ДомойMedia and Social Innovation LabДар Қазоқистон онлайн-лоиҳаи «TEENS» фаъол гардид, ки баҳри кӯмак намудан ба наврасон...

Дар Қазоқистон онлайн-лоиҳаи «TEENS» фаъол гардид, ки баҳри кӯмак намудан ба наврасон пешбинӣ шудадааст

Дар Қазоқистон лоиҳаи «TEENS» фаъол шудааст, барои ёрӣ расонидан ба  наврасон нигаронида шудааст. Дар сомонаи teenslive.kz маълумот барои наврасон ва муҳити онҳо ҷойгир карда шудааст, ки дар бораи нишонаҳои ҳолати аз чорчӯбаи муқаррарӣ баромадани наврасон маълумоти муфассал медиҳад.

Инчунин дар ин ҷо рақам ва суроғаи сомонаи равоншиносон пайдо карда аз санҷиши (таст) рӯҳӣ гузаштан мумкин аст.

Чунин лоиҳа то ҳол дар Қазоқистон мавҷуд набуд. Дар ин бора лоиҳаи мазкур мо бо ҳамоҳангсозӣ лоиҳаи  «TEENS», Светлана Богатирева ба тафсил  сӯҳбат кардем.

Светлана ғояи ин лоиҳа кай ва барои чӣ пайдо шуд?

Мо ғояи ин лоиҳаро чун ҷавоб ба дархости ҷомеъа коркард намудем. Хонандагони асосии лоиҳаи «TEENS», ки фонди мо бо он кор мекунад, ин занҳо ва модарон мебошанд. Ба баҳори 2015 ин вуруди маълумоти зиёд оид ба худкушии наврасон гардид ва ин холат волидонро ба таҳлука овард.

Вобаста ба ин проблема фазои холии ахборотӣ мавҷуд аст. Ҷустуҷӯи дархостӣ дар системаи кофтукобии интернет асосан маълумотҳои оморӣ ва ё ҳолатхои фоҷиавиро пайдо мекунад. Ягон манбаи адабиёти босифат ва нашриёте нест, ки оиди чи руй дода истодани холати рӯҳии наврасонро муфассал шарх дода тавонад ва бо ин мушкилот дар оилаи мукаррарӣ чӣ чорахо андешид.

Мо маводҳо ва маълумотхои дастарасро омӯхта, фаҳмидем, ки дар ҳақиқат проблемаи мазкур дар Қазоқистон ба мушкилотӣ ҷиддӣ табдил ёфтааст. Бо ин проблема фонди байналхалқии UNICEF дар сатҳи олӣ корбарӣ вам ада расонида истодааст.

Мувофиқи далелу маълумоти тадқиқотбурдаи онҳо, кишвари мо  оиди ба худкушӣ даст задани наврасон ҷои 3 ва дар байни духтарон ҷои 1 ишғол мекунад.

Аз ҷониби хукумат як барномаи калон оид ба тадбирҳои пешгирии бемориҳои рӯҳӣ коркард гаддидааст, ки қисмати асосии ин барнома дар вилояти Қизилордини Қазоқистон санҷида шудааст. Вале бо таҳлил намудани барнома дар якҷоягии экспертони равоншиносӣ мо ба хулосае омадем, ки як қисмати он барои кор бо волидон нокифоя тадбиқ гардонида шудааст ва онро бояд пурра гардонид. Ана хамин тавр ғояи тартиб додани лоиҳаи «TEENS» ба вучомадааст.

Он пурра дар асоси натиҷаи фаъолияти ҳамчоя бо рӯзноманигорон дар чорчӯбаи Медиа лабараторияҳо ва навовариҳои иҷтимоӣ, ки моҳи июни соли 2015 аз тарафи   Internews такиш шудааст,  таъсис дода шуд.

Барои дар амал тадбиқгардони ғояи мазкур чӣ қадар лозим шуд?

6 моҳ вақтамон ба ҷучтуҷӯи маблағузорони лоиҳа сарф шуд. Мо ба «Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии равоншиносӣ, муолиҷаи рӯҳӣ ва наркологӣ», ки он мақомоти масъул дар роҳи  тадбиқи барномаҳои давлатӣ оиди пешгирӣ намудани суйқасд ба шумор меравад, бо намояндагони  фонди UNICEF, ба Акимати шаҳри Алмато мурочиат намудем ва гуфтушунид гузаронидем. Ин сохторҳо барои дастории маълумот ба мо кӯмак расониданд.

Хамзамон мо барои иштирок дар озмун, ки аз чониби Фонди Авруосиёгии Осиёи Марказии аз тарафи USAID дастгиршаванда дархост пешниҳод намуд. Лоиҳаи мо аз ду даври озмун гузашта, маблағгузорикунандаи  худро пайдо кард ва аз  мохи январи соли  2016 мо ба тадбики лоиҳаи  «TEENS» шурӯъ намудем. Аз ин рӯ амалигардонии ғоя ҳоло идома дорад.

Ҷомеаи Осиёи Марказӣ чӣ тавр ба лоиҳа кӯмак расонида метавонад.

Дар пайдо кардани маълумот оид ба лоиҳаамон, ахбороти васеъ додан дар ин бора бо ёрии манъбаҳо ва роҳҳои гуногун хабар додан, инчунин паҳн кардани маълумоти мазкур дар байни намояндагони ВАО оиди дуруст фаҳмонида додани мавзӯъи  худкушӣ ба мо кӯмак расонанд, хело шод хохем шуд.

Муаллифони лоиҳа чӣ накшахо доранд?

Ҳоло ки манбаи онлайниамон коркард шуда, фаъол гардидаасту дорои маълумоти дақики таҳкикгардида ва  инчунин санҷиш барои оила аст ва бо ёрии он метавон Экспресс-ташхис гузаронид, акнун вазифаи мо ин ҳарчи бештар ҷалб намудани шумораи волидон барои иштирок дар лоиҳаи «TEENS» мебошад.

Дар оянда бошад, мо мехостем, ки лоиҳа ба барномаи давлатӣ ворид карда шавад, зеро ин як чизи ниҳоят мухим ва норасо  барои ин замон аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ