ДомойMedia and Social Innovation LabТехнологияҳои нав ба сифати абзори ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ

Технологияҳои нав ба сифати абзори ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ

Лоиҳаҳои ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ нигаронидашуда,  ба воситаи технологияҳои нав,  дар кишварҳои гуногун рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Онҳо аз тарафи ҷомеаҳои касбӣ,  IT-мутахассисон амалӣ шуда, хизматрасонии картографӣ, барномаҳо, лонгрид (хониши дарозмуддат)  ва ғайраро мемонад.

Чӣ тавр бояд фазои атрофро барои ашхосе, ки аробачаҳои маъюбӣ истифода мебаранд ё  ба модарони аробачадор (аробача бо кӯдак) дастрастар сохт? Дар сомонаи  barierov.net шумо метавонед, дар бораи ҷойҳое, ки дар шаҳр бо пандусҳо ва бардоракҳои махсус муҷаҳҳаз ёфтааст, маълумот пайдо кунед. Хадамоти оддӣ ва хеле фоиданок!

Оё метавон ба касоне, ки  масофаро бад мебинанд, яъне қувваи биноишашон  заиф аст, кӯмак расонид? Бале,  метавонем! Бо кӯмаки барномаи:  «Будь моими глазами» ( чашмони ман бишав). Он – муколама (чат) аст, ки дар он ихтиёриён ба саволҳои одамони биноиши суст дошта, дар ҳолатҳои гуногун посух медиҳанд.

Чӣ тавр бояд шаҳрро беҳтар намуд? Дар Костанай, нашрияи «Наша газета»  барномаи мобилии kostanay.ng.kz баровардааст, ки дар он метавон  роҳҳои  «проблеманок» -ро қайд намуд ва дар бораи ҷойҳои тамошобоби шаҳр сӯҳбат кард.

Чунин намунаҳо бисёр мебошанд. Чӣ тавр  бо кӯмаки технологияҳои нав мушкилоти мушаххаси иҷтимоиро ҳал намуд, мумкин аст, ки Шумо вобаста ба ин мавзӯъ андешаҳои худро доред.

Пас,  аризаи худро барои иштирок кардан дар «Озмоишгоҳи ВАО ва инноватсияҳои иҷтимоӣ» ирсол кунед!

Media and Social Innovation Lab – ин лоиҳаи иҷтимоиест, ки ҳадафи он муттаҳид намудани мардуми ихтисоси гуногун (мутахассисони ВАО, IT-мутахассисон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ) ба кори якҷоя оид ба ҳалли онлайн масъалаҳои иҷтимоӣ, воқеӣ ва эҳтиёҷоти Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошад.

Аз дархостҳои фиристодашуда ҳайати доварон 9 лоиҳаҳое, ки бо он иштирокчиён дар озмоишгоҳ кор хоҳанд кард, интихоб мекунанд. Он метавонад барномаҳои мобилӣ, веб-сомонаҳо, лонгрид, харитаҳои интерактивӣ, лоиҳаҳои махсус ва ғайра бошад. Лоиҳаҳои омодашуда, ба 9 медианашрияҳо дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, барои рушди минбаъда ва пешбурд дода мешавад.

Мо намояндагони ВАО, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, IT-мутахассисони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистонро барои иштирок дар лоиҳаи  «Озмоишгоҳ ва навовариҳои иҷтимоӣ» даъват мекунем.

Чорабинӣ  санаҳои 25-26 июни соли  2015 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон гузаронида мешавад. Ҳамаи тафсилотҳо тариқи истинод.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ