ДомойMedia and Social Innovation LabОзмун барои иштирок дар Media and Social Innovation Lab 2016

Озмун барои иштирок дар Media and Social Innovation Lab 2016

Барои иштирок дар дуюмин озмуни Медиа лаборатория ва инноватсияҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, IT-мутахассисон аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Ин имконияти беҳтарин барои дар шакли нав ифшо намудани проблемаҳои иҷтимоӣ, ҷалб намудани таваҷҷўҳи ҷомеа барои ҳал намудани ин проблемаҳо, таъсис додани воситаҳои муосири босифат барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҷомеа мебошад.

Имсол  Медиа лабаратория ва инноватсияи иҷтимоӣ  аз 16-ум то 18-уми май дар  Алмато гузаронида мешавад.

Медиа лабаратория ва инноватсияи иҷтимоӣ ин лоиҳаест, ки дар доираи барномаи «Датгирии дастрасӣ ба ахборот»-и Internews Network бо ёрии ИМА оид ба ҳамкории байналхақӣ (USAID) дар амал тадбиқ карда мешавад. Ташкилотчиёни чорабинӣ ин намояндагии Internews Network дар Осиёи Марказӣ, идораи Internews дар Қазоқистон ва ҳамкори ташкилкунандагон КИМЭП мебошанд.

Дархосту аризаҳо ба онлайн-лоиҳахои иҷтимоӣ қабул карда мешаванд, ки дар он проблемаҳои воқеии шаҳр, минтақа, кишвари Шумо тариқи замимаҳои мобилӣ, лонгридҳо, лоиҳаҳои харитавӣ ва лоиҳахои махсуси ҷудогона ҳал карда хоҳанд шуд. 

Лоиҳаҳои аз ҷониби дастаҳо пешниҳодшаванда, ки аз намояндаи медиа, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва IT-мутахассисон иборатанд, бо афзалияти хос интихоб карда мешаванд. Инчунин дар рафти дида баромадани дархотсу пешниҳоди фиристодашуда, муҳандисони Internews ба аризадиҳандагон муттаҳид намудани лоиҳаҳои ба ҳам монандро ба як лоиҳаи комили даста пешниҳод карда метавонанд.

Барои иштирок дар дуюмин озмуни Медиа лаборатория ва инноватсияҳои иҷтимоӣ ҳамагӣ 9 ариза интихоб карда мешавад. Аз ҳар як давлати иштирокчӣ се дархост қабул карда мешавад. Дар рафти баргузории Медиа лаборатория ва инноватсияҳои иҷтимоӣ гурўҳҳо метавонанд лоиҳаи пешниҳод кардаи худро коркард намоянд, тағйир диҳанд ва ё онро бо маслиҳати мураббиёни соҳа ба лоиҳаҳои воқеан амалкунанда табдил диҳанд.

Дар охири баргузории Медиа лаборатория ва инноватсияҳои иҷтимоӣ барои онлайн-лоиҳаи беҳтарин гранти хурдҳаҷм ба маблағи 2000 доллари ИМА тақдим карда мешавад. Бар замми ин лоиҳаҳо барои минбаъд инкишофдиҳӣ, густариш ва таъмини устуворӣ коркардшуда ба медиаҳамкорон дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон супорида хоҳанд шуд. Аз се давлат ҳамагӣ 30 нафар иштирокчӣ даъват карда мешавад. Internews Network сарфу хароҷоти рафту омади тамоми иштирокчиён, хурдухўрок, парвоз тариқи ҳавопайморо ба ўхдаи худ мегирад.

Дархосту пешниҳодҳои алоҳида ва гурўҳи аз ҷониби медиа мутахассисон, намояндагони гурўхи ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, сохторҳои давлатӣ ва IT мутахассисон аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Намунаи арзивау дархостро аз ин ҷо гирифтан мумкин аст.

Дархости пурра кардаатонро бо ҳамҷоягии ҳуҷҷатҳои дигар ба суроғаи почтаи электронии oossadchuk@internews.org фиристонед. Дархосут аризаҳо то санаи  25-уми апрели соли 2016-ум қабул карда мешаванд.

Натиҷаи иштирок дар озмуни  Медиа лабаратория ва  Инноватсияи иҷтимоӣ санаи 29-уми апрели соли 2016 дар сомонаи www.newreporter.org муайян карда мешавад.

Мавод оид ба ҷараёни баргузории Лабораторияи соли 2015-умро аз ин ҷо пайдо каардан мумкин аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ