳо ва кумитаҳои кишварҳои гуногун маълумотро маҳз дар чунин формат пешкаш мекунанд: дар фалон рӯз N нафар сироят шуданд, X – саломат шуданд, Y — фавтиданд. Ин маълумот ба мо чӣ медиҳад? Мо бояд дар рақамҳо хондани мазмун ва тафсир карданро омӯзем. Дар ин бобат чӣ кор кардан мумкин аст? Якчанд намунаҳои кор бо рақамҳоро мегӯем:

  • The Financial Times рақамҳои маҳаллиро бо рақамҳои ҷаҳонӣ муқоиса мекунад. Ҳамин тавр онҳо суръати паҳншавиро дар кишварҳои гуногун нишон медиҳанд. Нуқтаи оғоз — рӯзест, ки 200 ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳамон ҷадвал фаҳмидан мумкин аст, ки дар Бритониё нисбат ба Олмон пештар қарантин ҷорӣ карда шуда будааст. Мувофиқи тақвим дертар, аммо аз рӯи вазъияти эпидемиологӣ пештар. Ин як роҳи гуфтугӯ дар бораи рақамҳо ва додаҳо мебошад.
  • Рақамҳо метавонанд бисёр қиссаҳоро нақл кунанд ва ҳамзамон фиреб диҳанд. Агар ҷадвали паҳншавии фавтро аз рӯи гурӯҳҳои синнусолӣ ба назар гирем, хулоса баровардан мумкин аст, ки фавт дар байни пиронсолон нисбат ба ҷавонон даҳҳо маротиба зиёдтар аст. Дар асл, ин рақамҳо эҳтимолияти онро нишон медиҳанд, ки шахси марбут ба гурӯҳи муайяни синнусолӣ бо натиҷаи мусбати COVID-19 мефавтад,. Он чизе, ки шумо дар сарлавҳаи мавод мегузоред, бояд вазъро дуруст инъикос кунад.
  • Фаҳмед, ки ин ё он рақами мушаххас дар бораи чӣ гуфта истодааст. Аксар вақт тарзе, ки шумо маълумотро қабул мекунед,  чизеро инъикос намекунад, ки дар ҳақиқат ҳаст . Агар шумо дар бораи фавт сухан гӯед, бифаҳмед, ки он дар кишваре, ки шумо дар бораи он гап мезанед, чӣ гуна ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар баъзе кишварҳо, ба ҳолатҳои фавт аз коронавирус ҳамаи фавтидаҳоро бо ҳолати мусбати COVID-19  дохил мекунанд. Агар ба сари чунин бемор ба ногоҳ қандили хонааш афтад ҳам, дар ҳар сурат ӯ  дар омори фавт нишон дода мешавад.
  • Бифаҳмед, ки зери мафҳуми «миёна» чӣ чиз дар назар аст. Миёнаи арифметикӣ ё медиана? Агар миллиардере ба кӯчае маскун шавад, ​​ки музди миёнаи моҳонаи сокинонаш 100 рубл бошанд, музди миёнаи арифметикӣ ба таври назаррас меафзояд. Аммо, он дар бораи сатҳи воқеии зиндагӣ ё даромади сокинон чизе гуфта наметавонад.
  • Ҳангоми дар бораи рақамҳо сухан рондан, бигӯед, ки: он бисёр аст ё кам? Бо ченаки қобили дарк қиёс кунед. Барои мо тасаввур кардани 500 нафар ё як триллион пул душвор аст. Аммо ҳама чизро чен кардан мумкин аст – агар бигӯем, ки: ин қадар одамон дар бинои панҷқабатаи хрушовка зиндагӣ мекунанд, ё як триллион барои пардохти маоши ҳамаи дӯзандагони кишвар кофӣ аст.

Қоидаи чор параграфи Bloomberg

Як роҳ барои сохтани маводи хуб, ин истифодаи қоидаи чор параграф аст:

  1. Чӣ ҳодиса ва чаро рух додааст? Параграфи аввал бояд бе рақамҳо бошад.
  2. Ҷузъиётҳои асосӣ кадомҳоянд? Дар инҷо, аллакай маълумотҳои оморӣ пайдо мешаванд.
  3. Кӣ гуфт ва чӣ гуфт? Шарҳ додан муҳим аст, ки чаро ин боэътимод аст.
  4. Чаро ин барои мо муҳим аст ва бароямон чӣ пайомад дорад? Ин ҷо мо дар бораи контекст сӯҳбат мекунем, то хонанда тавонад хулоса барорад.

Ташиклкунандагони як қатор вебинарҳо оид ба кори ВАО дар давраи COVID-19 имкони баргузор кардани маҷлисҳои муштараки онлайниро дар як ҳафта якбор фикр  мекунанд. Метавон бо ҳамкорон аз дигар кишварҳо дар тамос шуда, ғояҳоро баррасӣ  ва табодули таҷриба кард. Агар таваҷҷӯҳи шумори ин идея ҷалб кард ва мехоҳед, ки чунин онлайн  маҷлисҳо воқеан пайдо шаванд, лутфан, ғояҳои худ ва чаро ин барои шумо муфид хоҳад будро бо суроғаи: aliss@internews.org бинависед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ