ДомойМедиалентаДувоздаҳ маслиҳат ба рӯзноманигори ҷавон оид ба маълумотҳо

Дувоздаҳ маслиҳат ба рӯзноманигори ҷавон оид ба маълумотҳо

Ин ҷо маводеро пешкаш менамоем , ки дар сомонаи  Global Investigative Journalism Network – сомонаи глобалии тадқиқоти журналистӣ мунташир гаштааст.

Муаллифонаш: Нилс Мулвад ва Хелена Бенгтстон

Эзоҳи ҳайати таҳририя: Нилс Мулвад, асосгузор ва аъзои иттиҳодияи сомонаи глобалии тадқиқоти журналистии GIJN ва Хелена Бенгстон муҳаррири даста оид ба лоиҳаи маълумотҳо дар  The Guardian, ба шумо дар бораи 12 маслиҳате,ки ҳангоми эҷоди воқеа кӯмак мекунад, нақл мекунанд. Тавсияҳо дар конфронсе,ки аз ҷониби Netzwerk Recherche, Ассотсатсияи олмонии тадқиқоти журналистӣ дар Гамбург соли 2015 баргузор гашта буд, дода шудааст.

  1. Аз лоиҳаҳои хурд ва Excel оғоз намоед

Хавфи пайдо шудани хатоҳо дар сана – рӯзноманигорӣ (дата – журналистика) хеле зиёд аст. Аз маълумотҳо ва воситаҳое, ки аз он шумо истифода бурда метавонед, сар кунед. 90 % ҳамаи корҳо дар сана – рӯзноманигорӣ (дата – журналистика) бо Excel карда мешавад. Ин барнома барои амалиётҳои асосӣ оид ба воридот ва содироти маълумотҳо, тамиз кардани онҳо, ба навъҳо ҷудо кардан ва таркиббандии онҳо ҷавобгар аст. Ин воситаи асосист пеши воридоти маълумотҳо ба дигар воситаҳо.

  1. Воситаҳои рӯзноманигориро биомӯзед

Барои он ки мухбир принсипҳои асосии воситаҳоро барои ҳисобкунӣ фаҳмад, одатан дигар рӯзноманигор – муаллим лозим аст. Аксар вақт лозим мешавад, ки ким-кадом вазифаи мушаххасро бо масъалаи рӯзноманигорӣ мувофиқ гардонем.

  1. Тафтиш кунед, тафтиш кунед ва тафтиш кунед барои дарёфти хатоҳо

Аксаран дар маълумотҳо хатоҳо ҳастанд. Ҳатто вақте ки шумо онро аз сарчашмаҳои эътимоднок гирифта бошед. Шумо барои он масъулед, ки маълумотҳо ба шунаванда ва ё тамошобин бе роҳ ёфтани хатоҳо пешниҳод гарданд. Ҳосили ҷамъи ниҳоиро ҳисоб кунед, санҷед ки ҳамааш мувофиқ аст, ягон чиро фаромӯш накарда бошед.

  1. Кори худро бо маълумотҳо, ошкоро ҳуҷҷатсозӣ намоед

Чӣ корҳое ки кардед, қадам ба қадам тавсиф намоед, то дигарон ҳам санҷида ва ҳамин чизро иҷро карда тавонанд. Одатан фикри хуб – пеш аз нашр кори худро оид ба маълумотҳо ба сарчашмаҳо шинос намоед. Ин барои эмин мондан аз хатоҳо ва мутобиқати усулҳо лозим аст ва ҳамчунин шумо метавонед аз танқиди усулҳо раҳоӣ ёбед, ба ҷои он ки мӯҳтавои кори шумо баррасӣ шавад.

  1. Хатоҳоро бахри хуб шудани муносибатҳо ба сарчашмаҳо истифода кунед

Вақте ки шумо дар маълумотҳои худ хатоиҳо меёбед, онҳоро чун роҳи хубнамоии муносибат бо одамоне, ки барои додани маълумотҳо дар идораи ҳукумат ва ё ташкилотҳо масъуланд, истифода баред.

  1. Маълумотҳоро дастрас намоед

Барои маълумотҳоро гирифтан шумо метавонед танҳо онро бипурсед ва ба шумо онро тариқи почтаи электронӣ равона мекунанд. Ва ё шумо бояд онро аз сомонаи онҳо аз байни маводҳои дигар ҷудо карда бигиред.

  1. Маълумотҳоро таҳлил намоед ва кӯшиш кунед, ки вокеае офаред

Аксар журналистикаи маълумотҳо – ин маълумотҳои хеле зиёд ва теъдоди ками журналистика аст. Агар ба офариниши воқеа муваффақ нагаштед, маводро нашр накунед. Воқеаҳоро ёбед ва онҳоро яке паси дигар нақл намоед. Дар корбурди графикаи интерактивӣ айнан ҳамин қоида аст. Ҳамаи маводро ба ҳиссаҳо — яктогӣ воқеаи аниқ барои ҳар як графика ва ё харита ҷудо намоед. Ва онро чунон нақл кунед, ки ба ҳама фаҳмо бошад. Ҳамаро дар лонгрид, ҷое ки он ҷо нуқтаи назари хеле зиёд вуҷуд дорад, омехта накунед.

  1. Воқеа чист – маълумотҳои фаври (экстримҳо) — ро корбурд намоед

Боз ва боз аз нав фикр карда бароед, ки чӣ тавр аз маълумотҳо воқеае сохт ва баъдан санҷишро барои воқеият гузаронед. Усули беҳтарини навиштани воқеа  маълумотҳои фавриро тавсиф кардан аст. Системаи ҷобаҷогузорӣ (ранжирование) яке аз воситаи беҳтарин барои дарёфти хатоҳо ва ҳақиқатро маънидод кардан аст. Ва ин аст журналистика.

  1. Журналистикаи маълумотҳо баъзан аз рӯйдод ва баъзан аз маълумотҳо оғоз меёбад

Аксари рӯзноманигорон фикр мекунанд, ки ҳамеша аз воқеа бояд сар кард, сипас дар атрофи он маълумотҳоро гирд овард. Аммо ягон сабаб нест, ки бо журналистикаи маълумотҳо аз рӯи як қоида машғул шавем. Баъзан дар шумо маҷмӯи хуби маълумотҳо пайдо мешавад ва эҷоди воқеа имконпазир мегардад. Дар дигар ҳолат бошад, бояд чуқуртар ба маълумотҳо фурӯ рафт, то ин ки воқеаҳои имконпазирро бидид ва дуруст будани онро санҷид.

  1. Бо тамизи маълумотҳо мустақилона машғул шавед

Вақте ки маълумот нест, сохторбандии маҷмӯи маълумотҳои худии шумо, метавонад воқеаи  аз ҳад зиёд фавқулоддаро бисозад. Тафсири маълумот ҳам барои дарки маълумот, воқеа  ва хатоҳо ёрӣ медиҳад. Ҳиссаи мушкилро барои муҳаққиқон нагузоред. Маълумотҳоро дӯст доред.

  1. Аз рақамҳо даст кашед

Журналистикаи маълумотҳо бештар дар бораи одамон нақл мекунад. Аз рақамҳо даст кашед ва одамонеро дарёбед, ки зиёдтар аз ҳама маълумотҳои шуморо дарҷ менамоянд. Дар асл баъзан набудани рақамҳо – усули хубест дар сохтани воқеаи шумо дар журналистикаи маълумотҳост. Сипас метавонед танҳо маълумотҳоро вориди графика намоед. Ва ё онҳоро барои оянда бимонед. Агар шумо ба дарёфти инсонҳое, ки хулосаҳои шуморо  фаҳмонида наметавонанд, муваффақ намегардед, пас онҳо метавонанд нодуруст бошанд.

  1. Дар якҷоягӣ амал намоед ва бо ҳам бинед

Инсонҳое, ки бо воқеанигории маълумотҳо сару кор доранд, чун анъана маводҳоро бо ҳам мебинанд. Ин ягона усулест  ҳамқадами рушди воситаҳо ва усулҳо. Ин мубодила маҳз дар ин соҳаи журналистика бештар паҳн гардидааст, нисбат ба дигар соҳаҳо.

Акси пешомад аз: flickr.com

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ