Редаксияҳои бисёррасонаӣ ва хабарнигорони муосир ҳатман бояд аз сомонаҳои зиёди интернетӣ ва имкониятҳо онҳо барои омода намудани маводҳои чандрасонаӣ хабардор бошанд. Аммо ба ғайр аз онҳо мавзӯи мазкур барои веб-дизайнерон ва мудирони сомонаҳои гуногун низ, ки мехоҳанд барои сомонаҳои хуб маводҳои шавқовари чандрасонаӣ омода созанд, метавонад муфид бошад. Вале дар шабакаи интернет дар кофтукови гурӯҳҳои гуногуни сомонаҳои алоҳидаи чандрасонаӣ вақт масраф намудан на барои ҳамагон қулай аст. Мо умедворем, ки ин рӯйхати зерин, ки қариб аз 70 адад барномаву сомонаҳои хизматрасони интернетӣ иборат аст, ба фоидаи кори шумо хоҳад шуд. 68 барнома ва сомонаҳои интернетии зикргардида, барои осон гардидан ба 20 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар назди номи барнома ё сомона маълумоти мухтасар оиди кори асосие, ки он иҷро мекунад, оварда шуда, бо нохун задан ба номи он шумо метавонед новобаста ба сомонаҳои расмиашон гузашта, маълумоти пурра гиред. Албатта, бо пайдо гардидан ва рушд намудани дигар сомонаву барномаҳои муфид ин рӯйхатро боз ҳам пурратар намудан мумкин аст.
Илова бар ин, дар 3 моҳи наздик нашри зиёда аз 40 адад дарсҳои омӯзишии видеоӣ доир ба бархе аз ин сомонаву барномаҳо бо забони тоҷикӣ дар назар аст. Бо нақшаи омодасозӣ ва нашри он дарсҳои омӯзишӣ шумо метавонед дар ин ҷо шинос шавед.
Ҳоли ҳозир бошад, рӯйхати дар боло зикргардидаро манзури шумоён мегардонем, хонандагони азиз.
Барномаҳо барои насби сервер
Сервери виртуалии Denwer дар компютери шумо насб мешавад. Он барои сохтани сомонаҳо дар компютератон зарур аст. Шумо метавонед сомонаи худро дар дохили компютер ба пуррагӣ омода созед ва танҳо пас аз ин онро ба хостинги худ дар шабакаи интернет гузошта, манзури хонандагон гардонед. Барои кори барнома интернет зарур нест. Айнан ҳамин вазифаро барномаи XAMPP низ иҷро мекунад. Дар баъзан маврид ин барнома назар ба аввала беҳтар буда метавонад, чунки муаллифони Denwer инак чанд вақт аст, ки ба он ягон навгонӣ ворид насохтаанд.
Сомона
Системаи идоракунии контент (Content Management System — CMS) WordPress имрӯз яке аз беҳтарин системаҳо барои сохтани сомона мебошад. Барои он миқдори хеле зиёди шаблону плагинҳои тайёр мавҷуданд, ки имкониятҳои аввалинаи онро васеъ мекунанд.
Ҷустуҷӯ
Google Search Engine – системаи хизматрасонӣ аз ширкати Google, ки имкониятҳои ҷустуҷӯии ин сомонаи машҳурро ба сомонаи шумо тақдим мекунад. Шумо метавонед ба рӯйхати ҷустуҷӯ якчанд сомонаҳоро илова намоед, то ки ҷустуҷӯ маҳз дар онҳо амалӣ гардад.
Trends – воситаи таҳлили дархостҳои ҷустуҷӯии истифодабарандагони Google, ки имкон медиҳад, то ки самтҳои гуногуни шавқҳои истифодабарандагонро ба воситаи таҳлили дархостҳои алоҳидаи онҳо муайян намоед. Масалан, шумо метавонед таҳлил намоед, ки калимаҳои “журналист” ва “онлайн” то чӣ андоза зиёд ҷустуҷӯ мешаванд. Дар шакли график шумо мебинед, ки кадом солҳо ва аз кадом минтақаҳо ин калимаҳо бисёртар ҷустуҷӯ мешаванд. Натиҷаи таҳлил дар шакли графикҳо ва диаграммаҳои интерактивӣ нишон дода мешавад, ки онҳоро ба воситаи HTML-код метавонед дар сомонаи худ ҷой диҳед.
Обуна
Яке аз роҳҳои тақсим намудани линкҳои мақолаҳои нашрнамудаатон байни хонандагон – ин ба воситаи почтаи электронӣ обуна кардани онҳо аст. Барои коркарди рӯйхати мақолаҳои нави дар расонаатон нашрнамуда, ки баъдан ба почтаҳои электронии обунашудагон фиристода мешаванд сомонаи FeedBurner метавонад хизмат расонад. Истифодаи имкониятҳои ин сомона кори серверҳои шуморо сабуктар менамояд. Шакли обунашавиро дар сомонаи худ ба воситаи HTML-код ҷойгир менамоед.
Ба ғайр аз ин шумо инчунин метавонед аз имкониятҳои мессенҷерҳои машҳури Viber ва Telegram истифода намоед. Ба ҳайси намуна метавонед ба линкҳои мазкур нохун зада, ба сомонаи Alifbo.com дар Viber (viber.com/alifbo) ва Telegram (t.me/alifbomedia) обуна шавед.
Матн
Бастаи онлайн ҳуҷҷатҳои GoogleDocs имконият медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои барномаҳои MS Word, MS Power Point и ғайраҳоро тариқи онлайн коркард намоед. Инчунин тариқи GoogleDocs шумо дорои имконияти таҳрири яквақтинаи як ҳуҷҷатҳоро аз ҷониби якчанд истифодабаранда мегардед.
Ҷадвалҳо
GoogleDocs. Spreadsheets – боз як имконият аз ширкати Google барои истифодаи якҷояи ҷадвалҳо. Аз ҷумла шумо метавонед ҷадвали омоданамудаатонро дар формати MS Excel боргирӣ намоед ва корро дар компютератон идома диҳед ё баръакс аз компютер ба GoogleDocs. Spreadsheets ҷойгир намуда, бо гурӯҳи кории худ он ҷо якҷоя онро тариқи онлайн коркард намоед.
Таҳлил
Дар ин самт якчанд сомонаҳои гуногун мавҷуданд, ки имконияти пурраи ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили додаҳоро оиди фаолияти истифодабарандагони сомонаи шуморо медиҳанд. Яке аз машҳуртарини онҳо Google Analytics мебошад, ки тамоми вазифаҳои дар боло зиркгардидаро иҷро мекунад. Захираи шабеҳ Yandex.Metrika мебошад, ки инчунин вазифаҳои ҷамъоварии омори истифодабарандагонро иҷро мекунад. Илова бар ин, захираи мазкур ҳисобкунаки махсусро низ пешкаш менамояд, то ки дар сомонаатон ҷойгир намоед. Ин ду захираи номбаршуда ба ғайр аз вазифаҳои дар боло зикргардида боз имконияти зиёди дигарро низ пешкаш менамояд.
Захираи FlagCounter.com дар муқоиса бо GoogleAnalytics ва Yandex.Metrika имкониятҳои маҳдуд дорад, аммо афзалиятҳои худро низ дорост. Фарқи асосии ин захираи интернетӣ дар он аст, ки ҳисобкунакаш дар шакли рӯйхати парчамҳои кишварҳое мебошад, ки истифодабарандагони сомонаи шумо аз онҳо ташриф овардаанд. Шакли дигари ҳисобкунакаш аз харитаи ҷаҳон иборат аст, ки дар он мамлакатҳое қайд мешаванд, ки аз он ҷо истифодабарандагон ба сомонаи шумо тафриш овардаанд. Биёед батадриҷ ташрифоварандагони мақолаи мазкурро ҳисоб мекунем ва мебинем, ки онҳо аз кадом мамолики олам ин мақоларо хондаанд:
Яке аз захираҳои дигаре, ки банақшагирии фаъолияти сомонаро дар асоси омори истифодабарии калимаҳои гуногуни ҷустуҷӯӣ имкон медиҳад, захираҳои Wordstat ва AdWords мебошанд.
Тақвим
Calendar — онлайн тақвими интерактивӣ аз ширкати Google имкон медиҳад, ки тақвимҳои гуногуни кушодаро сохта, дар сомонаи худ баҳри ом пешкаш намоед. Барои дар сомонаи худ ҷойгир намудани тақвим, онро бояд дар худи ин захираи интернетӣ сохта, ба HTML-коди махсусро гирифта, дар саҳифаи даркорӣ ҷойгир намоед. Ҳамчун намунаи тақвими кушод, метавонед бо ҷадвали омодасозӣ ва нашри дарсҳои омӯзишӣ дар ин саҳифа шинос шавед.
Маҳзанҳои абрӣ (облачные хранилища)
Google Drive – маҳзани абрӣ аз ширкати Google, ки то 15 ГБ ҳачми озодро пас аз сабти ном шудани шумо дар системаи Gmail барои файлҳои шумо пешниҳод менамояд. Тариқи ин захира шумо метавонед ба қариб тамоми захираҳои дар боло ёдоваригаштаи ширкати Google дастрасӣ пайдо намоед. Ба ғайр аз Google Drive инчунин ширкати Yandex ба истифодабарандагони худ тариқи захираи махсуси Yandex Disk то 10 ГБ ҷойи холӣ барои нигоҳ доштани файлҳои шумо пешниҳод менамояд. Ҳар ду захираи номбаршуда барои нигоҳ доштан, фиристодан ва паҳн намудани файлҳои гуногун, хусусан калонҳаҷм хеле қулай мебошанд.
Аксҳо
Ҳангоми пеш бурдани фаъолияти сомона аксар вақт мақолаҳои худро бояд бо аксҳои гуногун пурра намоем, аммо баъзан ҳолатҳое пеш меояд, ки ҳаҷми ҷойи холӣ дар хостинг маҳдуд аст ва бояд онро сарфа намуд. Аз сабаби он, ки аксҳо назар ба матн ҳаҷми зиёдтарро ишғол мекунанд, яке аз роҳҳои сарфакорона истифода бурдани имкониятҳои сомона – ин ҷойгир намудани акс дар дигар захира буда, дар дохили мақола онро тариқи истифодаи HTML-код ҷойгир менамоед. Барои ин кор захираҳои гуногуни интернетӣмавҷуданд. Аз ҷумла, чунин як шабакаи маъруфи иҷтимоӣ Facebook имконият медиҳад, ки галереяҳои алоҳида сохта, онро дар сомонаи худ ҷой диҳед. Масалан, ин дастурамал оиди насб намудани Viber дар компютерро дар шакли галереяи алоҳида дар Facebook сохта, дар ин ҷо ҷойгир мекунем:
Барои ҷой додани аксҳои алоҳида дар ин маврид захираи махсуси Flickr метавонад мавриди истифода қарор гирад. Умуман захираи Flickr хостинги махсус барои аксҳо мебошад.
Захираи интернетии Juxtapose JS бошад имконият медиҳад, ки ба таври хеле ҷолиб ду аксро болои ҳам гузошта, истифодабаранда онҳоро муқоиса намояд. Барои ин истифодабаранда бояд ати марказии аксҳоро бояд ба воситаи тирчаи муш ба тарафи росту чап ҷунбонад. Пеш аз оғози кор шумо бояд аксҳои худро дар маҳзани DropBox ё хостинги худ ҷойгир намуда, дар ҷойҳои махсуси захираи Juxtapose JS линки мустақими онро ҷойгир намоед.
Дар захираи интернетии Thinglink.com шумо метавонед аксҳои интерактивӣ созед. Барои ин метавонед дилхоҳ аксро истифода намоед. Барои омода намудани акси интерактивӣ аксро ба захираи Thinglink.com ҷойгир намуда, дар болои он дар ҷойҳои дилхоҳ нишонаҳои махсус (маркер) мегузоред. Дар дохили ин нишонаҳо метавонед маълумоти иловагиро дар шакли аксҳо, видео ва матн ҷойгир намуда, акси интерактивии бисёррасонаии омодашударо дар сомонаи худ тариқи HTML-код гузоред.
Боз яке аз форматҳои ҷолиби акс – ин аксҳои аниматсионӣ мебошанд, ки дар формати GIF маъмуланд. Барои сохтани ин гуна формати аксҳо роликҳои видеоии хурд мувофиқ меоянд. Барои ин ба захираи Giphy.Com даромада, видеои худро ворид месозед ва ин захира аз видео акси формати GIF-ро месозад, ки ба воситаи HTML-код онро метавонед дар сомонаи худ ҷой диҳед. Ба ҳайси мисол метавонед ба ин акст аниматсионӣ нигаред http://gph.is/2rngxkN, ки дар ин захира аз ролики хурди видеоӣ омода гаштааст.
Дар баъзе ҳолатҳое, ки аксро бояд зуд таҳриру тағйир диҳед ва дар даст танҳо телефони ҳушманд (смартфон) ё планшет доред, пас метавонед аз барномаҳои махсус истифода баред. Яке аз беҳтарин барномаҳо барои таҳрири акс Snapseed (apk) мебошад, ки аз ҷониби мутахассисони ширкати овозадори Google таҳия ва омода гаштааст.
Графика
Дар шабакаи интернет захираҳои хеле зиёде мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо метавонед коллажҳои гуногун, аз ҷумла махсусан барои шабакаҳои иҷтимоӣ, инфографикаҳо ва диаграммаҳои алоҳидаи интерактивӣ ва аниматсионӣ омода созед. Дар байни ин захираҳои интернетӣ чунин сомонаҳоро метавон номбар кард, ки барои омода сохтани коллаж ва постерҳои гуногун пешбинӣ шудаанд — Cacoo.com, Canva.com, ё ин ки Crello.com. Албатта, бо ин имкониятҳои ин захираҳои интернетӣ маҳдуд намешаванд, балки ба воситаҳои онро инчунин инфографикаҳо низ сохтан мумкин аст. Аммо барои сохтани инфографика захираҳои махсус низ мавҷуданд. Масалан, дар сомонаи Easel.ly метавонед инфографикаҳоро сохта, дар формати акс ё ҳуҷҷати PDF ба компютери худ боргирӣ намоед. Дар ин ҷода захираи GDocs. Drawings низ мавриди истифода шуданаш мумкин аст.
Агар шумо хоҳиши омода намудани инфографикаҳои интерактивӣ дошта бошед, пас метавонед аз захираҳои Infogr.am, Piktochart.com, Venngage.com, Visme.co ва Creately.com истифода намоед.
Овоз (аудио)
Мақолаҳои бисёррасонаӣ баъзан метавонанд дар таркиби худ овоз (аудио) дошта бошад ва барои ҷойгир намудани он аз захираҳои интернетии SoundCloud.com, ки аудиохостинг бо имконияти ҷойгир намудани плеери овозӣ дар сомонаҳо мебошад ва захираи шабеҳ SoundCite JS метавонед истифода бурд. Ин ду захира бо ҳам алоқаманд мебошад, чунки барои истифодаи SoundCite JS бояд файли овозиро аввал дар SoundCloud.com ҷойгир намоед. Дар ҳар ду ҳолат барои ҷойгир намудани плеер бояд аз HTML-коди махсуси ин захираҳои интернетӣ истифода намоед.
Видео
Facebook Video Player | Live broadcasting
Чӣ хеле ки дар масъалаи истифодаи акс ва ҷойгир намудани он дар захираҳои беруна барои сарфа намудани ҳачми кории хостинги сомонаи худ гуфта будем, айнан дар бораи файлҳои видеоӣ, ки ҳаҷман калонанд, такрор намудан мумкин аст. Барои ин кор низ аз имкониятҳои шабакаи иҷтимоии Facebook истифода бурд – видеои худро ба шабакаи иҷтимоӣ ҷойгир намуда, ба воситаи HTML-код дар сомонаи худ ҷойгир намоед. Инчунин ин шабака имконияти пахши мустақими видеоиро фароҳам меорад, ки онро низ метавонед ба воситаи HTML-код дар сомонаи худ ҷойгир намоед.
Албатта шабакаи YouTube.com-ро, ки яке аз маъруфтан захираҳои интернетӣ барои ҷойгир намудани видео аст, бояд номбар намуд. Ин захира низ имконияти пахши мустақимро медиҳад. Ба ғайр аз ин, дар YouTube метавонед слайд-шоуҳои худро омода сохта, нашр намоед ва онро дар сомонаи худ ҷойгир намоед.
Дигар видеохостинги озод захираи Vimeo.com мебошад. Фарқ байни ин ду захира дар он аст, ки дуюмаш махсусан барои ҷойгир намудани филмҳо аз ҷониби муаллифон аст, аммо, аввалаш ин, ки ҳар як хоҳишманд метавонад видеои худро он ҷо ҷойгир намояд ва дувуммаш ин, ки барои ҷойгир намудани видео дар аккаунти ройгон лимит дар ҳаҷми 500 МБ дар як ҳафта мавҷуд аст.
Яке аз форматҳои ороиши видео дар захираи Playbuzz номи Video snaps-ро дорад. Дар ин захира шумо метавонед ба видеои худ, ки онро бояд пешакӣ дар YouTube ҷой диҳед, “хатчӯб”-ҳо (закладка, bookmark) гузоред. Бо ин роҳ метавонед ҷойҳои махсуси видеои худро қайд намоед, то ки тамошобини шумо тавонад якбора ба қисмҳои махсус ва муҳими навори шумо гузашта, тамошо кунед.
Баъзан чунин ҳолат пеш омаданаш мумкин аст, ки бояд амалҳои дар монитори компютер ё телефонатон мекардаро бояд ба навор гиред. Масалан, ин корро бояд дар вақти омода намудани дарсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи истифодаи барномаҳои гуногуни компютерӣ ва интернетӣ анҷом диҳед. Яке аз чунин барномаҳо Corel ScreenCap мебошад. Барномаи мазкур қисме аз дастаи барномаҳои Corel Video Studio буда, пулак аст.
Барномаи шабеҳи ройгон iSpring Free Cam мебошад, ки айнан вазифаҳои барномаи авваларо иҷро мекунад, яъне пас аз оғози кори худ тамоми амалҳоеро, ки дар монитори компютер иҷро мешаванд, ба навор гирифта мешаванд.
Дар он ҳолатҳое, ки бояд экрани телефонро ба навор гиред, метавонед аз барномаи AZ Screen Recorder истифода намоед. Барномаи мазкур дар муҳити системаи оператсионии Android кор мекунад.
Дар ҳолатҳое, ки видеоро бояд ба зудӣ дар смартфони худ таҳрир намуда, барои нашр омода созед, барномаи VivaVideo муфид хоҳад буд. Ин барнома ройгон аст, аммо бар ивази тахминан 3,5 доллари ИМА навъи пулакиашро метавонед харидорӣ намоед, ки ба истифодабаранда имкониятҳои иловагиро пешниҳод мекунад, аз ҷумла сохтани видео бо сифати HD.
Рӯйхатҳо
Рӯйхати интерактивӣ дар шакли слайдҳо, ки дар захираи Playbuzz омода мегардад, бо номи Countdown шинохта мешавад. Ҳар як слайд метавонад дорои тафсири хурди матнӣ бошад. Дар формати List бошад, ҳар як нуқтаи рӯйхат аз сарлавҳа, акс ва шарҳи мухтасар иборат аст. Ба ҳайси акс метавонед аксҳои аниматсионӣ (дар формати .gif) истифода намоед. Дар ҳар ду ҳолат рӯйхатҳои омодагаштаро ба воситаи HTML-код дар сомонаи худ ҷойгир намоед.
Пурсиш
Барои гузаронидани пурсишҳо дар байни хонандагони сомонаатон, метавонед аз якчанд захираҳои интернетӣ истифода намоед. Масалан, захираи Google Forms барои сохтани пурсишнома (анкета) истифода мешавад. Пурсишномаро инчунин дар шакли тест низ сохтан мумкин аст, яъне ба ҳар як савол 4 варианти ҷавобро гузошта, яке аз онҳоро ҳамчун ҷавоби дуруст қайд кардан. Ҷавобҳои пурсишҳо дар шакли ҷадвал ҷамъоварӣ мегардад ва ба шумо инчунин дар шакли диаграммаҳо нишон дода мешавад.
Захираи Playbuzz дар рӯйхати худ ду намуд пурсишномаҳоро пешниҳод намудан метавонад — Ranked List, ки ба истифодабарандагони сомона дар шакли рӯйхат нишон дода мешавад, аммо тартиби ҷойгиршавии ҳар як элементи ин рӯйхат аз овозҳои хонандагон, ки ба онҳо дода мешаванд, вобаста аст; дуюмаш Poll ном дорад, ки махсусан барои сохтани пурсишномаҳо пешбинӣ гаштааст.
Дар ҳар се ҳолат пурсишномаи тайёрро ба воситаи HTML-код дар сомонаи худ метавонед ҷойгир намоед.
Тестҳо
Яке аз форматҳои ҷолибтарини маводҳо дар сомонаҳои муосир тестҳо мебошанд. Танҳо дар захираи Playbuzz.com 4 (чор) намуди гуногуни маводҳои тестӣ сохтан мумкин аст. Ҳамаи онҳо аз ҳамдигар дар шакли берунаашон фарқ доранд. Масалан, тестҳо дар формати Gallery Quiz шакли галереяи аксҳоро дорад – миқдори аксҳо аз миқдори савол вобаста аст, чунки ҳар як акс ҷавоби яке аз саволҳо мебошад. Тест дар формати Trivia аз саволҳои гуногун иборат буда, ҳар як савол то якчанд варианти ҷавоб дошта метавонад. Ҷавобҳо метавонанд дар шакли матн ё акс бошанд.
Барои сохтани тестҳои равоншиносӣ (психологӣ) формати махсуси Personality Quiz мавҷуд аст.
Формати ниҳоии захираи Playbuzz барои сохтани тестҳо Swiper мебошад. Дар ин тест ҳар як савол метавонад то ду адад варианти ҷавоб дошта бошад – “ҳа” ё “не”, ба ҳар як савол акси худашро ворид созед. Барои ба савол ҷавоб додан, истифодабаранда бояд акси саволро бояд ба тарафи чап (агар ҷавоб “не” бошад) ё рост (“ҳа”) бо мушак кашад ё аломатҳои “лайк” ва “дислайк” нохун занад. Масалан, ин тестро гузашта, бо натиҷааш шинос шавед:
Дар захираи мустақили Qzzr.com шумо метавонед тестҳои равоншиносии гуногун омода созед. Албатта бо ин мавзӯъ имкониятҳои ин захира маҳдуд намешаванд ва метавонед тестҳоро ба дилхоҳ мавъ созед. Ба монанди қариб тамоми дигар захираҳо тести омодакардаатонро ба воситаи HTML-код дар сомонаи худ ҷойгир мекунед.
Слайдҳо
Тасаввур намоед, ки шумо презентатсияи тайёр, ки дар барномаи MS Power Point сохтагӣ ҳастед, доред ва мехоҳед онро дар сомонаи худ ҷойгир намоед. Барои ин кор метавонед аз захираи Google Slides истифода намоед. Барои ин ё презентатсияро дар худи ин захира созед, ё ин ки файли дар компютер омодашударо ба Google Drive ворид намуда, онро ба воситаи замимаи Google Slides кушоед ва бо истифода аз HTML-код онро дар сомонаи худ ҷой диҳед.
Дар захираи Playbuzz формати махсуси Flip Cards мавҷуд аст. Он дар шакли слайдҳои дутарафа сохта мешавад, яъне ба истифодабаранда слайд, ки аз акс ё матн иборат аст, нишон дода мешавад ва барои тарафи дуюмашро дидан бояд ба он нохун занад.
Харитасозӣ
Харитаҳои интерактивӣ яке аз роҳҳои қулайтарини ҷалб намудани диққати хонанда ба маълумоте мебошад, ки ба ягон нуқтаи географӣ алоқаманд аст. Масалан, ҷойгиршавии дафтарҳои кории ташкилоту муассисаҳои гуногун дар шаҳри шумо. Албатта, мешавад, ки ин маълумотро дар матн манзури хонандагон намоед, аммо вақте ӯ онро дар шакли харита мебинад, то дер вақт дар ёдаш мемонад.
Барои сохтани чунин харитаҳо захираҳои гуногуни интернетӣ мавҷуд аст. Масалан, дар захираҳои StoryMap ESRI, Google My Maps ва BatchGeo.com шумо метавонед харитаҳои тайёрро интихоб намуда, дар он нуқтаҳои зиёдро қайд намоед. Дар нуқтаи дилхоҳ метавонед маркерҳои махсус гузошта, ба ҳар як маркер аксҳо, видео ва матн илова намоед, то ки хонанда маълумоти пурраро на танҳо оиди ҷойгиршавии ин ё он муассисаву ташкилот пайдо кунад, балки инчунин дар бораи худи он ташкилотҳои донишашро пурратар гардонад. Кор ва вазифаи ин захираҳо ба ҳамдигар хеле монанданд. Ба ҳайси мисол метавонед бо ин харитае, ки дар Google My Maps сохта шудааст, шинос шавед — дар он дафтарҳои кории аксарияти бонкҳои Тоҷикистон ишора шудаанд:
Maps4news.com яке аз захираҳои монанд аст, аммо ҳангоми истифодаи ройгон якчанд маҳдудиятҳо дар боргирӣ намудани харитаҳои омодашуда дорад.
Дар баъзе ҳолатҳо чунин мешавад, ки ба шумо зарур аст масири ҳаракатро дар харита нишон диҳед. Захираи Tripline.net новобаста ҳамин корро мекунад – ба шумо кифоя аст, ки якчанд нуқтаро дар харита интихоб кунед ва ин захира худаш онҳоро бо хатҳои рост пайваст мекунад. Хонандаи сомонаи шумо метавонад ба воситаи ҳаракат аз як нуқта дар харитаи сохтаи шумо ба дигар нуқтаи он маълумот оиди ҷойгиршавӣ ва ҳаракати саёҳати шумо пайдо кунад. Аз ӯҳдаи ин кор инчунин захираи StoryMap JS низ мебарояд. Фарқият танҳо дар шакли берунаи онҳо аст – экрани ин захира аз ду қисм иборат аст. Дар қисми чап новобаста худи харитаи сохтаи шумо бо маркерҳои гузоштаатон болои ҳар як пункти географӣ асту дар қисми рост – маълумоти иловагӣ. Дар ин қисм тамоми он маълумотҳое нишон дода мешаванд, ки ба маркерҳои алоҳидаи рӯи харита пайваст шудаанд. Шумо метавонед акс, видео, матн, лентаи Facebook ё Twitter ва умуман аксари дигар маълумоте, ки тариқи HTML-код гузоштан мумкин аст, дар ин қисм гузоред.
Аксари захираҳои номбаршуда ройгон буда, харитаи тайёр ба сомонаи шумо тариқи HTML-кодҳои махсус гузошта мешаванд.
Ғайр аз ин, чунин захираҳое ҳастанд, ки тамоми модели сайёраро ба шумо нишон медиҳанд. Ду захирае, ки онро дар поён нишон медиҳем, аз ҷониби ширкати Google омода гаштаанд. Новобаста аз он, ки номҳояшон хеле монанд мебошанд, онҳоро бояд фарқ кард.
Дар бораи захираи Google Earth шумо шояд аллакай шунида бошед. Дар он шумо метавонед бо 3D-модели курраи Замин шинос шуда, ба нуқтаи дилхоҳи он сафари виртуалӣ намоед. Барои ин кифоя аст, ки ду маротиба ба он нуқта нохун занед. Яке аз роҳҳои истифода ин захира дар сохтани маводҳои чандрасонаӣ метавонад сохтани видео тариқи ба навор гирифтани экрани компютер мебошад. Дар бораи барномаҳои махсус, ки ин вазифаро иҷро мекунанд, ман дар қисмати “Видео”-и ин мақола гуфта гузаштам. Ҳамчун намуна метавонед ана ин наворро тамошо кунед, ки ба маҳз бо истифода аз захираи Google Earth ва яке аз барномаҳои зикргардида омода намудаам.
Google Earth Engine аз як ҷиҳат ба захираи қаблӣ монанд аст, чунки курраи Заминро нишон медиҳад ва метавонед тавассути он нуқтаҳои гуногуни географиро омӯзед. Аммо фарқияти ҷиддӣ низ дорад. Пеш аз ҳама, ин захираи илмӣ аст ва барои омӯзиши Замин равона гаштааст. Инчунин дар ин захира аксҳои сайёра аз соли 1984 инҷониб ҷамъоварӣ гаштаанд ва метавонед тағйирёбии ягон минтақаи муайянро дар муддати зиёда аз 30 соли охир омӯзед. Масалан, дар харитаи зерин метавонед бинед, ки масоҳати баҳри Арал аз соли 1984 инҷониб чӣ гуна тағйир ёфтааст.
Хроника
Агар ягон қиссаро дар тартиби ба вуқӯъ пайвастани он нақл кардан хоҳед ва онро аёну возеҳ маҳз аз ҳамин нуқтаи назар нишон доданӣ бошед, пас истифодаи захираҳои гуногун барои сохтани хроникаҳои интерактивӣ ва чандрасонӣ комилан бамаврид аст.
Яке аз захираҳои машҳуртарин ва комилан ройгон барои сохтани хроникаи интерактивӣ Timeline JS мебошад. Дар он метавонед дар хати вақт ҳодисаҳои гуногунро ҷойгир намуда, ба ҳар яки они акс ё видео ва тафсири матнӣ илова намоед.
Дигар захираи интернетӣ барои сохтани хроника Tiki-Toki.com ном дорад ва ба захираи қаблӣ монанд аст. Аммо бо он фарқ мекунад, ки ҳангоми истифода ройгон танҳо як адад хроника сохтан мумкин аст. Барои сохтани хроникаҳои иловагӣ бояд маблағи муайянро пардох намоед.
Захираи Time.Graphics аз барномарезони рус, ки ба қарибӣ фаъолияти худро шурӯъ кард, аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ фарқ мекунад ва худ имконияти дар хати масири вақт ҷойгир намудани диаграммаҳоро медиҳад.
Ба ҳар ҳол, умумияти ин захираҳо мисли аксари дигарашон дар он аст, ки маводи омоданамудаантонро метавонед дар сомонаи худ тариқи HTML-код ҷойгир намоед.
Ҳикоя
Инак мо расидем ба лаҳзае, ки тамоми қисмҳои алоҳидаи қиссаи нақл мекардаамон омода аст вам о бояд ҳамаи онҳоро бо ҳам пайвандем. Барои ин метавонед, албатта новобаста аз имконияти нашри мақолаҳо дар сомонаи худ истифода баред. Аммо ҳатто агар шумо сомона надошта бошед ҳам, ин сабаби даст кашидан аз эҷоди мақолаҳои бисёррасонаӣ нест.
Яке аз захираҳои маъмули дунё шабакаи иҷтимоии Facebook аст, аммо ба ғайр аз имконияти навиштани статусҳои кӯтоҳу аз ҷиҳати ороиш бо маводҳои чандрасонаӣ маҳдуд, дар ин сомона имконияти сохтани маводҳои ҷолибу зебо бо аксу наворҳои зиёд низ мавҷуд аст. Барои ин бояд тариқи линки мазкур ба формати махсуси Facebook Notes аҳамият диҳед. Камбудиаш дар он аст, ки на ҳамаи захираҳои интернетӣ аз ҷониби Facebook дастгирӣ мешаванд ва имконияти ҷойгир намудани маводҳои аксари онҳо айни ҳол ғайриимкон аст. Аммо агар маводи шумо аз матну, видеову овоз (аудио) иборат бошаду халос, пас ин формат хеле қулай аст.
Захираи интернетии Playbuzz бошад якбора ду формати гуногунро барои ороиши қиссаи шумо медиҳад. Танҳо инро ба назар гиред, ки дар он метавонед фақат маводҳои интерактивии аз қабили тесту пурсишномаҳо, видеову дигар форматҳоеро ҷойгир намоед, ки маҳз дар Playbuzz сохта шудаанд. Формати аввал Story ном дорад. Он махсусан барои омода намудани мақолаи дароз, ки дар баробари худ аз қисмҳои алоҳидаи дигар форматҳо иборат аст. Мақолаи омоданамудаатонро тариқи HTML-код метавонед дар сомонаи худ ҷойгир намоед.
Формати Big Picture низ тахминан ҳамин вазифаро иҷро мекунад, аммо якчанд фарқиятҳои ҷиддӣ дорад. Пеш аз ҳама, ба мисли Story он аз дигар форматҳо иборат набуда, мустақил аст. Дигар ин, ки он ба мисли презентатсия аз слайдҳои алоҳида иборат аст. Ҳар як слайд тамоми экрани компютерро пур мекунад ва дар он матн ё акс ҷойгир кардан мумкин аст. Ҳар як слайд инчунин имкон медиҳад, ки дар фони он акс ё ҳатто видео ҷойгир намоед. Дар худи слайд инчунин ворид намудани матн низ имкон дорад. Аммо дар умум айни ҳол ин формати нав аст ва ҳамагӣ 4 намуд слайд дорад – барои сарлавҳаи аввал, барои иқтибос, барои матн ва слайди ниҳоӣ. Назар ба дигар захираҳои махсуси нашри маводи чандрасонаӣ, барои истифодабаранда Big Picture осонтар аст, чунки зери ҳар слайд тирча барои гузариш ба слайди оянда мавҷуд аст ва ба истифодабаранда кифоя аст, ки онро пахш кунад, то ки ба қисми ояндаи мавод гузарад. Мақолаи омодашударо метавонед тариқи HTML-код ба сомонаи худ ҷойгир кунед. Танҳо инро ба назар гиред, ки ҳар як слайд тамоми экранро пур мекунад ва дигар қисмҳои дизайни сомонаи шумо зери ин мақола пинҳон меистанд.
Ниҳоятан аз захираи интернетии Tilda.cc низ бояд ёдовар шуд, ки имкониятҳои хеле васеъ барои сохтани маводи чандрасонаӣ пешкаши истифодабарандагон мекунад. Аммо ба таври ройгон танҳо яв мавод сохтан мумкин аст. Барои сохтани маводҳои иловагӣ бояд ба тарифҳои пулакии он пайваст шавед. Дар баъзе ҳолатҳо шумо метавонед мақолаҳои чандрасонаи худро дар платформаи Medium.com низ нашр намоед. Ин платформа комилан ройгон буда, дар он маводҳои дар аксари захираҳои интернетӣ омодашударо ҷой додан мумкин аст.
Омӯзишҳои видеоӣ
Дӯстони гиромӣ, дар сомонаи мазкур нашри тақрибан 40 омӯзиши видеоӣ бо забони тоҷикӣ бахшида ба аксари захираҳои интернетии дар боло зикргардида дар назар аст. Бо забони русӣ онҳо дар сомонаи ман www.alifbo.com нашр хоҳанд шуд. Барои ба таври оперативӣ хабардор шудан оиди нашри онҳо, шумо метавонед тариқи Viber и Telegram обуна шавед. Барои ин тариқи смартфони худ ба суроғаҳои зерин гузаред:
Барои обуна шудани дар Вайбер: viber.com/alifbo
Баро обуна шудани дар Телеграм: t.me/alifbomedia
Маводи мазкур инчунин бо забони русӣ низ дар ин ҷо дастрас аст.