Лоиҳа дар чаҳорчӯбаи барномаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ – «Лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) татбиқ меёбад.
Лоиҳа ёрии таълимӣ, технологӣ ва ташкилиро барои ВАО-и мавҷуда, таҳия намудани нашрияҳои конвергентиро пешбинӣ менамояд. Он ба рушди устувори ахбори омма, баланд бардоштани иқтидори соҳибкорӣ ва зиёд намудани захираҳои давомот ва ба ҷалби фаъолонаи шунавандагон ба истеҳсолот ва муҳокимаи иттилоот нигаронида шудааст.
Ҳадафҳои лоиҳа:
- Баланд бардоштани сифат ва дастрасии иттилоот тавассути истифодаи медиа воситаҳо ва усулҳои интернет – хабарнигории нав.
- Таҳкими равобит миёни воситаҳои ахбори умум ва аҳолӣ, ки ба воситаи рушди интерактивии ба иттиҳодияи журналистика нигаронида шуда, хизмат менамояд.
- Мусоидат дар ташкили нашрияҳои конвергентӣ ва ВАО-и мултимедиявӣ.
- Устуворгардонии иқтидори тиҷоратии ВАО, зиёд кардани давомоти интернет – захираҳо.
Дар лоиҳа метавонанд ВАО аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки:
- Қайди расмӣ доранд;
- Фаъолона тарафдориашонро ба принсипҳои этика ва масъулият дар журналистика нишон медиҳанд;
- Аз нуқтаи назари молиявӣ ва идоракунӣ ояндадор, рақобатпазир ва устуворанд.
- Дар ташкили нашрияҳои конвергентӣ ва Интернет – захираҳои муқтадир нияти маблағгузорӣ доранд;
- Барои омӯзиш омода ва тайёр ҳастанд
— иштирок намоянд.
Кор бо иштирокчиёни лоиҳа дар самтҳои зерин амалӣ мегардад:
- Қароргоҳҳо дар ВАО оид ба сохтани нашрияҳои конвергентӣ ва ҳамгироии медиаҳои нав дар кор;
- Лоиҳаҳои машваратии инфиродӣ барои иштирокчиёни барнома;
- Вебинарҳо доир ба журналистикаи мултимедиявӣ, дар кор бо медиаҳои нав, маълумот — журналистика.
Шартҳои иштирок дар озмун;
- Аризаи пешниҳодшударо пур кардан
- Ирсоли ариза ба Internews Network ба суроғаи asukhachyova@internews.org то 15 сентябри 2015.
Ҳамагӣ барои иштирок дар лоиҳа шаш ВАО, дутогӣ васоити ахбори омма аз ҳар кишвар интихоб карда мешаванд. Натиҷаҳои озмун аз ҷониби Internews Network то 25 сентябри соли 2015 ҷамъбаст карда мешаванд.
Соли 2014 – 2015 иштирокчиёни лоиҳаи Newroom2.0, шаш медиа аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон имконияти нодири гузаштан аз силсилаи тренингҳо, мастер – классҳо ва вебинарҳо таҳти роҳбарии медиа- ва бизнес – мушовирони минтақавии Интернюс пайдо карданд.
Давоми сол нашрияҳо асосҳои кор ва пешрафти медиаро дар онлайн – соҳа, васоити мултимедиявӣ ва усулҳои истифодаи он, махсусиятҳои идораи соҳибкорӣ дар соҳаи медиа – интернетро омӯхтанд. Ҳар як иштирокчӣ натиҷаҳои худро дошт – ҳамаи 6 медиа ба лоиҳа бо вазифаҳои гуногун ва маълумотҳои ибтидоӣ шомил гаштанд.
Дар давоми кори ширкати телевизион ва радиои Қизилӯрда «Корам ТВ» ду сомона ба ду забон – қазоқӣ ва русӣ бо истиноди kogamtv.kz. ба кор шурӯъ намуд. Дигар шарики лоиҳаи Newsroom2.0 аз Қазоқистон, ШТР «Alau» (вилояти Костанай) пурра сомонаро навсозӣ кард. Нашрия платформа ва тарҳи дигарро интихоб намуд.
Ҳамчунин сомонаи иштирокчӣ аз Қирғизистон, ШТР «Ынтымак» — yntymak.kg таъмиру азнавсозӣ гашт.
Кор бо шарикон то кунун идома дорад ва ҳар як иштирокчӣ метавонад ҳар лаҳза оид ба ҳамаи масоили таҳририя ба мушовирон муроҷиат намояд.
Матни аслӣ: http://newreporter.org/