ДомойMedia and Social Innovation LabИфтитоҳи Озмоишгоҳи медиа ва навовариҳои иҷтимоӣ

Ифтитоҳи Озмоишгоҳи медиа ва навовариҳои иҷтимоӣ

Муаллифи мавод: Aйзатбек Бешов. Аз санаи 25 июни соли 2015 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, расман Озмоишгоҳи медиа ва навовариҳои иҷтимоӣ оғоз ёфт.

partners

Чорабинии мазкур воситаест,  барои ҳавасмандгардонии иштироки фаъоли ҷавонон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, IT-ҷомеа дар татбиқи ташаббусҳои ВАО, ки аҳамияти иҷтимоӣ доранд.

Дар Озмоишгоҳ даҳ даста аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, васоити ахбори омма, IT-таҳиягарон ва тарроҳон иштирок мекунанд.

Онҳо якҷоя хадамоти интернетӣ ва воситаҳоеро, ки  барои ҳалли мушкилоти мушаххаси иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногун кӯмак мерасонанд, коркард менамоянд. Дар байни лоиҳаҳо — ташкили харитаҳои интерактивӣ, барномаҳои мобилӣ, замимаҳо ба сомонаҳо, матни дароз (лонгриды) мавҷуданд. Муфассалтар  дар бораи лоиҳа, метавон дар инҷо маълумот пайдо кард.

laboratoriesssss

Нурлан Toкбаев, намояндаи  ташаббусҳои Фонди ҷамъиятии «Оғохон» аз шаҳри Норини Қирғизистон, ғояи дастаи худро ба таври мухтасар баён намуд:

«Лоиҳаи мо — як сомонаест,  ки тавассути он Шумо метавонед ба зиндагии сокинон кӯмак расонида, дастрасии эшонро ба хизматрасонии ҷамъиятӣ осон кунед. Шумо инчунин метавонед арзу шикоятро ба хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ирсол намоед, масалан, ҳангоми сари вақт набардоштани партов  ё сӯрохӣ пайдо кардани қубурҳои обу ташноб. Ин як навъи «алоқаи фаврӣ ва бозгаштона» байни мақомоти шаҳр ва сокинон мебошад.

«Дар давоми Озмоишгоҳ мо мехоҳем, ки усулҳои самаранокгардонии ғояҳоямонро омӯзем. То ки он виртуалӣ боқӣ намонад, балки ба таври воқеӣ ба мардум манфиат орад ».

Малика Очилова, корманди созмони ғайридавлатӣ аз шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон:

«Мо аз болои як қатор лоиҳаҳои ҷавонон корбарӣ менамоем, аммо лоиҳаи аз ҳама муҳимтарин, ин кор бо кӯдакони маъюб мебошад. Ғояи мо — ташкили як сомона барои чунин кўдаконе мебошад, ки ба онҳо додани имконияти таҳсилоти фосилавӣ аст, то ки онҳо  бо якдигар муошират кунанд. Онҳо бояд донанд, ки  танҳо нестанд ва дар ҷаҳони пўшида зиндагӣ намекунанд.

Афсӯс,  дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар кӯдакони маъюб берун аз мактаб мемонанд, омӯзгорон ба хонаи онҳо ҳамагӣ дар як ҳафта ду маротиба мераванду халос. Мо мехоҳем, ки онҳо имконияти омӯхтану инкишоф ёфтанро мустақилона ва ба воситаи муошират бо якдигар пайдо кунанд. »

«Мо бисёр мехоҳем, ки ин лоиҳаи муҳим амалӣ гардад,» – иброз намуд Малика — «Мо мехоҳем, ғояи худро ба таври мушаххас мукаммал намуда, минбаъд онро дар амал татбиқ намоем. Имони комил дорем, ки ба ин васила, барои осон намудани зиндагии ҳазорҳо кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон мусоидат менамоем.

Боз як иштирокчии чорабинӣ аз Қазоқистон – Нургелди Дюсенов, веб-муҳаррири ҳафтаномаи » Наша Газета» аз Костанай, пешниҳоди худро баён намуд.

«Ман умедворам, ки ин ҷо дониш ва малакаи амалии муфидро ба даст меорам. Зеро, дар назар аст, ки иштирокчиён барномаҳои мобилӣ  ё ҳар гуна веб-лоиҳаҳоро таҳия намоянд. Бисёр мехостам, ки шоҳид ва иштирокчии бевоситаи он бошам.

Дар Костанай мо аллакай барномаҳои мобилии «Улучши свой город» (Шаҳри худро беҳтар намо) дорем, ки дар он шаҳрвандон имконияти ҷой намудани хабарро оиди мушкилоти худ доранд. Мо ин маълумотро ҷамъ меорем ва кӯшиш мекунем, ки ба мақомоти коммуналӣ расонем. Шунидам, ки чунин лоиҳаҳо дар ин ҷо низ хоҳанд буд. Ман умедворам, ки дониши худро ба ҳамкорон расонида, ба маконам бо фикрҳои бисёр ҷолиб бармегардам».

Нургелди мегӯяд: «Алъон, як мушоҳидаи ҳаётие дорам: вақте ки мақомоти шаҳр дар сомона, интернет оиди мушкилоти мардум огоҳӣ пайдо мекунанд, ба он хунукназарона муносибат мекунанд. Аммо, агар чунин маълумот дар рӯзномаи чопӣ нашр гардад, фавран аз паи ислоҳи он масъала мешаванд».

laboratoties---

Имрӯз, барои иштирокчиёни Озмоишгоҳ ду мураббии варзида-коршиносони сатҳи байналмилалӣ дарс мегӯянд. Иван Печишев, дотсенти кафедраи журналистикаи ПГНУ (Перм), ҳамоҳангсози «Теплицы социальных технологий» (Гармхонаи технологияҳои иҷтимоӣ), дар бораи брендинги лоиҳаҳои иҷтимоӣ маълумот медиҳад.

Оид ба усули муносиби онлайн-тарҳрезӣ Гулим Амирхонова, магистранти факултаи алоқа, медиа ва тарҳрезии НИУ «Мактаби Олии Иқтисод»; коршинос дар соҳаи ВАО-и нав, журналистикаи мултимедиавӣ, офарандаи bestapp.menu маълумот дод.

Дар давоми ду рӯз, 25-26 июни соли ҷорӣ, дастаҳо аз болои лоиҳаҳо корбарӣ хоҳанд кард. Санаи 26 июн муаррифии барномаҳои коркардшуда ва абзорҳо доир гардида, ба ғолибон ҷоизаҳо супорида мешаванд.

Рафти чорабиниро метавонед, дар реҷаи вақти воқеӣ, дар хештег # inlab2015 мушоҳида кунед.

Ташкилкунандагони чорабинӣ –намояндагии Интернюс Нетуорк дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Фонди «Kloop медиа» маҳсуб меёбанд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ